22:20:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

«ТУ ВАТАН БИШНОС…». Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Н. Абдуғаффорзода пешниҳодоти АМИТ «Ховар»-ро қобили қабул ва дастгирӣ мешуморад

Андешаҳои шореҳи адабии АМИТ «Ховар», нависанда ва публиcист Мансур СУРУШ таҳти унвони «Тоҷикистони маро бар ман намой», ки дар сомонаи мо (ниг.www.khovar.tj) 6 феврали соли 2018  чоп шуд, дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор гирифт. Дар иртибот ба ин мавзӯъ Раиси Кумита Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА  чунин ибрози назар намуд:

Tochikistoni-maro— Воқеан ҳам рушди сайёҳии дохилӣ мавзӯи  бисёр муҳим аст ва на танҳо барои кишвари мо.  Дар тамоми ҷаҳон сайёҳии дохилӣ аз рўи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба сайёҳии байналмилалӣ ҳатто бартарӣ дорад. Зеро аз рўи саҳм сайёҳии дохилӣ 75 – 80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дарбар мегирад. Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳалли сафар ва урфу одатҳои онҳо мушкилӣ мекашад. Дар сайёҳии дохилӣ ин мушкил ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф зада, аз одатҳои якдигар бархўрдоранд. Дигар омили мусоидаткунандаи сайёҳии дохилӣ ин дастрасии нархҳо буда, сафар дар дохили мамлакат нисбат ба кишварҳои хориҷӣ камхарҷтар аст. Ғайр аз ин, сайёҳии дохилӣ барои огаҳии комил пайдо кардани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадима ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ аз мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандўстӣ ва меҳанпарастӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ин маврид  навиштааст:

 Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан

 Аз дили ту кай равад ҳуббулватан?!*

Мавлавии Балхӣ  дар бархӯрд бо мафҳуми «Ватан» ҳатто аз биниши динӣ фаротар рафта, усули «муҳаббат ва дилбастагӣ ба зоду бум танҳо ба хотири эътиқод ба уммати исломӣ»-ро рад мекунад ва ба унвони орифе нисбат ба бардошти зоҳирӣ ва сатҳӣ аз мафҳуми «Ватан» дар ҳадиси набавӣ чунин ҳушдор додааст:

 Ҳамчунин ҳуббулватан* бошад дуруст,

 Ту ватан бишнос, ай хоҷа, нахуст…

Боиси хурсандист, ки сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол байни шаҳрвандон маъруфияти бештар  касб мекунад.  Ба раванди рушди сайёҳии дохилӣ мавҷудияти беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ, захираҳои зиёди экологӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҳкими заминаҳои қонунгузории рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат менамоянд.

Дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳии дохиливу байналмилалӣ ҳудуди 65 дарсади объектҳои санаторию курортӣ навсозӣ ва барқарор шуда, миқдори зиёди объектҳои хусусӣ бунёд ёфтаанд, ки барои ташкили намудҳои гуногуни истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон равона шудаанд.

Бояд гуфт, ки  солҳои охир талабот ба маълумоти оморӣ оид ба соҳаи сайёҳӣ афзудааст. Пеш аз ҳама ин ба афзоиши рушди саноати сайёҳӣ ва нақши он дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоиёт алоқаманд аст. Мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал шароитро барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои самарабахш дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорати меҳмондорӣ, тақвият додани ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат муҳайё мекунад.

Айни замон омори сайёҳии кишвар зери таваҷҷуҳи доимӣ ҷиҳати ҳамоҳангӣ бо таҷрибаи васеи хориҷӣ қарор дорад. Маълумоти оморӣ аз ташрифи сайёҳон ба объектҳои сайёҳӣ, ки дар боло зикр намудем, дар як соли охир нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба сайру саёҳат ва боздид аз маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва истироҳатӣ, махсусан сайёҳони дохилӣ зиёд гардидааст. Тибқи маълумоти дастрас соли 2017 боздиди сайёҳони дохилӣ аз мавзеъҳои сайёҳиву фарҳангӣ ва  зиёратии мамлакат дар маҷмуъ ба беш аз 460000 нафар расид.

Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд, ки дорои Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нўъмон Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, хона музейи Камоли Хуҷандӣ инчунин, Қалъаи Куҳандиз буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоид аст.

Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент — Саразм чун пойгоҳи омезиш ва такомули чандин фарҳанги қавми ҳиндуаврупоӣ шинохта шуда, таърихи 5500-сола дорад. Маҳз ҳамин хусусияти Саразм боиси таваҷҷуҳи сайёҳони зиёд гардидааст.

