ЗУҲУРОВ: СҲШ БОЯД "МУШКИЛОТИ СУНЪИРО" РАФЪ КУНАД
Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хостааст, ки ба рафъи "мушкилоти сунъӣ" миёни бархе аз кишварҳои узв иқдом кунад.
Оқои Зуҳуров ин нуктаро рӯзи сешанбеи 23 ноябр дар дидор бо Муратбек Иманалиев, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), иброз доштааст. Дар баёнияи матбуъотие, ки Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон, интишор дода, омадааст, ки дар мулоқоти оқоён Зуҳуров ва Иманалиев масъалаҳои густариши муносиботи гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо СҲШ ва мавзӯъи омодагӣ ба иҷлоси сарони ин созмон дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Раиси порлумони Тоҷикистон дар ин мулоқот бар густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узви СҲШ таъкид карда ва гуфтааст, ки кишвараш хоҳони афзоиши обрӯву эътибори ин созмон дар арсаи байналмилалист. Оқои Зуҳуров бо ишора ба мушкилоте, ки миёни баъзе аз кишварҳои узви СҲШ вуҷуд дорад, аз ин созмон хостааст, ки ба ҳалли ин мушкилот кумак кунад.
Дар баёнияи хабарии сухангӯйи порлумони Тоҷикистон дар ин бора омадааст: "Мавсуф (Ш. Зуҳуров) нақши Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро дар ҳалли мушкилоти гуногунсоҳаи минтақаӣ, аз ҷумла миёни кишварҳои аъзо, муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ин созмон бояд дар заминаи бартараф намудани мушкилоте, ки ба таври сунъӣ тавассути бархе аз кишварҳои аъзо нисбат ба кишвари дигар ба вуҷуд овардаанд, иқдомоти ҷиддиеро рӯйи даст бигирад."
Муҳаммадато Султонов дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки раиси порлумони Тоҷикистон мушаххасан аз ҳеч кишваре ном набурда ва танҳо хостори рафъи "мушкилоти сунъӣ" миёни кишварҳои узви СҲШ шудааст. Аммо соҳибназарон мӯътақиданд, ки манзури оқои Зуҳуров кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон аст.
Тайи ҳудуди як соли ахир мақомоти Тоҷикистон ҳамвора аз мутаваққиф шудани ҳаракати вогунҳои борбари ин кишвар дар қаламрави Ӯзбакистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Худи оқои Зуҳуров дар гузашта аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ хоста буд, ки ба ҳалли ихтилофоти байни Тоҷикистону Ӯзбакистон бар сари тавқифи вогунҳои борбар мусоъидат кунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ихтилофоти байни Тоҷикистону Ӯзбакистон аз замони таъсиси ин ду ҷумҳурӣ дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, вале баъд аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ афзоиш ёфтааст. Ин ихтилофот бавижа дар солҳои ахир дар пайи иқдоми давлати Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳи обии "Роғун" шиддат гирифтааст. Ӯзбакистон ин тарҳро барои арсаи кишоварзӣ ва муҳити зисти худ зиёнбор хонда ва бо бунёди ин нерӯгоҳ башиддат мухолифат кардааст.
Вале мақомоти Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя мехонанд ва мегӯянд, ки тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" на танҳо барои ин кишвар, балки барои соири кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ӯзбакистон, муфид аст. Ихтилофоти байни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ҳолест, ки ин ду кишвар дар чанде аз созмонҳои минтақаӣ, аз ҷумла Гурӯҳи Шонгҳой, узвият доранд, вале то кунун ҳеч кадом аз ин созмонҳо барои рафъи ихтилофоти онон ҳеч иқдоме накардааст.
Ҳамакнун маълум нест, ки мушкили тронзити қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон дар ҷаласаи сарони СҲШ матраҳ хоҳад шуд ё хайр, зеро дар бораи масоили мавриди баҳси ин нишаст ҳеч иттилоъе пахш нашудааст. Аммо дархости оқои Зуҳуров нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳар ойина алоқаманди матраҳ кардани ин масоил дар иҷлоси сарони Гурӯҳи Шонгҳой аст.
Ҷаласаи сарони Гурӯҳи Шонгҳой рӯзи панҷшанбеи 25 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад ва дар он нахуствазирони Тоҷикистону Чин ва Русияву Қазоқистон ва раиси ҷумҳурии Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин иҷлос интизор меравад аз Ӯзбакистон Ботир Хоҷаев, муъовини нахуствазири он кишвар, намояндагӣ кунад.
Ба гуфтаи манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин иҷлос ҳамчунин нахуствазири Покистон, вазири хориҷаи Муғулистон, муъовини раиси ҷумҳурии Эрон ва як намояндаи Ҳинд ба унвони нозир ва ноиби раиси ҷумҳурии Афғонистон ба унвони меҳмон ширкат хоҳанд кард.
Бархеҳо мӯътақиданд, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки ду абарқудрати Русия ва Чин дар меҳвари он қарор доранд, қасд дорад худро ба як эътилофи амниятии қудратманде дар баробари НОТУ ё Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ табдил диҳад, вале мунтақидон ба ихтилофоти роиҷ миёни аъзои он ишора карда ва мегӯянд, ки ин амр баъид аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3657----q-q--.html