17:15:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПЕШНИҲОДИ САФИРИ ҶАДИДИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН

 

 Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико асоми суфарои ҷадиди кишвараш барои Тоҷикистону Гурҷистонро ба сенои Амрико пешниҳод кардаст.

Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷон Басс, ки раёсати ҳайаъти давлати Амрико барои кумак ба Ироқро бар уҳда дошт, сафири ҷадиди Гурҷистон ва Кеннет Гроссро сафири ҷадиди кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кардааст. Ҷеклин Макеннан, сухангӯйи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ин пешниҳоди оқои Убоморо маҷлиси намояндагони Амрико баррасӣ мекунанд.

Ба гуфтаи хонум Макеннан ба ин пешниҳод раъй хоҳанд дод, ва сипас суфарои ҷадид барои иҷрои вазоифи худ ба Гурҷистону Тоҷикистон хоҳанд омад. 

Ҷеклин Макеннан мегӯяд, ки Кеннет Гросс аз соли 1987 ба кор дар вазорати хориҷаи Амрико оғоз карда ва дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ироқ, Молойзӣ, Ҳойитӣ ва Олмон дар вазоифи мухталиф фаъолият доштааст.

Ба гуфтаи хонум Макеннан оқои Гросс дар Тоҷикистон низ муддате ба унвони муъовини сафири Амрико дар Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ҳоло Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Трейсӣ Ҷейкубсон раҳбарӣ мекунад. Хонум Ҷейкубсон дар соли 2006 ба ҳангоми раёсати Ҷорҷ Буш дар Амрико сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Коршиносони сиёсӣ фаъолияти хонум Ҷейкубсонро дар муқоиса ба сафирони қаблӣ барои таҳкими равобити Тоҷикистону Амрико бештар муассир арзёбӣ мекунанд. 

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi