14:37:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Эътилофи зидди террори Чин бо Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

Чин тасмим гирифтааст, ки бо ширкати Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон эътилофи низомии зиддитеррор ташкил диҳад ва ҳамкориҳояшро барои мубориза бо терроризм дар минтақа бо ҳамсоягонаш тақвият намояд.

etilofi-ziddi-terror-2016Ба ин манзур ҳафтаи гузашта дар шаҳри Урумчии Шинҷони Чин мулоқоти раҳбарони нируҳои мусаллаҳи ин чаҳор кишвар баргузор гардид. Раёсати мулоқотро Фанг Фенҳуй, раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Чин бар ӯҳда дошт.

Раҳбарони ситодҳои муштараки нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, Покистон Роҳил Шариф ва Афғонистон Қадам Шоҳ Шаҳим дар ин мулоқот ширкат ва ҷонибдории кишварҳои худро барои ташкили чунин эътилоф изҳор доштанд. Онҳо хатари терроризм ва тундгароӣ ба амнияти минтақаро таъйид кардаанд ва изҳор доштаанд, ки дар якҷоягӣ ба ин чолишҳои ҷиддии амниятӣ дар минтақа ҷавоб хоҳанд дод.

Масъалаи ташкили ин эътилоф пештар аз мулоқоти Урумчӣ ҳал шуда буд. 29 феврал ва 1 марти соли ҷорӣ пайиҳам Фанг Фенҳуӣ ва Роҳил Шариф аз Тоҷикистон боздид ва бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буданд. Фенгҳуй дар зимн аз Афғонистону Покистон низ боздид ва бо раҳбарони ин кишварҳо низ дидор дошт. Вале он вақт дар бораи ташкили эътилоф ҳеҷ яке аз тарафҳо изҳори ақида накарда буд, гарчӣ дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо Го Шенкун, вазири амнияти ҷамъиятии Чин 25 феврали соли ҷорӣ ишораҳое дар ин бора мушоҳида шуда буд.

Агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки дар бораи ташкили эътилоф раҳбарони кишварҳо тасмим мегиранд, пас метавон гуфт, ки Фанг Фенҳуӣ бо ҳамин паём ба дидори раҳбарони се кишвар омада буд ва он вақт ин тасмими сиёсӣ бо онҳо, аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 29 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳамоҳанг шуда буд.

Се кишвари мусулмоннишини минтақа дар ҳоле бо Чин эътилоф мекунанд, ки Афғонистону Покистон аз муддатҳо пеш зери нуфузи Амрико қарор доранд. Тоҷикистон аз минтақаҳои зери нуфузи Русия дониста мешавад ва ҳатто мизбонии пойгоҳи низомии 201 Русияро дар хоки худ бар ӯҳда дорад.

​Александр Голтс, коршиноси низомии рус, ки аз Шветсия бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, ташкили ин эътилофро гардиши муҳиме дар сиёсати Чин медонад: “Агар ташкили ин эътилоф дуруст бошад, ин бад-он маъност, ки он ба сиёсати азалии Чин муғойират дорад, зеро Чин ба таври ҷиддӣ аз узвият дар ҳар гуна созмон ё иттиҳоди низомӣ саркашӣ мекард. Агар эътилофи Чин бо се кишвари мусулмон дуруст бошад, дар он сурат мо гардиши ҷиддиро дар сиёсати Чин мушоҳида хоҳем кард.”

Ҳамзамон оқои Голтс таъкид мекунад, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ҳузур доранд. Дар чунин вазъ Чин чӣ тавр фаъолиятҳо ё муборизаҳои зиддитеррористии худро дар ин кишвар бо кишварҳои ин эътилоф ҳамоҳанг мекунад? Чунин вазъ дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад, кишваре, ки мизбонии пойгоҳи 201 низомии Русияро бар ӯҳда дорад ва Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ низ мебошад.

Оқои Голтс мегӯяд, агар воқеан эътилофи зери назари Чин ташкил шавад, дар он сурат метавон гуфт, ки ин кишвар акнун мехоҳад нақши калидиро дар таъмини амнияти минтақа бар ӯҳда бигирад. Чунин кор, албатта, барои Чин масъулияти бузург ва пурмасраф хоҳад буд, вале агар чунин аст, Чин мехоҳад, ки дар симои он абарқудрати бузургро эътироф кунанд.

