19:28:05 02-уми Июни 2025 сол

ҲСДТ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТРО ЭЪТИРОФ НАКАРД

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанберо эътироф намекунад. Ҷаноби Зойиров, ки имрӯз дар як конфронси матбуотӣ аз бардошти ҳизбаш аз интихоботи порлумонӣ сӯҳбат мекард, гуфт бархӯрди ҲСДТ бо натиҷаҳои интихобот дар ҳар як ҳавзаи инфиродӣ алоҳида хоҳад буд, вале дар маҷмӯъ ҲСДТ натиҷаҳои ин интихоботро эътироф намекунад.

 

Раиси сотсиал-демократҳо гуфт, ин интихобот ғайриқонунӣ ва ғайридемократӣ баргузор шуданд. Раҳматулло Зойиров гуфт, барои барқарор кардани адолат аз тамоми воситаҳои қонунӣ кор хоҳад гирифт ва аз ҷумла ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

 

Мутобиқи натиҷаҳои эълоннамудаи Камисюни марказии интихоботӣ Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон - 0,72 % (22 ҳазору 610 овоз) овози интихобкунандагонро тавонистааст, соҳиб шуавад. Аммо барои ворид шудан ба порлумон тибқи муқарароти Қонуни интихоботи Тоҷикистон ҳизби сиёсӣ бояд панҷ дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шавад. Ба ин тартиб ҲСДТ тавассути ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ вориди порлумон нашуд.

 

Аммо номзади ин ҳизб дар ҳавзаи Конибодом -19, Шокирҷон Ҳакимов тавонистааст интихоботро ба даври дуввум бикашад. Дар даври дуввуми интихобот ӯ бо номзади ҲХДТ Насрулло Маҳмудов сабқатро баъди ду ҳата идома хоҳанд дод.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1846-2010-03-02-09-59-32.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854