21:18:59 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/19_hayrullaev_tajik_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/19_hayrullaev_tajik_2147'

ХУДДОРИИ ЖЕНРОЛ ХАЙРУЛЛОЕВ АЗ САФАР БА УКРОЙН

Вазири дифоъи Тоҷикистон аз ширкат дар Шӯрои вузарои дифоъи кишварҳои ҳамсуд худдорӣ кардааст. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистонро Рамил Нодиров, муъовини вазир ва раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

 

hayrullaevБа эътиқоди соҳибназарон, тасмими худдории Шералӣ Хайруллоев аз сафар ба Укройн ба идомаи амалиёти низомӣ дар шарқи Тоҷикистон марбут аст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки тасмим шудааст, дар ин ҳамоиш, ки фардо 20 октябр дар вилояти Қрими Укройн ба кори худ оғоз мекунад, женрол Рамил Нодиров ширкат кунад. Муъовини вазири дифоъ ва раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз озими Укройн шудааст.

 

Эълом шудааст, ки дар ин ҳамоиш ҳудуди бист мавзӯъ, аз ҷумла, масоили марбут ба тармими таҷҳизоти низомӣ ва таъмини артиши кишварҳои ҳамсуд бо лавозимоти низомӣ матраҳ шаванд. Оқои Маҳмадалиев худдории Шералӣ Хайруллоев аз сафар ба Укройнро ба “зарурати корӣ” марбут донист. Адами ширкати вазири дифоъи Тоҷиикстон дар нишасти вузарои дифоъи кишварҳои ҳамсуд амри камсобиқа аст.

 

оҳибназарон мегӯянд, ки ба Укройн нарафтани вазири дифоъ ба ҳаводиси шарқи Тоҷикистон марбут аст. Дар ин минтақа аз авосити моҳи сентябр амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён идома дорад. Ҳарчанд тибқи қавонини Тоҷикистон, артиши кишвар бояд танҳо дар сурати ҳамлаи низомӣ аз хориҷ истифода шавад, вале нерӯҳои Вазорати дифоъ дар ин амалиёт мушорикат доранд.

 

Маркази матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пайваста исрори кардааст, ки масъулияти амалиёт дар шарқи кишвар бар ӯҳдаи Вазорати дифоъ вогузор шудааст ва ба хабарнигорон машварат медиҳанд, ки барои дарёфти хабар аз ин амалиёт ба низомиён муроҷиъа кунанд. Гузашта аз ин, аввалин талафоти нерӯҳои давлатӣ дар шарқи кишвар. мутааллиқи ин ниҳод аст. Зеро, дар пайи ҳамлаи пайкорҷӯён ба низомиён дар дараи Камароб, ки 19 сентябр сурат гирифт, дастикам 26 афсар ва сарбозони ин вазорат ҷони худро аз даст доданд.

 

Бозтоби ин ҳодиса ба вокунишҳои тунде дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон мунҷар шуд. Хабарнигорон масъулони ин вазоратхонаро дар бесалоҳиятӣ муттаҳам карданд, зеро ба ақидаи онҳо, “эъзоми сарбозони тоза ба артиш даъватшуда алайҳи теруристон иқдоми нодуруст буд”. Чунин иддаъо муҷиби “хашми” вазири дифоъ шуд ва оқои Хайруллоев бо пахши баёнияе бархе аз расонаҳои гурӯҳиро дар “пуштибонӣ аз теруристон” муттаҳам кард.

 

Ҳоло гузориш шуда ки давлати Тоҷикистон бо бархе аз фамрондеҳони собиқи нерӯҳои мухолиф, ки дар гузашта аз онҳо ба унвони “терурист” ном бурда мешуд, музокирот анҷом додааст. Аарчи мақомот ба сурати расмӣ дар бораи ин музокирот ва шароити матруҳа аз суи ҷонибайн тавзеҳоте ироа надодаанд. Гузориш шудааст, ки ҳамакнун ин фармондеҳон якҷо бо нерӯҳои давлатӣ барои муқобала бо афроде, ки аз онҳо “зархаридони хориҷӣ” ёд мешавад, изҳори омодагӣ карданд.

 

Ба эътиқоди соҳибназарон, чунин тағйири назари давлат дар қиболи мухолифони собиқ метавонад бозгӯйи он бошад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар низ ҳаст, аз наҳваи амалиёти низомиён дар шарқи ин кишвар қаноатманд нест ва метавонад дар ин замина ба тағйироти кодрӣ дар бахши низомӣ иқдом кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3383-2010-10-19-18-15-51.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