13:59:10 02-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Писари Кабирӣ ба ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам шуд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки писари калонии Муҳиддин Кабирӣ бо расондани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба ҲоҷӣҲалим ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ӯ кумак кардааст.

ruhullo-tillozoda_548964554.jpgМақомоти интизомии Тоҷикистон Рӯҳуллоҳ Тиллозода - писари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро барои дастрас кардани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифоъ, муттаҳам карданд. Бар асоси як гузориши расмии мақомот, ки шоми 26 октябр тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд, Рӯҳуллоҳ ин корро бо дархости падараш, ки он вақт дар Туркия қарор доштааст, анҷом дода, ҳамин тариқ, барои иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ваҳдат ёрӣ додааст.

Рӯҳуллоҳ Тиллозода, писари бузурги Муҳиддин Кабирӣҳоло дар хориҷа қарор дорад ва бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣҳамагӣ чанд рӯз баъд аз боздошти раҳбарони ҲНИТ аз Душанбе берун рафтааст. Ҳоло дар Душанбе ҳамсар ва ду кӯдакаш қарор доштаанд.

Дар ин гузориши мақомот Ҷамшед Нарзуллоев, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев ва Ҳикматулло Сайфов дар бораи қазияи чӣ гуна расондани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба дасти ҲоҷӣҲалим суҳбат карда, Муҳиддин Кабириро барои гӯё зери зарба мондани онҳо накӯҳиш карданд. Аз ду нафари аввалӣҳамчун хешу табор ва аз охирӣ ба ҳайси ронандаи раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ном бурда шуд. Онҳо гуфтанд, ки рӯзи 21 октябри соли ҷорӣ боздошт шудаанд.

Ҷамшед Нарзуллоев дар ин навори мақомот гуфт, “Рӯҳуллоҳ ба пеши ман омад ва гуфт, ки бояд 1 миллиону 200 ҳазор долларро ба ҲоҷӣҲалим диҳем. Чорсад ҳазорашро аз ин ҷо гирифту ҳаштсад ҳазори дигарашро аз сейфи худ овард. Баъд ҳамаи пулро дар халта андохт ва ба ҲоҷӣҲалим занг зад. Сипас бо ронандаи Муҳиддин Кабирӣ ба хонаи ҲоҷӣҲалим рафтанд.”

Ҳикматулло Сайфов, ронандаи Муҳиддин Кабирӣ низ дар ин гузориш ҳарф зад ва чӣ гуна то хонаи ҲоҷӣҲалим расидану баргаштанашонро нақл кард. Ӯ гуфт, “ба хонаи ҲоҷӣҲалим дар назди корхонаи нонпазӣ рафтем. Рӯҳуллоҳ даромад ва ман дар мошин истодам. Баъд аз он ки пулҳоро дода баромад, ба сӯи хонаи мо омадем ва ман аз мошин фаромадам. Ӯҳам рафт.”

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар хулосаи ин гузориши худ ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ваҳдатро “ҳосил”-и сармоягузортҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ донистанд. Онҳо аз Муҳиддин Кабирӣ раҳбари фирории ҲНИТ ном бурда, аз ӯ интиқод карданд, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои ғарбӣ паноҳ бурдааст, аммо ҳанӯз аз танқиди Тоҷикистон даст накашидааст. Ба иддаои онҳо, ин амали Кабирӣ обрӯи Тоҷикистонро дар назди созмонҳои байнулмилалӣ пойин мебарад.

Номи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, баъд аз ҳамлаҳои чоруми сентябр расонаӣ шуд ва мақомот ӯро барои ташкили исён айбдор карда, амалиёти густурдаро барои боздошти ӯ ва ҳамроҳонаш роҳандозӣ карданд. Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16 сентябр дар дараи Ромит ба поён расид ва худи ҳамон рӯз ва як рӯз баъд, бо дастури Додситонии кулл 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 29 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд.

Аммо ҳафтаи гузашта дар шабкаҳои иҷтимоӣ як суҳбати видеоии Муҳиддин Кабирӣ нашр шуд, ки макони сабташ маълум нест, вале дар он оқои Кабирӣ пайвандаш бо Назарзода ва ҳамлаҳои чоруми сентябрро рад мекунад. Ӯ дар ин навор мегӯяд, баръакс Абдуҳалим Назарзода дар хидмати ҳукумат қарор дошт ва ҳатто дар пайи интихоботисоли 2010 ба ӯҳушдор дода будааст, ки дар сурати даст ба тазоҳурот задани наҳзатиҳо хуни ноҳақ хоҳад рехт.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi