06:07:26 04-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ РАҲМОН БО ҲУСАЙНИ АНВОРӢ

13 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарпарасти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайни Анвориро ба ҳузур пазируфт.

 

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи хайриявӣ ва фарҳангии давлати дўсту ҳамзабони мо - Эрон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои фаъолияти 14-солаи Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои корҳои зиёди анҷомдодаи он арзи сипос намуд, бахусус барои омўзиши занону духтарон ва таъсиси коргоҳҳои хонагии қолинбофӣ.

 

Бо қаноатмандӣ аз таъсиси 10 омўзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва кўмакҳои зиёди Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, донишомўзон ва ғайра, дар баргузорсозии маросими тўйи ҷавонони ятиму камбизоат, мадади фаврӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, таъмири манзили зисти мададҷўён ва пардохти маблағҳои коркушоӣ ёдоварӣ шуд.

 

Ҳамзамон зарурати густариш додани ҳамкорӣ баҳри дастгирии соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла дар бунёди корхонаҳои хурди коркарди ашёи хом, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар корҳои хайру савоб таъкид гардид.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1541-mulokoti-rahmon-bo-husayni-anvori.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854