12:56:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Arabi-Press: Гулмурод Ҳалимов дар Сурия кушта шуд

Нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон аз кушта шудани Гулмурод Ҳалимов - фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои мушакии нерӯҳои артиши Сурия хабар додааст.

gulmurod-shishani-45445

Нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар Сурия хабар дод, ки як моҳи пеш эълон карда буд, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст.

Ин нашрия 22 июн бо такя ба манобеи худ навишт, ҳамла ба Гулмурод Ҳалимов ва бархе дигар аз раҳбарони “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Абу Умар Шешонӣ, шоми ҷумъаи гузашта (19 июн) дар минтақаи Дайр Аз-Зури шаҳри Муҳассан дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои давлатии Сурия иттифоқ уфтодааст.

Ба қавли манбаъ, ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки Ҳалимову Шешонӣ ва дигар аз раҳбарони хориҷии ДОИШ дар як хона нақшаи амалиёти муҳими ҷангӣ ба фурудгоҳи низомии Дайр аз-Зорро мекашидаанд. “Араби Пресс” мегӯяд, “онҳо дар яке аз хонаҳо дар наздикии масҷид ҷамъ омада, интизори расидани корвони бузурги техникаи ҳарбӣ аз Ироқ буданд. Аммо соати 11-и шаб дар пайи зарбаи мушакӣ биное, ки он ҷо ҷаласа ҷараён дошт, хароб шуд”.

Дар пайи ин ҳамла Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расида, Абу Умари Шешонӣ сахт маҷрӯҳ шудааст. Яке аз манобеи “Араби Пресс” гуфтааст, яке аз раҳбарони ДОИШ тавассути телефон ба мақоми дигараш хабари марги Гулмурод Ҳалимов ва маҷруҳ шудани Абуумар Шешониро низ расондааст. Ба иттилои ин нашрия, рӯзи шанбеи 20 июн ҷасади Ҳалимов ба сӯи Ироқ ва Шешонӣ ба тарафи Раққаи Сурия, ки аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳи Давлати исломӣ мебошад, бурда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар Сурия изҳори бехабарӣ карда ва гуфтанд, то ҳоло дар ин бора иттилоъ дастрас накардаанд. Як манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ ба мо гуфт, ки то кунун аз кушта шудани полковник Гулмурод Ҳалимов хабар надоранд.

Полковник Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май, баъди як моҳи бе ному нишон шуданаш, бо нашри видео эълон кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад. Дар ин навори тақрибан 13-дақиқаӣ фармондеҳи пешини ОМОН мегӯяд, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрико низ иддаои Ҳалимовро таъйид намуд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад.

Ҳоло барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ва пахши як видео бо изҳороти ӯ, ки мегӯяд, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ситоди махсус таъсис ёфтааст.

Сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода мегӯяд, ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27 май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi