ШАБДОЛОВ: МАРДУМ МЕДОНАД, КИ ҲИЗБИ МО МАРДУМИСТ
Ҳизби кумунисти Тоҷикистон вориси Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравии пешин, яке аз аҳзоби собиқадори ин кишвар аст. Раҳбари ин ҳизб мегӯяд, ки барои бурунрафт аз буҳронҳои сиёсӣ ва молӣ аз сухан ба амал гузашта лозим аст. Масъулони ин ҳизб умедворанд тақаллуботе, ки ба гуфтаи онҳо, дар интихоботи соли 2005 дар замони натиҷагирӣ аз раъйдиҳӣ сурат гирифт, дар интихоботи 28-уми феврали соли равон рух надиҳад.
Ба эътиқоди онҳо, фазои сиёсии ҷомеъаи Тоҷикистон дар ин панҷ сол тағйир ёфта ва мардуми ин кишвар дар ин даврон аз нигоҳи сиёсӣ бедортар шудаанд.
Аммо аъзои ин ҳизб аз интихоботи қарибулвуқӯъ чӣ интизороте доранд ва оё ҳизби кумунист маҳбубияти хешро, ки дар даврони Шӯравӣ дошт, аз даст додааст ё хайр? Шодӣ Шабдолов, раҳбари кумунистҳои Тоҷикистон, дар суҳбате, ки бо ҳамкорамон Суҳроби Зиё анҷом дода, ба ин суолҳо ва бархе дигар аз пурсишҳо дар мавриди ширкати номзадҳои ин ҳизб дар муборизоти интихоботӣ посух додааст.
-Ҳадафҳои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ба унвони яке аз аҳзоби бузург аз назари теъдоди аъзо ва ҳизби собиқадор дар порлумон, чи ҳаст?
-Феълан ҳафт ҳизб дар муборизоти интихоботӣ ширкат доранд ва фазои ҷомеъа низ дар муқоиса бо солҳои қабл аз назари он ки таваҷҷуҳ ва эътимоди мардум ба пешрафти ҷомеъа пайдо шуда, беҳтар шудааст.
Барои мисол, бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро биёрем, ки дар даврони Шӯравӣ як тарҳи бузург дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Ин нерӯгоҳ бояд солҳои 1988 то 1990 нахустин турбинаш фаъол мешуд. Вале он замон Иттиҳоди Шӯравиро аз дохил барҳам доданд ва кишвари мо дар авоили солҳои 1990 муфлис шуда ва бо буҳронҳои молӣ рӯбарӯ шуд.
Баъд аз он ки дар Русия пули даврони Шӯравӣ тағйир ёфт, якбора тамоми корхонаҳо аз фаъолият монданд. Мо бо кишварҳои ҳамсоя ҳатто роҳҳои иртиботии хуб надоштем. Авоқиби ногувори ин буҳронро мо ҳанӯз ҳам эҳсос мекунем.
Вале мардум ҳоло бедортар шудаанд ва ҳангоме ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дар мавриди бунёди “Роғун” бо сармояи мардуми Тоҷикистонро эълом кард, бидуни муболиға мардум ба харидории саҳмияҳо пардохтанд. Ва ҳизби мо низ эълом кард, ки дар ин тарҳ ширкат хоҳад кард.
-Феълан дар порлумон шумо чаҳор намоянда доред ва таваққуъи Шумо аз интихоботи қарибулвуқӯъ чист?
-Он тақаллуботу изофанависиҳое, ки дар интихоботи қаблӣ буд, фикр мекунам, ки дар раъйдиҳӣ ва натиҷагирии интихоботи ҷадид то он андоза зиёд такрор нашавад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври ошкор эълом кард, ки кафили баргузории мунсифона ва шаффофи интихобот аст.
Ман фикр мекунам, ки мақомоти маҳаллӣ ин суханони раиси ҷумҳурро ба замин нахоҳанд зад. Аз сӯйи дигар, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва мардуми Тоҷикистон низ дигар таҳаммули тақаллуб ва нақзи қонуни интихоботро нахоҳанд дошт.
Бояд мақомот ва мардум бидонанд, ки ҳадафи аслӣ аз баргузории интихобот фақат баргузидани намояндагон нест. Ҳадафи аслӣ интихоб кардани намояндагон аз ҷумлаи куллияи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар сатҳи наҳиявӣ ва шаҳрӣ низ ҳаст. Сухан дар мавриди тағйири сохти давлатдорӣ меравад. Ва баъд аз анҷоми интихобот ва натиҷагирӣ аз он ҳайъати ҳукумат ва ҳайъати раҳбарияти навоҳӣ ва шаҳрҳо бояд тағйир ёбад. Он замон мо метавонем гуфт, ки ваҳдати мардумӣ, ки ҳоло низ бад нест, беҳтар шудааст.
-Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар порлумони феълӣ намояндагони ҳизби халқи демукрот, яъне ҳизби ҳокими кишвар, аксарият ҳастанд, коршиносон мегӯянд, ки порлумони баъдӣ низ ба монанди порлумонҳои қалбӣ як порлумони ба истилоҳ зери назари давлат хоҳад буд. Шумо бо ин коршиносон ҳамақида ҳастед?
-Дар порлумоне, ки аксарияти мутлақ намояндагони як ҳизб бошанд, он порлумон дар масъалагузорӣ ва таъйиду такзиби қонунҳо муваффақ нахоҳад буд. Ҳеҷ кас дӯғи худро турш нагуфтааст. Инро одоби шарқии мо таҳаммул намекунад.
Ман фикр мекунам, ки ҳар чи қадар аъзои аҳзоби мухталиф дар порлумон бештар бошанд, ҳадди ақал якнафарӣ ҳам бошанд, ҳамон қадар фазои баррасии лоиҳа ва қонунҳо ва пешниҳоди тағйирот ба онҳо беҳтар хоҳад шуд. Ман аз таҷрубаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мегӯям.
-Аммо нухбагони сиёсӣ ё давлатмардони Тоҷикистон ҳоло омодагии зеҳнӣ барои пазируфтани ин воқеъиятро доранд ё хайр?
-Ҷомеъа дар ҳолате ҳаст, ки онҳо бояд инро бипазиранд. Чаро ки намояндагони як ҳизб тамоми мушкилоти ҷомеъа, яъне душвориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъиро ҳал карда наметавонад. Аммо дар давлатҳои Шӯравии собиқ ин мушкилот бамаротиб зиёд аст. Ягон ҷумҳурӣ аз ҳолати буҳронӣ берун набаромадааст.
Намояндагони як ҳизб буҳрони феълиро батанҳоӣ ҳал карда наметавонанд. Бояд тамоми ҷомеъа барои ҳалли ин мушкил басиҷ шавад ва намояндагони ин ҷомеъа бояд дар порлумон намояндаи худро дошта бошанд.
Мо даҳ нафарро дар ҳавзаҳои инфиродӣ пешниҳод кардем. Вале мушкили мо ва на танҳо душвории мо, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ба он гирифтор ҳастанд, надоштани имкони зиёде барои пардохти гаравпулӣ аст. Давлат аз буҷеташ ҳоло ба мо кумак карда наметавонад. Мо пешниҳод карда будем, ки қонун бояд дар ин робита тағйир ёбад, вале ин пешниҳод дар порлумон пазируфта нашуд.
-Бо вуҷуди хушбинии Шумо, дар мавриди шаффоф ва нисбатан демукротик баргузор шудани интихобот, агар воқеъиятҳои Тоҷикистон ва бофти сиёсии ҷомеъаи имрӯзиро дар назар бигирем, ба назари Шумо чӣ мушкилоте ва мавонеъе барои баргузории интихоботе мунсифона дар кишвар вуҷуд дорад?
-Мо бояд барои аз миён бурдани мушкилоти марбут ба интихобот, қонуни интихобот дар Тоҷикистонро куллан тағйир диҳем. Бояд намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва марокизи вижаи раъйдиҳӣ ширкат кунанд. Яъне намояндагоне, ки дар ин ҳавзаҳо узвият дошта бошанд ва бидуни имзои онҳо санади натиҷагирӣ аз раъйдиҳӣ бояд ба ҳисоб гирифта нашавад.
-Феълан ин шева дар ҷараёни интихобот вуҷуд надорад, аммо дар Тоҷикистон беш аз се ҳазор марокизи раъйгирӣ вуҷуд доранд, ки дар он ҷо ки гуфта метавонад, ки изофанависӣ ва тақаллуб мешавад ё хайр?
-Бори севум аст, ки мардуми Тоҷикистон дар интихоботи бисёрҳизбӣ ширкат мекунанд, аммо ин шеваи ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳанӯз роиҷ нашудааст. Мо бояд интихоботҳоро бо истондордҳои байналмилалӣ мутобиқ кунем. Ва дар сурати мунсифона доир шудани интихобот, бисёре аз мардум ба тарафдорӣ аз аъзои ҳизби мо раъй хоҳанд дод.
-Чаро Шумо ин қадар хушбин ҳастед, ки ҳизби кумунисти Тоҷикистон, дар сурате ки интихобот мунсифона баргузор шавад, пирӯз хоҳад шуд?
-Аввал ин ки беш аз ҳафтод сол бисёре аз мардуми Тоҷикистон бо ин ҳизб ошноӣ доштанд ва ҳанӯз медонанд, ки дар он даврон корхонаҳои зиёде фаъолият мекард ва мардум ҳуқуқ ё маъошро ба таври ҳамешагӣ дарёфт мекарданд.
Ҳамчунин, он замон манзил барои мардум, омӯзишу парвариш ва хадамоти беҳдоштӣ ройгон буд. Мардум ҳануз ҳам инро дар ёд доранд. Пардохти қимати хадамоти иҷтимоъӣ ва гозу барқ ночиз буд. Яъне мардум медонанд, ки ҳизби мо мардумӣ буд ва ҳоло низ мо он барномаҳоро дунбол мекунем. Агарчи мо сарватманд нестем.
-Шумо ҳоло гуфта наметавонед, ки чанд курсӣ дар порлумони ҷадидро намояндагони ҳизби Шумо касб хоҳанд кард?
-Ростӣ агар пешниҳодҳои мо дар мавриди тағйири қонуни интихобот пазируфта мешуд, ман метавонистам ба саволи шумо дақиқан ҷавоб диҳам. Аммо мутаассифона, дар интихоботи имсол низ мо ҳадс мезанем, ки қонуншиканӣ ва изофанависӣ хоҳад шуд. Ва аз ин рӯ ман теъдоди дақиқро ҳоло намедонам.
-Вале Шумо садди панҷдарсадиро убур хоҳед кард?
-Аллбата бамаротиб бештар аз он убур хоҳем кард.
-Ташаккур барои суҳбат.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1809-2010-02-23-17-32-11.html