Бархӯрди ифротгароии салафӣ бо мактабҳои суннатии динию мазҳабӣ дар Тоҷикистон
Ф.Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тағйироти рӯзафзуни равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои мусулмонӣ таҳқиқу омӯзиши исломро ба яке аз шохаҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ табдил додааст. Ин масъулият тақозо менамояд, ки ба мафҳуми «хатарҳои исломӣ» ҷавоби сазовори илмию динӣ пешниҳод намоем. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки мо ба чанде аз саволҳои консептуалӣ оид ба падидаи ифротгароию тундгароӣ ва сатҳи омӯзиши он дар фарҳанги ислом равшанӣ андозем.
Бояд гуфт, ки мушкилии баррасии илман асоснок ва методологии шинохти доктрина, ҳаракат ва ҷараёнҳои исломӣ зарурати таърифи истилоҳии мафҳумҳоро ба вуҷуд овардааст. Маъмулан ҳангоми баҳодиҳӣ ба равандҳои исломӣҳамеша истилоҳи фундаментализм – бунёдгароӣ васеъ истифода мешавад. Ин истилоҳро дар муносибат ба омӯзиши адёни дигар низ ба кор мебурданд. Ин таъбир дар истилоҳбандии исломшиносӣ ба мафҳуми салафия мувофиқ меояд.
Дар фаҳмиши луғавӣ ва маъноии худ мафҳуми «салафия» ба вожаи тоҷикии «ниёгон» комилан мувофиқ аст ва таъкид бар он мекунад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ислом ниёз ба рӯй овардан ба аслу асос ва решаву бунёди худ дорад. Дар меҳвари чунин тасаввурот андешае меистад, ки гӯё дар тӯли асрҳои сипаришуда ислом сахт таҳриф шуда, ба он унсурҳои нави нолозим ворид гардидааст, ки моҳиятан бо таълимоти нахустини ислом ва суннати «салафи солеҳ» – «ниёгони накӯном» ихтилоф доранд. Мурод аз «салафи солеҳ» дар фаҳмиши онҳо мусулмонони нахустин аз саҳобагон, тобеон ва табаа-т-тобеин будааст.
Аммо даъвои эътиқодии салафигароён мабно ба эътирофи ҷанбаҳои нақлии таълимо¬ти ислом ва рад кардани равандҳои ақлии дарку фаҳмиши он аст. Ҳамон давраи нахустини ислом барои салафиён манбаи ҳамешагии илҳом ва интиқод аз дигарон қарор гирифтааст. Ин ҷо мақсади мо таҳлили пайдоишу ташаккули салафия ва шаклу равияҳои гуногуни он дар фарҳанги ислом нест. Дар ин мавзӯъ он қадар таҳқиқоте анҷом додаанд, ки моро аз шарҳу тавзеҳ ва такрори онҳо бениёз мегардонад. Вале мо саъй хоҳем кард, ки решаҳои шиддати ифротгароии исломиро мухтасаран бар асоси рушди муносибатҳои Арабу Аҷам, аниқтараш арабҳо ва форсҳо аз бози ошкор шудани ислом то имрӯз дар марҳалаҳои калидии рушди ислом муқаррар намоем.
Тавре ки маълум аст, шиносоӣ, огоҳӣ аз дини нав ва ҷангу бархӯр¬ди нахустин байни сипоҳи Парвези Ҳурмуз ва исломиён бар сари чоҳи ЗӣҚор иттифоқ афтодааст, ки тафсилоти онро дар бобҳои «Ҳарби Арабу Аҷам бар сари чоҳи ЗӣҚор» [с. 626] ва «Номаи пайғамбар, салавоту-л-Лоҳи алайҳи, ки ба наздики кисро навишта буд» [с. 637] муаллифи «Таърихи Табарӣ» овардааст. Баҳонаи ангезиши ин ҷанг тарҷумаи нодурусти матлабе доир ба дарёфти канизакҳо барои кисро аз байни духтарони қабилаҳои араб буд.
Ин ҳолат боиси хашми кисро гардид ва дар сари чоҳи ЗӣҚор ҷанги шадиде рух дод, ки лашкари порсиён дар натиҷа ҳазимат шуданд ва ин рӯйдод тибқи далолати сарчашмаҳо ба соли 624 мелодӣ рух дода буд. Пас аз ин пирӯзӣ пайғамбар (с) номаи машҳури худро ба шоҳи Сосониён фиристод, ки дар ҷамъбасти он даъвати «ислом овар, солим бимонӣ» дарҷ шуда буд. Парвиз аз ин иқдом ба хашм омад ва номаро бидарид. Аз ҳамин вақт дар муносибати арабҳо ва порсҳо гиреҳи нобоварӣ ва шеваи носолими муносибатҳо ошён гирифт. Бо гузашти айём аз тариқи футӯҳоту забткориҳои сершумор дини ислом дар матни тамаддуни ҷаҳонӣҷойгоҳи устуворе пайдо кард.
Қисмат чунин тасарруф кард, ки мардуми порснажоди мусулмон дар баробари арабҳо барои густариши фарҳанги ислом хизматҳои шоистаи таҳсине анҷом доданд. Хилофатҳои муқтадири арабӣ бо номҳои давлати Умавиён ва Аббосиён зуҳур карданд. Вале унсурҳои барозандаи сиёсӣ, давлатдорӣ ва фарҳангии порсиён ба хусус замони ҳукмронии халифаҳои аббосӣ таъсири нуфузи баланде касб намуданд. Садаи тиллоии давраи Аббосиён собит намуд, ки маҳз ҳамин ду қавм – арабҳо ва порсиён далерони майдони исломгустарӣҳастанд ва дар соҳибӣ кардани фарҳанги мусулмонӣҳаққу имтиёзи комилан баробар доранд.
Вале мансубият ба ҷараёнҳои асосии тасаннун ва ташайюъ дар иттиҳоди байни онҳо рахна ворид кардан гирифт. Ба ақидаи А. Мюллер розӣ шудан мумкин аст, ки дар тасвири ин воқеият чунин гуфта буд: «Чун рӯз равшан буд, ки ҳар ду миллати бартаридошта ва аз нигоҳи хислатҳои зотӣ фарқкунандаи исломи онвақта, агар дар байнашон ягон таркиши хушунатомези эҳсосотӣ барангехта нашавад, боз метавонистанд бо истифода аз як мудирияти одилона ва эҳтиёткорона на танҳо паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагии осоишта дошта бошанд, балки ҳатто ба таври доимӣ дастгирии мутақобилаи ҳамдигарро пайдо кунанд» [682].
Вале ҳамкориҳо тамоман бо самти дигар ҷараён гирифт, зеро оҳиста-оҳиста муносибати араб ва ғайриараб бо тамоми ҷиддият дигаргун шуд ва дар байнашон ҳисси душманию нобоварӣ афтод. Агар дар замони Умавиён таъсири фарҳанги юнонию византиягӣ дар сиёсату фарҳанги исломӣқавӣ гардида бошад, пас дар давлати Аббосиён таъсири омилҳои давлатдорӣ ва фарҳангсоло¬рии мардуми порснажод ба маротиб зиёд шуд. Дар ҳар ду ҳолат таъсири муҳити Ҳиҷоз ҳамчун гаҳвораи дини ислом суст шудан гирифт, вале забони арабӣ мақому манзалати худро ҳамчун забони расмӣ ва динию эътиқодӣ нигоҳ дошта тавонист.
Шаҳрҳои Макка ва Мадина дар сарчашмаҳои фаровони таърихӣ асосан дар иртибот бо адои маносики ҳаҷ зикр мешуданд. Вале дар заминаи шиддат пайдо кардани муборизаҳои тоифавии аҳли суннат ва шиа, ба вуқӯъ пайвастани фоҷиаи Карбало ва қувват гирифтани унсури туркӣ дар ислом арабҳои нимҷазира барои ҳимояи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ аз тариқи ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мусулмонон ба рафтору кирдори салафи солеҳ тавонистанд худро аз нав ба масири муборизаҳои нав дар қаламрави ислом ворид созанд.
