11:24:55 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд.

mashvarati-kori 6565651212Дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, оид ба васеъ намудани имкониятҳои ташаккулдиҳии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии мамлакат, зиёд намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналмилалӣ муҳокимаронӣ доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба таъмин намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин дар кори машварат иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти рақами 586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таъкид гардид.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi