16:48:13 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_turajonzoda_talco5847'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_turajonzoda_talco5847'

ТӮРАҶОНЗОДА: “БА ДОДГОҲ МУРОҶЕЪАТ ХОҲАМ КАРД”

Акбари Тӯраҷонзода эълом кардааст, ки ҳуввияти муаллифи мақолаеро, ки ба "шаъну шарафи вай ва хонаводааш" латма ворид мекунад муъаян карда ва ба додгоҳ мекашад. Ин матлабро оқои Тӯраҷонзода дар баёнияе матбуъотӣ изҳор доштааст. Рӯзи сешанбеи 14 сентябр "Ховар", сойти хабаргузории давлатии Тоҷикистон бо чопи матлабе аз номи Муҳаммадсалими Раштӣ навиштааст, ки Акбари Тӯраҷонзода “ба хотири манфиъату шӯҳраташ пайваста талаботи шариъатро сарфи назар мекунад”.

 

Муаллифи матлаб иддаъо кардааст, ки “баъзеҳо ақидаи хато доранд, ки Тӯраҷонзода сиёсатмадори бузург аст. Аммо ҳатто агар чунин ҳам бошад, фақат дар сиёсати ғайришаръӣ аст. Зеро барои сиёсатмадори шаръӣ шудан аз баҳри манфиъату шӯҳрати худ гузаштан даркор аст. Вале зиндагӣ бе ин ду барои Тӯраҷонзода зиндагӣ нест”.

 

Муаллифи матлаб оқои Тӯраҷонзодаро дар ҳамкорӣ бо "КГБ" муттаҳам карда ва навиштааст: “Имрӯзҳо ҷосуси КГБ (хадамоти махсуси собиқ Иттиҳоди шуравӣ) будани Тӯраҷонзода ба ҳама ошкор шудааст. Яъне вай аллакай дар замони шӯравӣ ба хотири манфиъати худ дину оинашро фурӯхта будааст”.

 

Муаллифи матлаб, ки худро ҳамчун Муҳаммадсалими Раштӣ муъаррифӣ кардааст бо ишора ба дороиҳои оқои Тӯраҷонзода менависад, “дар вақташ дасти холӣ аз Ватан фирор карда, баъди баргаштан маблағи калон дошт ва калонтарин заводу фабрикаҳоро аз худ кардааст. Яқин ин дороиашро ё хоҷаҳояш додаанд ё ҳаққи муҷоҳидону муҳоҷирони бенасиб аст”.

 

Дар баёнияи Акбари Тӯраҷонзода дар посух ба ин матлаб мехонем, ки “дар ин тӯҳматномаҳо бо истифода аз рамзу киноя ва суханбозиҳо мехоҳанд, маро чун як шахси маккору манфиъатхоҳ ва дину мазҳабфурӯш муъаррифӣ кунанд”.

 

Оқои Тӯраҷонзода менависад, ки "тӯҳматномаҳои охир барои ман чизи наве нест" ва таъкид мекунад, ки ӯ дар солҳои 1992 то соли 1998 низ мавриди ҳамлаҳои мушобеҳ қарор гирифта буд ваон замон ӯро “ба ҳайси қотил, душмани миллату кишвар ва сулҳу субот” муъаррифӣ мекараанд. Вай меафзояд, ин гуна "дурӯғпароканиҳо" ба ҳадаф нарасидаанд ва "баъд аз чопи матолиби тӯҳматомез алайҳи вай, эҳтиқоди мардум нисбати ӯ коҳиш наёфта, баръакс бештар шудааст".

 

Ба бовари оқои Тӯраҷонзода ин бор "ҳамлаҳои расонаӣ" ба ӯ баъд аз чопи матлабе бо номи “Афсонаҳои алюминий” аз сар гирфита шуданд. Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба яке аз иттиҳомоти Муҳаммадсалими Раштӣ мабнӣ бар дороиҳояш менависад, ки ӯ пайваста ба ниҳодҳои молиёт ё андоз дар бораи дороӣ ва даромади худ иттилоъ додааст.

 

Дар баёния мехонем: “Дар ҳоле, ки муаллифи бенасаб чандин “заводу фабрикаҳо”- и маро пайдо кардааст, аммо дар асл, ман фақат як заводи пахта дорам, ки бадбахтона, дар натиҷаи бӯҳрони молиявии солҳои 2008-2009 қарздор шудааст”.

 

Оқои Тӯраҷонзода хитоб ба маъаллифи матлаб менависад, "Ба Шумо, сармоягузорони Шумо, Ҳукуматдорони кишвар – аз боло то поён, ба тамоми мақомоти дахлдор ва ҳамчунин ба ба шаҳрвандони азизи кишвар мерасонам, ки ман Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода ва бародарони ман на даъвои Президент шудан дорему на даъвои вакили парлумону вазиру ҳокиму раису сафир шудан... муҳим ба мардум хидмат кунеду бо тарси аз даст рафтани мансаб кишварро ноором нагардонед”.

 

Вай матолиби "тӯҳматангез" дар бораи худро "фармоишӣ" хонда ва ҳушдор додааст, ки барои ҳифзи шараф ва эътибори худ ба додгоҳҳои Тоҷикистон ва байналмилалӣ муроҷеъат хоҳад кард ва хостори ошкор кардани ҳуввияти “гурӯҳи воқеъан сияҳкор" хоҳад шуд.

 

Акбари Тӯраҷонзода ва ду бародари вай аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва маъвизаҳои онҳо дар масоҷид алоқамандони зиёдеро гирдиҳам меоварад. То авоили даҳаи 1990 Акбари Тӯраҷонзода симати қозӣ ё муфтии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

 

Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон вай ба нерӯҳои мухолифин пайваст ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ба симати муъовини нахуствазири ин кишвар интисоб шуд. Панҷ соли ахир вай бо пешниҳоди Президент Раҳмон узви Маҷлиси Милии Тоҷикистон буд ва баъд аз интихоботи порлумонии моҳи феврал танҳо машғули тиҷорат аст.

 

ВОКУНИШИ ТУРАҶОНЗОДА БА МАТЛАБИ "ХОВАР"

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3120-2010-09-14-17-29-24.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