Аз байн рафтани давлати Аббосиён соли 1258 ва ба давлатҳои хурди алоҳида тақсим шудани империяи муқтадир ба раванди табақабандӣ ва таснифоти сиёсию миллӣ ва динию мазҳабӣ дар олами ислом суръат бахшид. Ба назари мо рукнҳо ва унсурҳои асосии фарҳанги сезабонаи исломӣ аз ҳамин давра хусусияти динию миллӣ касб кардан гирифт, ки дар ниҳояти кор ба таъсиси ҷунбишҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ бо номҳои панарабизм, панэронизм ва пантуркизм дар асоси мансубияти миллӣ оварда расонид. Дар ташкили чунин ҷараёнҳои зиёновар ва байни қавму миллатҳои мусулмон барангехтани кинаву адоват кишварҳои манфиатҷӯ ва ҳарифи сиёсии империяи Усмонӣ даст доштанд.
Панарабизм дар заминаи ташаккули мазҳаби ҳанбалӣ, равияи ваҳҳобия ва пуштибонӣ аз принсипи муносибати нақлӣ ба арзишҳои исломӣ ва пайравии салафи солеҳ барои таъсиси давлати сирф арабӣ дар нимҷазираи Арабистон бо платформаи сиёсию динии дигар дохил мешавад. Панэронизм ҳам бар пояи мақоми забони дуюмӣ давлатӣ пайдо кардани забони форсии тоҷикӣ ва ҳам шиагароии пуршиддати эронитаборон ба нерӯи бузурги сиёсӣ табдил ёфт.
Аммо пантуркизм, нахуст ҳамчун усмонизм ба маънои омили муттаҳидкунандаи мардуми турктабор бештар аз зовияи манфиатҳои исломи миллӣ ва барпо кардани давлати теократии хусусияти туркидошта буруз кард. Тур¬кон аслан пайравони мазҳаби ҳанафӣ буданд ва дар масъалаи эҳтироми «салафи солеҳ» бо арабҳо ихтилоф надоштанд. Вале дар марҳалаи нави таърихӣ онҳо тавонистанд зимоми роҳбарӣ ва мудириятро ба дӯши худ гирифта, баъди суқути Константинопол соли 1493 империяи миллии Усмониро таъсис диҳанд.
Минбаъд гурӯҳҳои манфиатдор ва шарикони ҳамкор ҳангоми ба роҳ мондани робитаҳо дар олами ислом вежагиҳои ҳамин се ҷараёнро ба инобат мегирифтанд. Зеро таблиғи ҷанбаҳои динию миллӣ ва бедор кардани ҳиссиёти миллатгароӣ дар Ховари Миёна барои роҳандозӣ кардани дурнамои манфиатҳои геополитикӣ ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки кишварҳо мусоидат мекард.
Вақте ки сухан дар бораи ифротгароии исломӣ ё салафӣ доир мешавад, бе ихтиёр он ба Арабистони Саъудӣ ва таъсиси ҷараёни ваҳхобия пайванд мегирад. Воқеан, дар асри XVIII дар вилоятҳои Наҷду Ҳиҷоз ҷараёни ваҳҳобия бо сардории Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) зуҳур кард. ӯ ва ҳаммаслаконаш талаб мекарданд, ки мусулмонони ҳақиқӣ ба исломи поки замони зиндагии пайғамбар (с) бозгашт кунанд. Зиёрати мазорҳо ва ҳатто қабри пайғамбар аз ҷониби Абдулваҳҳоб ширк эълон гардид.
Шахсоне, ки ин амалҳоро анҷом медоданд, кофир ва маҳкум ба қатл мешуданд. Бояд зикр намуд, ки дар ибтидо ваҳҳоббия барои тақвияти арабият, салафият ва ҳувияти давлатии нимҷазираи Арабистон такони бузург ворид намуд. Баъди таъсиси давлати Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ дар консепсияи идеологии он ваҳҳобия ҳамчун равияи мазҳабмонанди бартаридоштаи расмӣ болои чаҳор мазҳаби мавҷудаи аҳли суннату ҷамоат ҷойгузин шуд ва бештар хусусияти фаъолияти дохилӣ дошт. Баъди солҳои 60-уми асри гузашта бо равнақ ёфтани бозори нафту газ ин ҷараён ҳудуди кишварро рахна карда берун омад.
Дар айни замон ташкили созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Лигаи кишварҳои араб ва фондҳои хайриявии гуногун фаъолияти Арабистони Саъудиро дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пурзӯр кард; бозиҳои сиёсӣ дар атрофи истеҳсол, коркард, фурӯш ва нархгузории маҳсулоти нафтӣ имкон дод, ки барномаҳои идеологӣ ва лоиҳаҳои исломӣ нағз маблағгузорӣ шаванд; таъқиби пешвоёни «Ихвону-л-муслимин» онҳоро ба ин кишвари бойи арабӣ овард, то аз тариқи фаъолияти илмию омӯзгорӣ ба шаклгирии сиёсии ваҳҳобизм мусоидат карданд; рӯҳонияти сиёсии саъудӣ тавонистанд ду шакл – ваҳҳобияи дарунии ором ва ваҳҳобияи берунии тундро созмон диҳанд, ки якумӣ, дар якҷоягӣ бо элитаи сиёсии кишвар фаъолият мекард ва дуюмӣ, сиёсати нави муаррифии исломро дар фаҳмишу қолаби саъудигии он тарғиб менамуд.
Даромадани нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон ба хусусияти ҷанговар, ҷиҳодӣ ва такфирӣ гирифтани салафияи ваҳҳобимашраб такон дод. Ҳамон созмони идорашавандаи нимасотирӣ, ки ниҳоят бо номи Усома ибни Ладан машҳур гардид, нахуст барои низомҳои сиёсии арабию мусулмонӣ ва сониян барои кишварҳои ғарбӣ мушкилот эҷод кардан гирифт, ки имрӯз ҳам дар шаклу мазмун ва номҳои гуногун аз мавҷудияти худ дарак дода истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар шароити кунунии рушди мустақилона тамоми анъана ва расму ойинҳои таърихи куҳани худро барои бунёди давлати навин ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ сафарбар намуд. Дар пояи густариши фаъоли мазҳаби ҳанафия, ки дар матни фарҳанги исломӣ бо анаъанаҳои таҳаммулпазирӣ, созандагӣ, илмпарварӣ ва ахлоқи ҳамида маъруфият дорад, мактабҳои тасаввуфии нақшбандия ва қодирия низ дар ноҳияву манотиқи гуногуни кишвар ҳузури рӯҳонии муассир пайдо карданд.
Мардуми вилояти Бадахшон маъмулан пайрави таълимоти динӣ-фалсафие мебошанд, ки ҳанӯз дар давраҳои асримиё¬нагӣ бо номи равияи исмоилиёни низорӣ созмон ёфта буданд. Вале таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки таъсис ёфтани ҳизбгароиҳои нави динӣ ва фаъолона ба корҳои сиёсию давлатӣ дахолат кардани онҳо бештар ба давраи пошхӯрии империяҳо, таъсиси иттиҳоди давлатҳои дигар ва ба истиқлолият расидани кишварҳои алоҳида рост меояд.
