ӮЗБАКИСТОН МАҚОМОТИ ТОҶИКРО “ДУРӮҒГӮ” НОМИД
Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар номае расмӣ мақомоти тоҷикро дар ироаи иттилоъи носаҳеҳ муттаҳам кардааст. Мақомоти ӯзбак бар ин боваранд, ки иддаъои ҷониби Тоҷикистон мабни бар таъвиқи вогунҳои ин кишвар дар қаламрави Ӯзбакистон воқеъият надорад.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, Ӯзбакистон ҳамчунон “муҳосираи иқтисодӣ”-и Тоҷикистонро идома медиҳад ва ҳудуди як ҳазор вогуни ин кишвар дар “асорати” ин кишвар қарор доранд. Дар номаи Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон, ки рӯзи якуми ноябр дар сойти расмии ин ниҳод мунташир шудааст, аз ҷумла омадааст, ки иттилоъи ҷониби Тоҷикистон “дурӯғин ва бепоя аст”. Ҷониби Ӯзбакистон иддаъои давлати Тоҷикистон мабнӣ бар онро, ки таъвиқи вогунҳо дар қаламрави Ӯзбакистон ба рушди иқтисодии Тоҷикистон ва таъмини амнияти ин кишвар асароти номатлубе бар ҷой гузоштааст, рад кардааст.
Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон бо такя ба манобеъи Идораи гумруки ин кишвар иддаъо мекунад, ки дар соли ҷорӣ мизони ҳамлу нақли тиронзитии коло ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин мақомоти ӯзбак иддаъо доранд, ки роҳи оҳани ин кишвар тавони таъвиқи миқдори зиёди вогунҳои Тоҷикистонро дар ихтиёр надорад ва “иҷрои ин амр аз лиҳози фаннӣ ғайримумкин аст”.
Дар номаи Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон аз ҷумла омадааст: “Агар таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон, ба он гуна ки аз ҷониби ин кишвар иддаъо шудааст рух медод, фаъолияти роҳи оҳани Ӯзбакистон комилан ба ҳам зада ва барои иктисоди худи Ӯзбакистон паёмадҳои фоҷеъабор медошт”.
Аз сӯйи дигар, дар ин нома таъкид шудааст, ки дар бархе аз маворид таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон мушоҳида шудааст, ки умдатан ба далоили фаннӣ ё таробарӣ сурат гирифтааст. Ба навиштаи муаллифони ин нома, “таъвиқ ба далели афзоиши мизони тиронзити колоҳои ғайринизомии эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон рабт дорад”.
Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон изҳор доштааст, ки “иттиҳомоти бепояи ҷониби Тоҷикистон ба тавсеъаи ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар мусоъидат намекунанд”. Бо ин вуҷуд ҷониби Ӯзбакистон омодагии худро барои ҳалли куллияи масоили мавриди назари ҳар ду кишвар эълом дошт. Таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз шуда буд ва ба иддаъои мақомоти тоҷик дар бархе аз маоврид то ду ҳазор вогун дар он сӯйи марз гир карда буд.
Дар тобистони соли ҷорӣ дар дидори руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Тошканд тавофуқ шуда буд, ки аз ин ба баъд дар ҳаракати вогунҳои тоҷикистонӣ монеъа эҷод нахоҳад шуд. Вале таъкид шуд, ки ин тавофуқ убури вогунҳои ҳомили колоҳо барои нерӯгоҳи Роғунро дар бар намегирад. Вале, ҳатто пас аз чунин тавофуқ, таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон идома ёфт ва давлати Эрон мақомоти Ӯзбакистонро ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи “муҳосираи” Тоҷикистон, Теҳрон низ алайҳи вогунҳои ӯзбакистонӣ, ки аз қаламрави Эрон убур мекунанд иқдом хоҳад кард.
Баъд аз чунин ҳушдор миқдори вогунҳои Тоҷикистон, ки дар Ӯзбакистон мунтазири убур буданд коҳиш ёфт. Дар моҳи гузашта Андрей Тропин, як масъули Роҳи оҳани Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ бо ироаи арқоми дақиқ эълом дошта буд, ки Ӯзбакистон “ҳатто вогунҳои ҳомили коло ва маводд барои нерӯгоҳи Роғунро низ раҳо кардааст”.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд моҳи ахир тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик, ки дар гузашта аз таъвиқи вогунҳо дар Ӯзбакистон шикоят мекарданд, дар ин замина изҳори назаре накардаанд. Дар ҳоле, ки оқои Тропин гуфта буд, "мушкили ҷиддие дар ҳаракати вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон вуҷуд надоранд" мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон ин изҳори назари як масъули ширкати худро рад карданд ва гуфтанд, ки “мушкилот ҳамчунон боқӣ мондааст”.
Гузашта аз ин, моҳи гузашта намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз раҳбарияти ин ниҳод дархост карда буд, ки дар ҳалли мушкилоти таъвиқи вогунҳои тоҷикистонӣ дар қаламрави Ӯзбакистон мусоъидат кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3478-2010-11-01-14-53-53.html