17:17:51 19-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳукумат фаъолияти молиявии аҳзоби сиёсиро назорат мекунад

«Расонидани кумакҳои молиявӣ ё ёрии иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон умуман ғайриқонунӣ аст». Ин матлабро 17 июн Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» иброз дошт.  

rustam-shohmurodov_985645.jpgРустам Шоҳмурод афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 19-и нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2012 бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти молиявии ҳизбҳои сиёсӣ таҳия шудааст. Масъалаи асосие, ки дар лоиҳа ҳалли худро ёфтааст, ин танзими дақиқи маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аст.

Муқаррар намудани чорчӯбаи ҳуқуқии ба танзим даровардани тартиби маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ тибқи талаботи қисми 3 моддаи 7 -и Конвенсияи СММ зидди коррупсия, банди 18-и тавсияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи нақшаи амалиёти истанбулии шабакаи зиддикоррупсионӣ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин тибқи банди 5.8 тавсияномаи гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо шустани пул таҳия шуда, мақсади асосии он рушди демократии қонунгузорӣ дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.

Вазири адлияи кишвар афзуд, ки вобаста ба назаррас гардидани мавқеиҳизбҳои сиёсӣ дар низоми сиёсии кишвар имконоти бештари таъсиррасонии онҳо ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонунии таъмини фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ низ ба таври назаррас васеъ мегардад.

Таъкид гардид, ки ба ғайр аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарқонун) ва Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон „Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ“ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо дигар қонунҳо низ танзим мегардад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“,  талабот нисбат ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот муқаррар шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонун баъзе чораҳои иловагии назорати маблағгузории фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, аз қабили муқаррар намудани тартиби расонидани ёрии моддӣ ва молиявӣ, ҳуҷҷатгузории кумакҳо ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаҷми кумаки молиявии ҳарсола аз як шахс, ҳисоботи молиявии ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ мегардад. Ҳамзамон фаъолияти имконпазири соҳибкорие, ки ҳизбҳои сиёсӣ бевосита метавонанд амалӣ намоянд, муайн карда мешавад. Инчунин лоиҳаиқонун ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ошкоро будани фаъолияти онҳо ва уҳдадориҳои ҳизбҳои сиёсиро ба танзим дароварда, талаботи ошкоро будани фаъолияти сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар мегардад.

Инчунин тибқи лоиҳаи қонуни мазкур тартиби қабули инъому амвол ва маблағҳоро ҳизбҳои сиёсӣ тавассути суратҳисобҳояшон қабул намуда, ба баланси худ медароранд. Тибқи ин тағйирот ба лоиҳаи қонун охири ҳар сол аҳзоби сиёсӣ уҳдадор ҳастанд, ки дар васоити ахбори омма то 20 феврал маълумот мунташир намоянд. Дар ҳолати риоя нагардидани тартиби қабули маблағҳо, хусусан маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада, аҳзоби сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Вазири адлия афзуд, ки роҳҳои назорати молиявии ҳизбҳои сиёсӣ гуногун буда, тартиби дурустии масъалаи андозбандӣ ба мақомоти андози кишвар вогузор шуда, дар масъалаи муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноятҳо ба даст омада Бонки миллии Тоҷикистон муваззаф аст.

Аснои баргузории интихобот Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ҳуқуқи тафтиши маблағҳои воридшавандаро аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ дорад. Ҳамзамон Палатаи ҳисоб маблағҳоеро, ки ҳангоми интихобот аз буҷет ҷудо мегардад, месанҷад. Инчунин Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлияи кишвар ҳангоми расонидани ёрии иқтисодӣ ба аҳзоби сиёсии кишвар аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ огоҳиномаро тибқи моддаи 20-и лоиҳаи қонун мебароранд ва оид ба боздошти ҳизби сиёсӣ ба суд муроҷиат менамоянд. Ҳадафи асосии тарҳи нави қонун дар бораи аҳзоби сиёсии кишвар шаффоф гардонидани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, назорати фаъолияти молиявии онҳо ва роҳ надодани маблағгузорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷудогона ва таъсири ин гурӯҳҳо ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст. Тибқи ин лоиҳаи қонун ҳар сол то 20 март ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, ки ба Вазорати адлияи кишвар ҳисобот ироа созанд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ дар Вазорати адлияи кишвар расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият менамоянд, ки аз он 6 ҳизби сиёсӣ -Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар намоянда доранд. Дар интихоботи парлумоние, ки охири моҳи феврали соли равон доир гардид, ду ҳизби сиёсии кишвар- Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо гирифтани раъи ками интихобкунандагон ба Парлумон роҳ наёфтанд.

Марзия Саидзода, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi