Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз омадааст, кулли мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик мегӯям.
Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.
Қавмҳои ориёӣ Наврӯзро ҳанӯз дар ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод – дар аҳди сулолаи Пешдодиён бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд.
Аслан Наврӯз – ин маҷмӯаи маънавии неку созанда – се ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва чоруним ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом ба вуҷуд омадааст ва тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ҳанӯз дар ҳамон давраҳои бостон дар қаламрави зисти қавму халқиятҳои гуногун таҷлил мегардидааст.
Нуктаи муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз ин аст, ки фалсафа, ҳикмат ва мантиқи он бо ягон дин ё мазҳаб робитае надорад ва ойини сирф мардумӣ, баробар ба ҳама, ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад.
Яъне сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки асли Наврӯз ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад.
Ба туфайли ҳамин ҷавҳари мардумии Наврӯз дар чорабиниҳои идона хурду бузург озодона ва баробар ширкат меварзанд ва хурсандӣ мекунанд.
Боз як ҳикмати инсондӯстонаи Наврӯз аз байн бардоштани кинаву адоват, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ҳамин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад.
Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи тафаккури созандаву башардӯстонаи халқи мо ҳанӯз аз замонаҳои хеле қадим ба ҳисоб меравад.
Яъне расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.
Дар робита ба ин, мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст.
Ҳамватанони азиз!
Ҷашни Наврӯзи имсола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон дар замони истиқлолияти давлатӣ мисли мардуми дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар фазои сулҳу субот зиндагиву фаъолият карда, ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз ҳамчун айёми зиндашавии табиат ва оғози кори кишоварзон аз ҷониби сокинони вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо шукӯҳу ҷалоли хосса ва анъанаҳои хоси мардумӣ таҷлил карда мешавад.
Тарзи ҳаёт ва фарҳанги моддиву маънавии сокинони ин мавзеи бостонӣ таърихан дар омезиш бо анъанаҳои наврӯзӣ ташаккул ва такмил ёфта, бо мурури замон шаклу мазмуни нав пайдо кардааст.
Вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш, ҳамчунин, бо зироаткориву боғпарварӣ дар кишвар шуҳрат дошта, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо меваи тару тоза ва сабзавоти барвақтӣ саҳми намоён дорад.
Боиси қаноатмандист, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз сохтмони як қатор иншооти наву замонавӣ ба анҷом расидааст, ки имрӯз мо як қисми онҳоро ифтитоҳ намудем.
Аз ҷумла, муассисаи томактабӣ барои 330 нафар кӯдак, литсейи президентӣ ва ду хобгоҳ барои омӯзгорону хонандагони он, майдонҳои зебои Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ҳамчун натиҷаи заҳмати сокинони ноҳия имрӯз ба истифода супорида шуданд.
Ҳамчунин, якчанд иншооти дигар ба хотири бузургдошти мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ – гулгашт ва муҷассама, мақбараи рамзӣ ва осорхонаи ин шахсияти барҷастаи таърихӣ аз ҷумлаи иншооти имрӯз ба истифода супоридашуда мебошанд, ки далели возеҳи заҳматдӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтироми мардуми зодгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҷашни Наврӯз ва хотираи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Бо сохта ба истифода супорида шудани иншооти навбунёди имрӯза маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳоло ба як шаҳраки муосиру зебо ва ба яке аз мавзеъҳои зебоманзари кишвар табдил ёфтааст.
Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ минбаъд метавонад ба шарофати номи ин мутафаккири бузург ҷойи бисёр мувофиқи истироҳату фароғати сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардад.
Дар робита ба суннатҳои неки Наврӯз мехоҳам таъкид намоям, ки онҳо бо ҳадафу ниятҳои созандаи халқи мо, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоҳангии комил доранд.
Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Тавре мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷаҳон марҳалаи нави буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ва вобаста ба ин, болоравии босуръати нархҳо идома дорад.
Дар чунин шароити нигаронкунанда ба кишоварзон муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар рӯзи мусоиди баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расонанд, кӯшиш намоянд, ки аз як замин се – чор ҳосил ба даст оваранд ва бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин созанд.
Табиат барои мо ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла замини ҳосилхез, оби фаровон ва рӯзҳои зиёди офтобиро муҳайё кардааст.
Муҳимтар аз ҳама, мо мардуми заҳматдӯст, маданияти баланди таърихан ташаккулёфтаи заминдорӣ ва таҷрибаи зиёди кишоварзӣ дорем.
Мо бояд аз ин имкониятҳои доштаамон самаранок истифода барем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.
Ман ба тамоми мардуми азизи Тоҷикистон як масъалаи муҳимро таъкид месозам: мо набояд аз мушкилоти имрӯзҳо бавуҷудомада нигарон бошему дар таҳлука афтем.
Баръакс, мо бояд мисли ду соли гузашта, яъне давраи авҷи пандемияи коронавирус сарҷамъу муттаҳид бошем, дасти якдигарро гирем, ба ҳамдигар кумак расонем ва фаромӯш накунем, ки давраҳои аз имрӯза вазнин, аз ҷумла солҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо сабру таҳаммул, бо кумаку дастгирии якдигар ва бо заҳмати аҳлона паси сар кардем.
Мо бояд ба хотири рушду инкишофи ояндаи Тоҷикистони азизамон, махсусан, дар панҷ соли наздик, ки дар мамлакат «Солҳои рушди саноат» эълон шудааст, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, барои ҳамватанонамон ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем, иқтидори содиротии мамлакатро тақвият бахшем, сатҳу сифати зиндагии сокинони кишварро боз ҳам баланд бардорем ва Ватани маҳбубамонро беш аз пеш ободу зебо гардонем.
Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Итминони комил дорам, ки сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар радифи кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин раванд саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар фарҷоми сухан бори дигар хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони ватандӯсту сарбаланди вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, ҳамаи шумо – иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави аҷдодии халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар бахту иқболи баланд, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ орзу менамоям.
Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!
http://president.tj/node/28016