08:41:13 29-уми Апрели 2025 сол

ИНТИҚОДИ САҲУ АЗ НИЗОМИ ИНТИХОБОТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар Тоҷикистон мегӯяд, ки қонуни интихоботи ин кишвар зарфияти кофӣ барои ҷилавгирӣ аз навоқис ва костиҳо дар ҷараёни интихоботро надорад. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, аз ҷумла, мавҷуд набудани системи ягонаи сабти номи раъйдиҳандагон дар Тоҷикистон аз ифшои мавориди раъйдиҳии чандбораи як нафар монеъ мешавад.

 

Ин матлаб дар гузориши нахусти ҳайъати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари (ДНДҲБ) Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ки бар ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон назорат мекунанд, бозтоб ёфтааст. Дар ин гузориш, ки рӯзи сешанбеи 9 феврал мунташир шуд, таъкид шудааст, ки баъд аз баргузории интихоботи порлумонии соли 2005 ин ниҳод барои ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон пешниҳодҳое ба давлати ин кишвар ироа карда буд, вале ин пешниҳодҳо нодида гирифта шудаанд.

 

Ба навиштаи нозирони интихоботии САҲУ, ислоҳи қонуни интихоботи Тоҷикистон, ки соли 2004 сурат гирифт, “заминаҳои қонунии интихоботро беҳтар сохта, аммо навоқиси қобили таваҷҷуҳе дар ин қонун боқӣ мондааст.”

 

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳайъати нозирони САҲУ дар соли 2005 набуди муқаррарот дар мавриди фаъолияти нозирони дохилӣ, шомили гурӯҳҳои гуногун набудани кумисиюнҳои интихоботӣ, системи нокомили расидагӣ ба шикоёт, муқаррароти норӯшан дар бораи сабти номи раъйдиҳандагон, наҳваи раъйдиҳии онҳо, шумориш ва радабандии ороро аз ҷумлаи навоқис дар ин қонун ба шумор оварда буд.

 

Ҳамакнун ҳайъати феълии нозирони САҲУ, ки барои назорат бар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, дарёфтааст, ки давлати ин кишвар ҳеч кадоме аз тавсияҳои ин созмон барои рафъи навоқиси мазкур дар системи интихоботи порлумонии худро ба мавриди иҷро нагузоштааст.

 

Аз ҷумла, таъкид мешавад, ки таҷрубаи интихоботи гузашта собит карда буд, ки бо истифода аз қонуни мавҷуда таъсиси кумисиюнҳои интихоботии фарогир ва дорои ҳайъате гуногунандеш дар Тоҷикистон ғайримумкин аст. Ба эътиқоди нозирони феълии САҲУ, ин систем дар мавриди кумисиюнҳои маҳаллӣ дастнахӯрда боқӣ мондааст, ҳарчанд ҳайъати Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои пеш фарогиртар шуда ва аз лиҳози сиёсӣ мувозинати бештаре ба даст омадааст.

 

Бо ин ҳол, дар ин гузориш аз қавли масъулони ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон омадааст, ки номзади ин ҳизб ба узвият дар Кумисиюни марказии интихобот аз сӯйи Президент Раҳмон рад шудааст. Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари САҲУ ҳамчунин ба набуди феҳристи ягонаи саросарӣ ё минтақаии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, ки ин амр аз ифшои мавориди чандин бор номнавис шудан ва раъй додани як нафар монеъ мешавад.

 

Ҳамчунин, ба навиштаи муаллифони гузориш, мушкилоте дар наҳваи шумориши оро ва эъломи натоиҷи интихобот, системи баррасии арзу шикоёт ва фаъолияти нозирони ғайриҳизбии дохилӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи нозирони САҲУ, системи расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ дар Тоҷикистон нокомилу норӯшан ва муқаррароти қонун дар ин бора "духӯра" аст.

 

Тибқи қонун дар Тоҷикистон кумисиюнҳои интихоботӣ ва додгоҳҳо ба шикоёти марбут ба интихобот расидагӣ мекунанд, вале нақш ва салоҳиятҳои додгоҳ ва кумисиюни интихоботӣ ба таври мушаххас аз ҳам ҷудо карда нашудааст, ки ин мавриди нигаронии нозирони САҲУ будааст.

 

Дар ин гузориш омадааст, ки куллияи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар дар пайи музокироти тӯлонӣ лоиҳаи ислоҳот ба қонуни интихоботро таҳия карда буданд, вале ҳизби ҳокими халқи демукрот аз имзои ин санад худдорӣ карда ва ба ин тартиб ин тарҳи ислоҳот то ҳол мавриди баррасии порлумон қарор нагирифтааст.

 

Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари САҲУ ҳамчунин аз набуди таблиғоти интихоботӣ ё огоҳгарӣ дар бораи интихобот дар расонаҳои гурӯҳи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллифон, то имрӯз мардуми Тоҷикистон аз масоили интихоботӣ камтар мутталеъ карда шудаанд ва ба ҷойи ин, давлат ва расонаҳо бештар ба "таблиғоти густарда дар бораи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷомеъа" машғуланд.

 

Афзун бар ин, нозирони САҲУ мегӯянд, ки расонаҳо ва нашриёт дар Тоҷикистон нақши густардае дар огозсозии мардум дар бораи масоили интихоботӣ надоранд, чун бештари нашрияҳо дар ин кишвар бо шумори андаке чоп мешаванд ва мардум ба ҷуз телевизиюнҳо ва родиюҳои давлатӣ ба манобеъи олтернотиви хабаррасонӣ дастрасӣ надоранд.

 

Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари САҲУ ҳамаи интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро назорат мекунад ва пайваста аз наҳваи баргузории онҳо интиқод мекунад. Вале нозирони Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой, ки низ бар ҷараёни интихоботҳо назорат мекунанд, пайваста гузориш медиҳанд ки интихоботҳо дар Тоҷикистон бо риъояти мавозини демукросӣ баргузор шудаанд.

 

Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари САҲУ дар ҷараёни корзори интихоботӣ маъмулан чанд гузориши миёндаврӣ ва як гузориши ниҳоӣ аз натоиҷи интихобот таҳия ва мунташир мекунад. Интизор меравад дар интихоботи 28 феврал ҳудуди 550 нозири хориҷӣ бар ҷараёни муборизоти интихоботӣ ва раъйдиҳиву шумориши оро дар ҳавзаҳо ва марокизи мухталифи раъйгирӣ назорат кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1719-2010-02-09-17-43-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