20:58:21 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ифтитоҳи муҷассамаи Деваштич ва Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯсти”

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро дар маркази ноҳия ифтитоҳ карданд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст. Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.

janob 45123265545Баъди ифтитоҳи муҷассама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузоштанд.Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Деваштич бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ монданд. Сохтмони муҷассамаи Деваштич низ аз иқдомҳои нек дар ин самт мебошад.

Деваштич - яке аз шоҳони охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарон иштирок кардааст.

Ба номи шахсиятҳои маъруф ва таърихӣ номгузорӣ кардани шаҳру ноҳияҳои кишвар ва гузоштани муҷассамаи онҳо қадршиносию арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳояшон баҳри пойдории давлатдории тоҷикон ва бақои мардуми тоҷик дар масири таърих аст.

Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯсти”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. 

Иншооти мазкур аз ду ошёна, 10 синфхона, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, утоқҳои роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд. Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. 

Дар рафти корҳои сохтмонии он беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буданд.Дар баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар кӯдастони “Дӯстӣ” ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 10 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон муҷҷаҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 26 ва паҳнои 13 метр сохта шудааст, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. 

Ҳудуди ин муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ карда шуда, пурра чароғон мебошад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани кӯдакистон дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст буда, бо ангишт ва ҳам бо неруи барқ кор мекунад.

Маҳз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки соҳаи маориф давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда сохта ба истифода дода мешавад. Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз ин шароити мусоид кӯдакону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi