ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи қисми 4 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ «31» октябри соли 2009 № 610
тасдиқ шудааст
Тартиби
Ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот
ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст
1.Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст (минбаъд - Тартиб), қоидаҳои ҷуброни хароҷотро ба мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ҳуқуқи омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати аз тарафи онҳо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдоре, ки барои гирифтани он муроҷиат намудаанд, муайян мекунад.
2) Зери мафҳуми «пешниҳоди иттилоот ба шахсони манфиатдор» дастрасӣ ба иттилооте дар назар дошта шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ омадаанд, ғайр аз маълумоти бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи Номгӯӣ маълумоти дорои сирри давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳоро вобаста ба сирри давлатӣ танзим мекунанд, иттиллоти «Барои истифодаи хизматӣ», инчунин дигар намудҳои иттилоот, ки барои дастраси маҳдуд карда нашудаанд, аз ҷумла:
- шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки иттилооти дархостшавандаро дар бар мегиранд;
- гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор ё иқтибос аз он;
- гирифтани маълумотномаи хаттӣ, ки иттилооти дархостшавандаро дар бар мегирад;
- гирифтани нақли шифоҳии мӯҳтавои иттилооти дархостшанавада;
- гирифтани маълумот дар бораи сарчашмаи нашри иттилооти дархостшаванда дар нашрияи расмӣ;
- гирифтани манбаъҳои иттилооти электронии аз ҳуҷҷатҳои расмӣ гузаронидашуда, ки ба гурӯҳи иттилооти дастрасиашон маҳдуд дохил карда нашудаанд.
3) Тартиби иҷрои дархостро барои гирифтани иттилоот роҳбари мақомоти дахлдор муқаррар менамояд.
4) Мақомот ва ташкилотҳо иттилоотро тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони манфиатдор аз рӯи дархости шифоҳӣ (бо роҳи сӯҳбати бевосита) ё хаттии (аз ҷумла, бо истифодаи технологияҳои электронӣ онҳо ба номи роҳбари мақомот ё ташкилот пешниҳод менамоянд.
5) Иттилооти дархостшаванда аз тарафи шахси мансабдор, ки ба пешниҳод кардани иттилоот масъул аст, на дертар аз ҳафт рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархост тайёр карда мешавад. Дар сурати тӯл кашидани вақти ҷустуҷӯи иттилооти зарурӣ бо сабабҳои душвор будани дастрасии онҳо ин мӯҳлат тибқи талаботи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳисобӣ ва ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст.
6) Шакл, мӯҳлат ва тартиби пешкаш кардани ҳисоби хароҷоти аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, ба пешниҳод намудани иттилооти мақомот ва ташкилотҳо алоқаманд мебошанд, аз тарафи роҳбарони мақомоти ташкилотҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд.
Иттилооти дархостшаванда ба шахсони манфиатдор дар шакле, ки дар дархости онҳо зикр гардидааст, баъди қабули пешниҳоди ҳуҷҷати ҷуброни хароҷот, ки бо пешниҳоди иттилоот алоқаманд аст, дастрас карда мешавад.
7) Асоси хароҷотеро, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба шахсони манфиатдор вобаста аст, хароҷоти тайёр кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва хароҷоти шӯъбаҳои алоқа ташкил менамоянд. Хароҷоти зикргардидаро сохторҳои молиявии дахлдори мақомот ё ташкилотҳо бо назардошти арзиши мушаххаси ҳар як гурӯҳ ва навъи иттилоот дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддииниҳисорӣ муайян менамоянд.
8) Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо арзиши иттилооти дар асоси фармоиш пешниҳодшавандаро метавонанд тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)» низ муайян намоянд.
9) Шакли ҳисобкунӣ (калкулятсионӣ) оид ба пешниҳоди иттилооти пулакӣ бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад. Пардохт барои ҳамагуна нусхаи иттилооти пешниҳодшуда набояд аз як фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як нусхаи саҳифаи ҳуҷҷати пешниҳодшуда зиёд бошад.
10) Агар иттилооти пешниҳодшаванда арзиши тиҷоратӣ ё арзишҳои дигар дошта бошад, сохторҳои молиявии дахлдори мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо хароҷоти пешниҳод кардани онро бо назардошти арзиши ҷории он ҳисобӣ мекунанд.
11) Ташкилотҳое, ки фаъолияти асосии онҳо аз пешниҳод кардани иттилоот дар асоси тиҷоратӣ иборат аст, андозаи пардохтро мустақилона дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян мекунанд.
12) Агар иттилоот дастраси умум буда, махфӣ набошад, мақомоту ташкилотҳои дорои ин иттилоот метавонанд бо он чунин амалиётро иҷро намоянд:
Таъсис ва тағйир додан, ба шакл даровардан, маҳфуз ва дар хотир нигоҳ доштан, қабул, чен, омехта, коркард, содда, хориҷ, паҳн, ҷамъ ва ба қисмҳо ҷудо кардан, фиристодан, истифода бурдан, нусха гирифтан, иловаҳо ҷустан.
Агар иттилоот қисман аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гашта, бо мақсади татбиқшавӣ ҷамъ оварда шуда бошад, он гоҳ пешниҳоди иттилоот мувофиқи амалиёти зикргардида ба ҷо оварда мешавад. Агар захираи иттилоотӣ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда бошад, он гоҳ тартиби истифодаи маълумот дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдор дар қисмати ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.
13) Мубодилаи иттилоотӣ байни мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ройгон амалӣ мегардад.
3. Баҳисобгирӣ ва тақсимоти воситаҳои молиявӣ
14) Мақомот ва ташкилотҳое, ки ба аҳолӣ иттилооти пулакӣ пешниҳод менамоянд, ӯҳдадоранд, ки ба ҳисобгирии ҳисоботи оморию муҳосибавиро оид ба фаъолияти асосӣ ва иттилооти пулакӣ дар алоҳидагӣ анҷом диҳанд.
15) Пардохт барои иттилооти пулакӣ ба таври ғайринақдӣ, зимни ба шаҳрванд додани варақаи ҳисоботии бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ тасдиқшуда амалӣ мегардад.
16) Воситаҳои пулие, ки мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ аз расонидани иттилооти пулакӣ ба даст меоранд, бояд ба суратҳисоби маблағҳои махсуси мақомоту ташкилотҳои буҷетӣ оид ба ҳисобгирии воситаҳои аз аҳолӣ гирифташуда интиқол дода шавад.
17) Агар иттилоот пештар аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ташаккул ёфта бошад. Пас 90 фоизи маблағи ба хазинаи муассиса воридшуда ба буҷети давлатӣ ирсол шуда, боқимондаи он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳо ворид карда мешавад.
18) воситаҳои молиявии аз пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба иттилооти пулакӣ ба дастовардаи мақомот ё ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, баъд аз супоридани андозҳои муқарраршудаи давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда мувофиқи салоҳдиди роҳбар сарф карда мешаванд.
4. Хусусиятҳои муқаррар намудани Тартиби мазкур ва масъулияти мақомоти давлатӣ ташкилотҳо дар мавриди татбиқи он
19) Масъулиятро ҷиҳати истифодаи дурусти нарх ва нархномаҳо, ҳамчунин ҳисобу китоби маблағҳои барои ҷуброн пешниҳодшуда роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои пешниҳодкунандаи иттилооти пулакӣ ба ӯҳда доранд.
20) Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки иттилооти дорои маълумоти носаҳеҳ ё нопурраро пешниҳод кардаанд, тибқи дархости хаттии асосноккардаи шахси манфиатдор ба таври ройгон илова ва ислоҳи зарурӣ ворид менамоянд.
21) Дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои ба ҳисобгирии маблағҳои аз пешниҳод кардани иттилоот воридшуда дафтари махсус кушода мешавад.
22) Масъулият барои пешбурди дафтар ба шахси бо фармони роҳбар таъиншуда вогузор мегардад.
АМИТ «Ховар»