Муассисаи давлатии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб дар заминаи Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тобеияти Осорхонаи Сайидалӣ Вализода ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 солагии Кўлоб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 фаъолият менамояд. Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ соли 1958 таъсис ёфтааст. Соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру тармим гардидааст. Соли гузашта аз осорхона сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷопон, Олмон, Фаронса, Тайланд, Корея, Эрон, Чин, Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Исроил дидан намуданд.

Ба тамошои мавзеъҳои зиёратии ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ зиёд гаштааст. Мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ таърихи зиёда аз 3-5- ҳазорсола дошта, дар ин мавзеъ манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияи Сангворро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд. Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг мебошад. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 мақбара навсозӣ карда шуд. Дар назди он чашмаҳои Ҳикмат, Махфират, Раҳмат, Мурод ва Шифо ҷорианд.

Боиси хушнудӣ аст, ки рўз ба рўз саноати сайёҳӣ дар мамлакат рушд ёфта, хизматрасонии осоишгоҳҳо ва марказҳои истироҳатӣ рў ба беҳбудӣ оварда, диққати зиёди сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Гармобаи шифобахши «Гармчашма», дар масофаи 48 км аз шаҳри Хоруғ ва 73 км аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр дар дараи хушманзараи маҳаллаи миёнакўҳ воқеъ мебошад. «Гармчашма» хусусиятҳои табобатӣ дошта, барои бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, узвҳои такя ва ҳаракат, системаи асаб, бемориҳои занона муфид мебошад. Дар «Гармчашма» меҳмонхонаи «Сомон ТМ», ҳомстейҳои «Баҳор», «Чашма», «Ғайюрҷон» ва «Ғайёс» фаъолият мекунанд. Меҳмонхонаи «Сомон ТМ», дорои апартаментҳои сатҳи баланд ва миёна ва коттеҷҳо буда, ҳамасола ба шумораи зиёди сайёҳон хизмат мерасонад. Қайд намудан зарур аст, ки дар мавсими табобат меҳмонхонаву ҳомстейҳои ин мавзеъ аз сайёҳ пур гашта, 80 дарсади сокинони маҳаллӣ низ, ки 75 хонаводаро ташкил медиҳанд ба сайёҳон барои таъмини ҷойи хоб ва дигар хизматрасониҳо ёрӣ мерасонанд. Миқдори сайёҳоне, ки бо мақсади табобату истироҳат дар ин мавзеъи табобатӣ қарор мегиранд, дар мавсим 2000 — 2500 нафарро ташкил медиҳад.

Осоишгоҳи «Ямчун» (Биби Фотимаи Заҳро) дар деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз шаҳри Хоруғ ва 83 км аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 3300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Чашмаи «Биби Фотимаи Заҳро» хусусияти нодири табобатӣ дошта, ба бемориҳои узвҳои ҳозима, такя ва ҳаракат ва занонаро шифо мебахшад. Осоишгоҳи Ямчун барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон буда, дорои 40 кат мебошад. Дар ин мавзеъ, инчунин, ҳомстейҳои «Вахон», «Мирзо», «Миралӣ», «Самадов Ақназар» ва «Раъно» фаъолият менамоянд. Дар мавсими табобату истироҳат дар ин мавзеи табобатӣ то 1000-1500 сайёҳон хизматгузорӣ мешаванд.

Осоишгоҳи «Баҳористон» дар шимоли Тоҷикистон дар соҳили «Баҳри Тоҷик» дар шаҳри Гулистон воқеъ гаштааст. Осоишгоҳ 22 гектар масоҳат дошта, аз биноҳои табобатӣ, ҳавзҳои кушоду пўшида барои оббозӣ, 5 бино барои хоб, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, дискоклуб, боулинг, интернет клуб, СПА комплекс, майдончаи кўдакона, толори синамои 3D, маркази косметологӣ ва чойхонаи миллӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо шароити хуби табобатӣ ва ҳуҷраҳои бароҳат барои истироҳату фароғат муҳайё гаштаанд. Осоишгоҳ иқтидори дар як вақт қабули 800 меҳмонро дошта, соли гузашта ба 24714 сайёҳи дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ намудааст, ки аз онҳо 3937 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар муддати кўтоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ иборат аст. Меҳмонхона бо мебели замонавӣ, хати интернет, оби гарм, системаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин аст. Меҳмонхонаи маҷмааи варзишӣ аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 мизоҷро қабул намояд.

Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хўрокворӣ, мағозаи фурўши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд.

Ҳамаи ин дороиҳо имконият медиҳанд, ки сайёҳон аз таърихи гузаштаи қадимаи зиндагонии миллати тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд. Аз табиати биҳиштосои диёри мо, обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, кўлҳои зиёду зебои кўҳӣ таассуроти рангин бардоранд. Дар чашмаҳои мусаффо ва дорои хусусияти табобатии нодир аз дардҳои худ раҳо ёбанд.

Аммо бо вуҷуди бузург будани имкониятҳо ва авҷ гирифтани сайёҳӣ байни мардуми маҳаллӣ иқтидори сайёҳии кишвар ба таври кофӣ истифода намешавад. Пешниҳоди хизматрасонӣ, бунёди ифрасохтор, ташаккули технология дар ин самт беҳбудиро тақозо менамоянд. Дар ин ҷода Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ барои инкишофи ин бахши иқтисодиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, захираю имконоти бойи дохилиро самаранок мавриди истифода қарор дода истодаанд. Ин омил на танҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ, балки беҳтар гаштани вазъи сайёҳии воридотӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сатҳти зиндагии аҳолии маҳаллӣ таъсири мусбат мерасонад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ба самтҳои калидии бозори сайёҳӣ, ташаккули рақобатпазирӣ ва рушди намудҳои афзалиятноки сайёҳӣ, ки метавонанд сайёҳии воридотӣ ва дохилиро ба самти даромадноки Тоҷикистон табдил диҳанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин ҷода якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ бунёди меҳмонхонаҳо, иншооти сарироҳӣ, осоишгоҳҳо, комплексҳо, маркази хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар табдирҳо роҳандозӣ гардида, ба рушди сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию рекреатсионӣ, кўҳнавардӣ ва сайёҳии шикорӣ диққати асосӣ дода хоҳад шуд.

Дар ин давра бо мақсади муаррифӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, инчунин ташвиқу тарғиби сайёҳии дохилӣ, кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак, Шаҳринав, Файзобод, Рашт, Айнӣ, Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара»-и ноҳияи Варзоб, мавзеъҳои Ромиту Канаски шаҳри Ваҳдат боздид намуданд ва имкониятҳои бузурги сайёҳии ин минтақаҳо муаррифӣ карда шуданд. Дар натиҷа беш аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия гардид. Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлолият ва устувории Ваҳдати миллӣ, таъмини иштироки фаъолона дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар рўзҳои аввали фаъолият хатсайри ройгони 50 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро аз ҳисоби омўзгорон ва табибону деҳконон ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва 50 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро аз ҳисоби омўзгорон ва табибону деҳқонон ба мавзеъҳои сайёҳии вилояти Суғд ташкил намуда, ба рушди сайёҳии дохилӣ дар ҷумҳурӣ оғоз бахшид.

Тули се рўз меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва тамошобоби шаҳри Душанбе аз ҷумла, боғи «Парчами давлатӣ», боғи «Рўдакӣ», «Нишони давлатӣ», боғи «Шаршара», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва ҳайкали «Исмоили Сомонӣ», Кохи Наврўз, Қалъаи Ҳисор, боғҳои ангури шаҳри Турсунзода, имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон дидан намуданд.

Айни замон як қатор ширкатҳо, аз ҷумла ҶДММ «Тоҷик Тур», ҶДММ «Ҷавоҳир», Муассисаи сайру саёҳати Иттифоқҳои касаба, ҶДММ «Роҳат Тур», ҶДММ «Ором саёҳат», ҶДММ «Вояж тур», ҶДММ «Ориент Адвентур» ва дигар ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои гуногунро ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла мавзеъҳои диданибоби шаҳри Душанбе, Душанбе-Қалъаи Ҳисор, Душанбе-Сафед-дара”, Душанбе-Норак (ду намуд), Душанбе-Искандаркул (ду намуд), Душанбе-Варзоб, Душанбе-Ромит, Душанбе-Муминобод (бо фарогирии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва шаҳри Кулоб), Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Шаҳритус (бо фарогирии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»), Душанбе-Бадахшон мунтазам роҳандозӣ намуда истодаанд.

Ташаббуси мазкур минбаъд, ки барои кашфи захираҳои нав, таҳияи хатсайрҳои ҷолиб аз маконҳои тамошобоби кишвар муфид аст, идома меёбад.

Бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва барои беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар ду соли охир дар мизони андозиву гумрукӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шуд, ки барои истифодаи имконоти сайёҳии кишвар ва гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи рушди соҳа заминаи воқеӣ мегузорад.

_________________________________________________

* Ҳуббулватан (арабӣ)  — муҳаббат ва дилбастагӣ бо зоду бум.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi