20:42:14 20-уми Майи 2025 сол

САФАРИ ҲАЙЪАТЕ АЗ МАҚОМОТИ ЭРОНӢ БА ТОҶИКИСТОН

Ҳайъате аз мақомҳои омӯзишу парвариши Эрон барои анҷоми сафаре серӯза ва баррасии ҳамкориҳо дар заминаи омӯзишу парвариш бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

 

Тибқи иттилоъи бахши равобити умумии сафорати Эрон дар Душанбе, Ҳуҷҷатулислом Баҳроми Муҳаммадиён, муъовини пажӯҳишии вазири омӯзишу парвариши Эрон, дар раъси ин ҳайъат қарор дорад. Оқои Муҳаммадиёнро дар ин сафар Довуд Наъимӣ, мудири кулли таъмини манобеъи Созмони навсозӣ, тавсеъа ва таҷҳизи мадориси Эрон ва Маҳмуди Амонии Теҳронӣ, коршиноси кутуби дарсӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

Сафорати Эрон ҳадаф аз сафари ин ҳайъат ба Тоҷикистонро пайгирии умури марбут ба таъсиси мадрасае байналмилалӣ, роҳандозии дафтари Конуни парвариши фикрии кӯдакон ва навҷавонон ва чопи кутуби дарсӣ бо алифбои ниёкон дар мақотеъи мухталиф барои донишомӯзони тоҷик унвон кардааст. Ин манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки мулоқот бо вазири маъориф ва боздид аз бархе мактабҳои Тоҷикистон дар садри барномаи сафари серӯзаи ин ҳайъат аст.

 

Сойти сафорати Эрон ҳамчунин хабар додааст, ки дуктур Абдуллоҳи Ҷосбӣ, раиси Донишгоҳи озоди исломии Эрон, ва Маҷиди Сутуда, мудики кулли ҳамкориҳои байналмилал ва Нодир Орифӣ Матин, коршиноси Донишгоҳи озоди исломӣ низ вориди Тоҷикистон шудаанд.

 

Ҳадаф аз сафари онҳо дарёфти муҷаввиз барои таъсиси шӯъбае аз Донишгоҳи Озод дар шаҳри Душанбе будааст. Раиси ин донишгоҳ ҳамчунин мехоҳад бо донишгоҳҳои Тоҷикистон дар заминаи табодули устоду донишҷӯ қарордодҳое бандад.

 

Ба гуфтаи манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ин ҳайъат дар сафари серӯзаи худ ҳамчунин бо вазири маъориф ва раиси Фарҳангистони улуми ин кишвар мулоқот ва аз Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи политехникӣ ва Фарҳангистони улум дидан хоҳад кард.

 

Эрон ва Тоҷикистон дар солҳои ахир барои густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаи омӯзишу парвариш ва илму фанноварӣ талош кардаанд. Ҳоло шумори зиёде аз донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон ва баракс беш аз 1300 донишҷӯ ва унвонҷӯйи эронӣ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