Охири асри ХХ дар таърихи ҷаҳонӣ бо шиддат гирифтани муборизаҳои оштинопазири лагерҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ ва ниҳоят пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар хотирҳо нақш баст. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё ҷониб¬ҳои мубориза оқибатҳои сахту сангин доштани ин равандҳои сиёсиро барои мардуми оддӣ чашмдошт набуданд. Вале дурнамо ва ҳамоҳангӣ дар кору фаъолияти гурӯҳи давлатҳои калидии ҷаҳон ҳамеша тарҳрезишуда буд. Шиддати муборизаҳои идеологӣ дар нимаи дуюми асри ХХ симои душмани нави тартиботи ҷаҳониро дар қолаби истилоҳоти тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм муаррифӣ кард.
Бояд гуфт, ки падидаи якравии тундхӯёнаи исломӣ дар муҳити пасошӯравӣ хусусиятҳои фарқкунандаи худро дошт. Пайдоиши он ҳамчун ниҳоди муташаккили сиёсӣ ба охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро ва тундгаро оварда расонид.
Дар ибтидои солҳои 90-ум на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни мӯътақидони дину конфессияҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Иллати ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фурӯпошии пояҳои идеологии як давлати абарқудрат вобаста буд. Дар шароити ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ як гурӯҳи муайяни мардум барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба дин ва арзишҳои динӣ муроҷиат карданд. Бо гузашти айём дар фаъолияти бисёре аз созмонҳои исломӣ вежагиҳои қудратхоҳӣ тақвият гирифта, ислом мавқеъгирии сиёсию динӣ ба даст овард.
Ҳанӯз аз оғози асри ХХ ҳаводорону пуштибонони ислом ва ҳамаи касоне, ки арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ ва шӯҳратпарастии худ истифода бурданӣ мешуданд, бар он бовар буданд, ки таъсиси ҳизби онҳо ҳукми шаръӣ ва ҳуқуқи муқаррарнамудаи Худо аст. Аз ин ҷиҳат дар фаҳмиши сиёсии онҳо тасаввури бисёрҳизбӣғунҷоиш пайдо накард, зеро дар таълимоти онҳо танҳо ду ҳизб – ҳизби худоҷӯён ва ҳизби бехудоён вуҷуд дошт. Онҳо худро мансуби ҳизби якумӣ дониста, мӯътақид буданд, ки ҳизби дуюмӣҳаққу ҳуқуқи онҳоро дар умури ҳокимият поймол мекунад.
Аз ин рӯ, онҳо оммаи мардумро ба бародару нобародар, баробару нобаробар, гурӯҳи худоҷӯю иблисӣ ва бедору нимбедор табақабандӣ мекарданд. Мутаассифона, зимни таъсиси ҳизбҳои исломӣ ва тасдиқи назарияи мафкуравии худ исломгароён истифодаи калимаи «ҳизб»-ро дар оятҳои қуръонӣ ба шеваи шарҳу баёни нав ҳамчун далели шаръӣ меоварданд. Бояд гуфт, ки калимаи «ҳизб» дар матни Қуръон 20 маротиба дар 13 сура зикр шудааст: 11 маротиба дар шакли ҷамъи «аҳзоб», 8 маротиба дар шакли танҳои «ҳизб» ва танҳо як бор дар шакли исми дугонаи «ҳизбайн».
Ҳамчунин сураи 33-уми Қуръон «ал-Аҳзоб» (Гурӯҳҳо) ном дорад. Дар ҳамаи холатҳои иқтибоси қуръонӣ арзиши динӣ ва мазмуни тафсирии ин калима дар он аст, ки тибқи таълимоти ислом ва равандҳои густариши он мардум дар ибтидо ба мӯъминон ва кофирон ҷудо мешуданд. Мӯъминон пайравони гурӯҳи худоҷӯ ва кофирон пайрави гурӯҳи куфрпеша, яъне ҳизбу-л-Лоҳ ва ҳизбу-ш-Шайтон дониста мешуданд. Ин ибораҳо танҳо мафҳумҳои динӣ ва вожаҳои истилоҳист барои тавсифи имону тақво ва куфру бебокӣ.
Матлаби мазкур дар оятҳои охирини сураи Муҷодала, инчунин сураҳои Ғофир ва Ҳуд барҷаста баён шудааст. Яъне дар Қуръон сухан дар бораи мафҳуми динӣ будани калимаи «ҳизб ва аҳзоб» меравад, ки мардум дар охират бар ивази корҳои баду неки дар дунё кардаашон ба ду гурӯҳ – аҳли биҳишт ва аҳли дӯзах тақсим мешаванд ва ҳақиқати онро ҷуз Худо касе намедонад. Вале ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дарки ин арзишҳоро бо мақсадҳои муғризонаи сиёсии худ омезиш дода, дар ҳаққи ислом амали ношоиста анҷом доданд ва обрӯю эътибори худро низ коста карданд. Ҳатто кор то ҷое расид, ки «ҳизб ҳизби мост ва касе ҳамраъю ҳамақидаи мо нест, мусулмон нест» мегуфтанд, ки худ нишонаи сатҳи пастфитратии онҳост. Ҳамин тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ дар таърихи навини ислом дар зеҳни роҳбарони ҳизбӣҷойгузин шуд, ки дар охири асри ХХ боз аз худ дарак до два то имрӯз дар шаклу шеваи тундхӯёна идома дорад.
Аз ҷониби дигар, барҳам хӯрдани низоми идоракунии фарогир, сар задани нооромии сиёсӣ, афзоиши бекорию камбизоатии аҳолӣ ва коста шудани сатҳи таълиму тарбия ба он оварда расонид, ки як зумра ҷавонон фирефта ва шефтаи таблиғоти фаъолони созмонҳои динӣ шаванд. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои динию мазҳабӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад.
Ҳамин тариқ, ифротгароии динии хусусияти салафидошта дар дасти як гурӯҳи муайян ба як воситаи муҳими таъсиррасонӣ ва муборизаи сиёсӣ табдил ёфт ва арҷгузории арзишҳо ва муқаддасоти динӣ аз хотирҳо фаромӯш шуд. Фаъолияти ин қабил созмонҳои ифротӣ якбора дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври бесобиқа қавӣ гардид ва ҳавохоҳону пайравони зиёд ҳам пайдо кард. Ҳамон хаёли хоме, ки маҳз тавассути бунёди давлати исломӣ дар асоси муқаррароти шариат тамоми мушкило¬ти иҷтимоиро ҳал кардан имконпазир аст, баъдтар боиси афзоиши хостаҳо, иродаҳо ва ҷасоратҳои нав ба нав ва ба таассубу ҷаҳолат ғӯтавар гардидани ҷавонон шуд.
Ҳарчанд эълони ошкорои ин созмонҳо таъсиси як давлати исломӣ бо номи шартии Хилофати Мовароуннаҳр бошад ҳам, вале мақсадҳои ниҳонии пуштибонони бурунмарзии онҳо, нахуст, ҳузур пайдо кардан дар ин минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ муносиб, сониян, роҳ ёфтан ба коркард ва истифодаи захираҳои фаровони нафту газ, тилло, уран, дигар маъданҳои фоиданок ва ниҳоят, сармояи инсонии кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст ва хоҳад буд.
Падидаи номатлубе, ки баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар миёни мардуми тоҷик ба вуҷуд омадааст, ин бетафовутӣ зоҳир намудан нисбат ба арзишҳои волои миллию динӣ, фарҳангӣ, давлату давлатдорӣ, ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба дину мазҳабҳои бегона ба хотири бозгашт ба ким-кадом гузаштаи асримиёнагии зулмонӣ ва тахайюлӣ мебошад, ки дар натиҷа як муддат ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории онҳоро зери хатар монд, дурнамои рушди ояндаашонро сахт норавшан кард.
Пас муаммои болоравии чунин муносибати ифротӣ ва тундгаро дар чист? Маъмулан рукуд ва нокомии фарҳанги исломиро дар Осиёи Миёна бархе аз муҳаққиқон ба Инқилоби Октябр ва бунёди ҳокимияти шӯравӣ мансуб медо¬нанд. Чунин хулосабарорӣ роҳи осони ҳалли масъала аст, ки тавассути ба сари болшевикон бор кардани тамоми бадбахтиҳо гӯиё аз мушкилоти сарпечида раҳоӣ меёбем. Вале бояд сабаби масъаларо андаке барвақттар дар муҳити бӯҳронии зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна ҷустуҷӯ кард.
Ин раванд аз ибтидои асри ХIХ оғоз гардида, дар заминаи таъсири беруна зиёиёни бофарҳанги минтақаро ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ҷудо кард. Дар миёни онҳо мавзӯи муносибати танқидӣ ба фарҳанги худӣ ва зарурати таҷдиди назар кардан ба як идда принсипҳо ва арзишҳое, ки тӯли асрҳои зиёд бетағйир монда буданд, ташаккул ёфтан гирифт. Далели аслии шикасти фарҳангӣ бархӯрди ошкоро бо дастовардҳо ва арзишҳои тамаддуни Аврупо дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX буд.
Ин тамаддун ҳам тавассути манфиатҳои сиёсию иқтисодии Россияи подшоҳӣҳамчун тарзи нави ҳаёт вориди фазои фарҳангии минтақа гардид ва ҳам аз тариқи сафарҳои тоҷирону зиёиён ба кишварҳои Аврупо ва Шарқи мусулмонӣ тарғиб мешуд. Далелҳои дигар низ мавҷуданд, ки яке аз онҳо аз нигоҳи назариявӣ ва техникӣ омода набудани исломи расмии Осиёи Миёна ба таҳоҷуми фарҳангии беруна буд. Шигифтовар нест, ки ин муҳити фарҳангӣ ба чолишҳои тамаддуни Аврупо ба сабаби коста шудани андешаҳои назариявии исло¬мӣ посухи саривақтии таҳлилӣ дода натавонист.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамаи масъалаҳои ҳалношуда бо ҷумлаи таркиботи номукаммали ҷаҳонбинии исломии худ вориди бунёди ҷомеаи сотсиа¬листӣ гардид. Дар сохтори сиёсии нав ҳарчи шуданӣ буд, шуд ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иллату камбудиҳои кӯҳна боз дар шаклу муҳ¬та¬вои нав аз худ дарак доданд. Дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо ба ҷуз дарёфти роҳи ҳалли дурусту фарогири масъала илоҷи дигаре надорем.
Мо бояд мутмаин бошем, ки тадохул ва таҳоҷуми мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ манфиати дигаре намеоварад. Бегумон ҳар раванду ҷараёни дурӯғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор хоҳад шуд ва дастандаркоронашон шармандаи дунё ва дармондаи охират хоҳанд буд.
Ва он рӯзҳо дур нест, ки чеҳраи воқеии созмону ҳаракатҳои зархариди олами ислом, шабакаҳои иҷтимоии фармоишӣ ва хоҷагону пуштибонони хориҷиашон ошкор хоҳад шуд. Ва тамоми башарият, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон аз тасдиқи мазмуни ояти карима «Ҷоа-л-ҳаққу, заҳақа-л-ботил; инна-л-ботила кона заҳуқо» – «Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст» (Исро, 17:81) бархурдор хоҳанд шуд.
Пас дар ин вазъияти пурталотум ва тағйирёбанда, ки гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, мадхалӣ ва сарварии салафияи ваҳҳобибунёд қасди тағйир додани низоми идорӣ ва мафкуравии кишварҳои ҷаҳон, ба хусус мусулмониро бо андешаи ифротгароии худ пеша кардаанд, кадом роҳҳои наҷоту хало¬сӣ мавҷуд аст? Ин ҷо мехоҳем чанд хулосаи тавсиявиро ба таври зайл пешниҳод намоем:
1. Новобаста ба имкониятҳои бузурги пулию молӣ ва таблиғотии ифротгароёни салафӣ ва ҳомиёни хориҷиашон миллати тоҷик бо такя ба анъанаҳои давлату давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги исломӣ дар асоси мазҳабҳои суннатии кишвар метавонад дар муқобили ин вабои аср истодагарӣ кунад ва дастовардҳои истиқлолияти ҷумҳуриро ҳифз намояд. Танҳо дар заминаи пойдории истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллӣ ва диниро аз таҳоҷуми афкори бегона эмин нигоҳ доштан муяссар мешавад.
2. Дар замони муосир таҷдиди назар кардан ба раванди бонизоми таълиму тарбияи насли ҷавон, аз он ҷумла таълимоти динӣ аҳамияти бузург касб менамояд. Моро зарур меояд, ки дар баробари омӯхтани илмҳои дунявию табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ба омӯзишии динии наврасон ба маънои огоҳӣ доштан дар бораи динҳои ҷаҳонӣ, ислом ва мазоҳибу равияву ҷараёнҳои он, алалхусус усулу фурӯъҳои мазҳаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ таваҷҷуҳи лозимӣ зоҳир намоем, то ки бегонагон аз ноогоҳии ҷавонон истифода бурда мафкураи ботили худро ба сар онҳо бор накунанд. Ҳамзамон бояд таълимоти динӣ низ пурра аз ҷониби ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдор барномарезӣ, танзим ва ба амал татбиқ карда шаванд.
3. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва зоирони ҳаҷҷи фарзӣ гурӯҳи бештар осебпазири мубаллиғони ифротгароии салафӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат зарур мешуморем, ки ҳам муҳоҷирон ва ҳам ҳоҷиён тибқи барномаи махсуси таълимӣ-омӯзишӣ барои ворид шудан ба кишвари хориҷӣ аз нигоҳи сиёсӣ, тахассусӣ, эътиқодӣ ва ахлоқӣ омода шаванд. Ба назари мо, шаҳрвандони мусулмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққу ҳуқуқи комил доранд, ки ниёзҳои худро ҳам дар доираи арзишҳои давлати мустақили миллӣ ва ҳам дар фазои интегратсияи минтақавию умумисиломӣ ба амал татбиқ намоянд. Вале ин ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки мусулмонони тоҷик ба муаллимон, мубаллиғон ва пешвоёни хориҷие эҳтиёҷ доранд, ки аслан аз воқеияти ҳаёти динию иҷтимоӣ ва анъанаҳои ақлию зеҳнии кишвари мо хуб огоҳ нестанд. Хубтар мебуд, ки ин шарикони хориҷӣ доир ба омӯзиши мероси фаровони хаттию моддии исломӣ бо сохторҳои ҳукуматӣ ва ниҳодҳои илмии мо ҳамкории судманд ба роҳ мемонданд.
4. Созмон додани фазои солими тафаккуру андешаи динӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, гузоришу ташхис¬ҳои тахассусӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳҳои гуногун пай¬ван¬ди ногусастанӣ дорад. Мо боварӣ дорем, ки дар маҷмӯъ тадбирҳои зикршуда барои пешгирию паст бурдан ва ниҳоят решакан кардани шиддати шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротгаро ва давлати исломӣ, дарки дурусти арзишҳои давлатдории дунявӣ ва интихоби ҷаҳонбинии динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ мусоидат менамояд. Ба назари мо, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва уҳдадориҳои ойинномавии худро дар доираи имкониятҳои мавҷудаи кадрию тахассусиаш иҷро карда истодааст. Барои беҳтару хубтар кардани натиҷаи фаъолияти худ марказ бо тамоми вазорату идораҳо, мақомоти дахлдор, ниҳодҳои қудратӣ, макотиби олӣ ва муасисаҳои илмии ҷумҳурӣҳамкории васеъро ба роҳ мондааст, ки гарави муваффақиятҳои оянда мебошанд ва дар ниҳояти кор, барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт равона хоҳанд шуд.
АМИТ «Ховар»