12:58:39 01-уми Июни 2025 сол

ЛАТИФ ПИДРОМ: «МАН АГАР АДЛ ХОСТААМ, БАРОИ ҲАМА АҚВОМ ХОСТААМ»

Латиф Пидром- шоир, сиёсатмадор, Раиси Ҳизби Кунгураи Миллии Афғонистон дар дидорбинии хеш бо равшанфикрони тоҷик, аз онҳо ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки  ба хотири ҳимояи ӯ аз тазъиқу фишор ва таҳдидҳои нирӯҳои ифротгаро садо баланд карданд, иброзӣ ташаккурӣ намуд. Дар ин мулоқот, ки бо ибтикори созмони ғайриҳукуматии «Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсзабон» рӯзи 27-уми ноябр дар толори Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон баргузор гардид, шоирону нависандагон, олимон, журналистон ва дигар намояндагони касбу кори мухталиф ширкат варзиданд.

 

Дар оғози ҳамоиш устод Мӯъмин Қаноат, яке аз бузургтарин шоирони имрӯзи тоҷик, дорандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ аз таърихи тоҷикони Бадахшон, ба хусус тоҷикони Дарвоз,  ёдовар шуда, қайд намуд, ки то замони табартақсими миёни Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир дар охири асри 19-и мелодӣ суратгирифта, ин мардум ҳарчанд дар ду тарафи соҳили Панҷ зиндагӣ мекарданд, вале табааи як кишвар ба ҳисоб мерафтанд, бо ҳам рафту омад доштанд.

 

 

Воқеан, бобокалони Латиф Пидром бо номи Мири Оламгир ва ё Мири Оламиён дар дарбори шоҳони Дарвози солҳои ҳафтодуми асри 19-и мелодӣ ба ҳайси сарлашкар хидмат мекардааст ва дар ҷанги солҳои 1877-1878, ки аз сӯйи амир Музаффархон барои тобеъ кардани шоҳони Дарвоз ба вуқӯъ пайвастааст, дар баробари зулму истилои бегонагон хеле корнамоиҳои зиёде аз худ нишон додааст ва дар як ҷанги нобаробар бо ишғолгарон дар деҳаи Кевруни ноҳияи Дарвоз ба шаҳодат мерасад.

 

Муборизаи Латиф Пидром, ки имрӯз барои адлу инсоф ва баробариву баробарҳуқуқӣ садо баланд мекунад, ин идомаи ҳамон пайкору муборизаи ҷадду бобокалонаш барои озодӣ ва ҳақиқат мебошад.

 

Ҷӯрабек Назриев донишманд ва ҳунарманди маъруфи кишвар дар суханронии худ қайд намуд, ки талошҳои Пидромро талошҳои адолат бар зидди ҷаҳолат медонад. Ӯ бар зидди касе ва ё миллате  исён набардоштааст, вале риояи адлу инсофро қотеъона аз сӯйи қадрношиносони миллати тоҷик талаб кардааст. Ва аз он ки дар ин пайкор имрӯз то андозае ҳақ ба ҳақдор расидааст, Худоро шукр мегӯяд.

 

Мирзо Шукурзода нависанда ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик иброз намуд, ки наздик ба бист сол аст, ки Латиф Пидромро мешиносад ва аз кору пайкори ӯ огаҳӣ дорад. Мирзо Шукурзода қайд намуд, ки муборизаҳои Латиф Пидром низ мисли  муборизаҳои халқи тоҷик характери дифоӣ доранд. Онҳо ба хотир дифоъ аз ҳайсияти миллӣ ва обрӯйи миллӣ сурат мегиранд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба муқобили миллати дигаре нигаронида нашудаанд. Дар ҳамин ҳол Шукурзода аз фаъолияти шоирии устод Пидром низ чанд сухани ноб гуфт.

 

Талошҳои Латиф Пидром дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва дигар ҳуқуқҳои мардуми Афғонистон ин ҳамон нур дар зулмотро мемонад-, гуфт дар суханрониаш шоири ширинкаломи тоҷик Меҳриниссо. Дар ин муборизаи наҷиб ва башардӯстонааш барои ӯ сабру таҳаммул, пирӯзиву комёбиҳо орзумандам. Сипас садри маҷлис журналист Толибшоҳи Сайидзода суханро ба худи меҳмони зиёиёни тоҷик Латиф Пидром дод.

 

Латиф Пидром баъди ҳозиринро бо фарорасии Иди Қурбон муборакбод гуфтан ва изҳори ташаккурӣ кардан аз ҳамбастагие, ки зиёиёни тоҷик  дар дифои ӯ нишон доданд, иброз дошт, ки амалкарди як сол пеши зиёиёни тоҷик дар ҳимояи ӯ вокуниши густурда чи дар расонаҳои хабарии Афғонистон, ва чӣ дар расонаҳои хабарии ҷаҳон доштааст. Дар ин замина гирдиҳамоиҳое ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар хориҷ аз он сурат гирифтааст.

 

Мақомоти давлатии Тоҷикистон дар асоси он пешниҳодҳое, ки зиёиёни кишвар  доданд, тамосҳое бо давлати Афғонистон гирифтанд ва ба он мусоидат намуданд, ки қазия бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл ёбад. Сипас Латиф Пидром сабаби ба чунин мушкилот мувоҷеҳ шуданашро дар он иброз дошт, ки як гурӯҳи нирӯҳои ифротии сиёсӣ талошҳои ӯро барои дифоъ аз ҳуқуқҳои мардуми муқимии Афғонистон нодуруст шарҳу эзоҳ дода, ӯро душман эълон карданд ва  барои сари ӯ 200 ҳазор дулори амрикоӣ ҷоиза таъйин намудаанд.  

 


Хушбахтона, ҷаҳон кӣ будани ифротиёнро зуд шинохт ва маҳкум кард. «Ман агар адл хостаам, барои ҳама ақвом  хостаам»-, мегӯяд Латиф Пидром. Дар ин навори видеоие, ки пешкашатон мешавад, лаҳзае аз суханронии Латиф Пидром дар ин нишаст сабт гардидааст.

 

Дар идомаи сӯҳбати хеш Латиф Пидром ба суолҳои сершумори хабарнигорони тоҷик, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ва минтақа посух дод.

 

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854