10:45:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раиси Идораи амният: "Аз 100 як ё ду касро аз ДОИШ берун кашида метавонем"

Раиси Идораи амнияти минтақаи Кӯлоб мегӯяд, сафи ҷангиёни тоҷик, ки мехоҳанд мақомоти қудратии кишвар онҳоро аз ҳайати гурӯҳи "Давлати исломӣ" берун бикашанд, афзудааст.

hamoish-8972124545.jpgБа гуфтаи Шомиддин Шарифов, раиси Идораи амнияти минтақаи Кӯлоб, шумори ҳарчӣ бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳҳои гуногун ба қаламрави таҳти назорати "Давлати исломӣ" афтодаанд, аз мақомоти амниятии кишвар хоҳиш мекунанд, ки ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Аммо ба гуфтаи ин мақоми баландпояи амниятӣ ниҳодҳои Тоҷикистон танҳо ин имконро доранд, ки аз миёни сад муроҷиаткунанда як ё ду нафарро аз ин "қаламрав" берун кашанд.

Мушкили асосӣ, ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, ин аст, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқу Сурия таҳти назорати шадиди ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" қарор дошта, аз сӯи дигар онҳо ҳеч гуна ҳуҷҷату санад дар даст надоранд. Раиси идораи амнияти Кӯлоб гуфт, "вақте онҳо ба хоки Сурия ва Ироқ ворид мешаванд, тамоми ҳуҷҷатҳояшонро нобуд мекунанд. Агар аз қасди фирорашон касе бохабар шавад, зуд сари онҳоро мегиранд. Барои ҳамин, бисёр мушкил аст, берун овардани онҳо. Бояд пеш аз рафтану пайвастан дар ин бора биандешем."

Бо ин ҳол, Шомиддин Шарифов шумораи дақиқи онҳоеро, ки дар ин шабу рӯз мехоҳанд, аз қаламрави ДОИШ берун шуда, ба Тоҷикистон баргарданд, ошкор накард.

Гурӯҳе аз рӯҳониён, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд,  ширкати ҳамватанони худро дар ҷангҳои Ироқу Сурияро маҳкум карда, маънои “ҷиҳод” ва дар кадом замон фарз буданашро ба ҷавонон фаҳмонданд. Дар ин нишаст филме ба забони арабӣ намоиш дода шуд, ки онро Ҳоҷӣ Мирзо, аз рӯҳониёни шинохта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кард ва моҳияташро ба аҳли ҳамоиш шарҳ дод.

Домулло Холмурод, имом-хатиби яке аз масҷидҳои Кӯлоб ҳам дар суханронияш ин саволро матраҳ кард, ки агар ҳадафи аъзои “Давлати исломӣҷиҳод аст, чаро ба Фаластин намераванд, то аз ҳаққи сокинони он дифоъ кунанд? “Дар Фаластин панҷоҳ сол боз ҷанг аст. Чаро ба он ҷо намераванд? Чаро ба Ироқу Сурия мераванд? Чунки мақсадашон торумори давлат ва тасарруфи дороиҳояш аст,” - гуфт ин рӯҳонӣ.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi