РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ИНТИХОБОТ "ПИРӮЗ ШУД"
Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар интихобот ба маҷлиси шаҳри Душанбе пирӯз шуд. Сафар Сафаров, муъовини раҳбари ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки вай беш аз 70 дарсади орои умумиро дар ҳавзаи худ касб кардааст. Вай дар интихоботи вакилони шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 23, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар баробари Ҳамроҳқул Одинаев, номзад аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рақобат кардааст.
Рустами Эмомалӣ, ки 23 сол дорад ва шадидан ба футбол алоқа доштааст, қадамҳои аввалини худро дар сиёсат аз авоили соли гузоштаи мелодӣ гузошт ва авохири моҳи декабри соли гузашта узви кумитаи марказии ҳизби ҳокими халқи демукрот интихоб шуд.
Қаблан бархеҳо бо таваҷҷӯҳ ба камтар аз 25 сол син доштани ӯ аз он интиқод карда буданд, ки номзад шудани вай ғайриқонунӣ аст, аммо ҳуқуқдонҳо тавзеҳ доданд, ки шаҳрванди болотар аз синни 18 сол ҳақ дорад дар маҷолиси маҳаллӣ номзад шавад. Рустами Эмомалӣ муъовинати раиси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад ва дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ сардори раёсати дастгирии соҳибкорӣ аст.
Коршиносон бо таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳои ахири вай, мегӯянд, ки мумкин аст то соли 2015, замони баргузории интихобти порлумонии оянда, Рустами Эмомалӣ метавонад дар интихоботи порлумонӣ низ ширкат кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1847--q-q.html