Чин кишвари дорои ҳазинаҳои бузурги молист. Коршиносон мегӯянд, ки ин кишвар на аз роҳҳои низомӣ, балки бо сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар сохтмони роҳҳову шабакаҳои барқ ва обрасонӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ ва бо сиёсати “каҷ дору марез”-и муросо бо Толибону дигар нерӯҳои ифротиву тундгаро, метавонад фазои амниятиро тағйир диҳад.

Нишонаҳои чунин сиёсати Чин аз ҳоло дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Сохтмони роҳҳову нақбҳо ва корхонаҳо ҳамин ҳадафро дунбол мекунад. Ба гуфтаи оқои Голтс, ҳадафи Чин дар марҳилаи баъдӣ, таъмини амният дар имтидоди Роҳи бузурги Абрешим ва таъмини манофеи иқтисодиаш дар кишварҳои ин масир мебошад.

​Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси сиёсии тоҷик низ бидуни он, ки аз ақидаи Голтс огоҳ бошад, ҳамин масъаларо матраҳ мекунад ва мегӯяд, ҳадафи тарҳи эътилофи зиддитеррористии зери назари Чин ҳимоят аз манфиатҳои иқтисодиаш дар кишварҳои имтидоди Роҳи Абрешим аст ва “ин кишвар дар ҳар ҷо пеш аз ҳама дунболи манфиатҳои иқтисодии худ мегардад. Саъй мекунад, аз кишварҳои хориҷӣ маводи сӯхт ворид кунад ва дар кишварҳои дигар барои молу колои худ бозор ёбад”.

Оқои Абдулло мегӯяд, маъмулан абарқудратҳо эътилоф ташкил мекунанд ва кишварҳои дигарро ба он ҷалб мекунанд ва аксар вақт худи абарқудратҳо “бори эътилофро мекашанд”. Эътилофи кунунӣ низ ҳамин гуна аст.

Чин баъд аз фурӯпошии шӯравӣ нуфузи иқтисодии худро тадриҷан дар минтақа густариш медиҳад ва акнун замоне фаро расидааст, ки аз манфиатҳои иқтисодии худ ҳадди ақал дар кишварҳои масири Роҳи Абрешим дифоъ кунад, то ифротгароӣ ва терроризм ба ин манфиатҳо зарба назананд.

Таҳлилгари амниятии Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, “ташкили эътилофи зиддитеррори ин чаҳор кишвар ба маънои он нахоҳад буд, ки нерӯҳои Чин ва ё Покистон биёянд ва дар Афғонистон ё Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза кунанд ва ё баръакс. Ин эътилоф бештар машқҳои муштараки низомӣ анҷом медиҳад, нерӯҳои вижаро дар ин чаҳорчӯба омӯзиш медиҳад ва бо таҷҳизоти низомӣ кӯмак мекунанд. Ин кӯмакҳоро, албатта, Чин ба се узви дигари эътлоф хоҳанд расонд”.

Бо вуҷуди ин ки Русия ба таври расмӣ ба ташкили ин эътилоф вокуниш нишон надодааст ва онро гӯё нодида мегирад, вале Марк Тонер, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико онро қадами мусбат хондааст ва ба матбуот гуфтааст, ки “дар ин минтақа корҳои зиёде ҳаст, ки бояд анҷом бигирад ва ин кишварҳо ҳамаашон аз терроризм дар минтақа осебпазир мебошанд ва фаъолиятҳои худро дар минтақа дар ин замина ҳамоҳанг мекунанд. Ин кор ҷанбаи манфӣ надорад, дарвоқеъ, мо онро мусбат арзёбӣ мекунем”.

Ин се кишвари мусулмоннишини минтақа ҳамзамон бо мубориза бар зидди терроризм мехоҳанд аз ёриҳои молии Чин дар бахшҳои низомии худ низ баҳраманд шаванд. 1 марти соли ҷорӣ Фанг Фенҳуй дар мулоқот бо Аҳмад Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон қавл дода буд, ки ба бахши низомии Афғонистон 70 миллион кӯмак хоҳад кард. Ин кӯмаки низомӣ бар иловаи ёриҳои молие хоҳад буд, ки Чин дар бахшҳои иқтисод ва бозсозии Афғонистон саҳм мегирад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi