Э.РАҲМОН: "МО ҲАҚ ДОРЕМ БА ТАВРИ КОМИЛ АЗ ЗАХИРАҲОИ ТАБИИ ХУД ИСТИФОДА БАРЕМ"
Маросими басташавии маҷрои рӯдхонаи Вахш барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 имрӯз, 28-уми ноябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Маҷиди Номҷӯй, вазири энержии ҷумҳурии исломии Эрон ва мақомоти дигари ҳар ду кишвар баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон ба таври комил ҳақ дорад, ки аз захираҳои табии худ истифода барад. Афзун бар ин, ин ҳуқуқҳо аз тарафи садҳо санади байналхалқӣ тасдиқ шудаааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзудааст, ки дар сурати фаъол шудани ин нерӯгоҳ, ба аҳолӣ 4 соат барқи иловагӣ аз реҷаи муайаншуда, ки ҳоло истифода мекунанд, дода мешавад. Гузашта аз ин, бо ба кор даромадани ин нерӯгоҳ боз 1 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид мешавад.
Вазири энержии Эрон Маҷиди Номҷӯ иброз доштааст, ки талошҳои раҳбарияти ҳарду кишвар барои боз ҳам наздик шудани муносибатҳои ин ду миллат мусоидат намуда ҷониби Эрон мехоҳад, ки мушкили мардуми Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳалли худро биёбад. Вай ҳамчунон афзудааст, ки нерӯгоҳи Сангтӯда-2 панҷумин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш мебошад ва бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Эрон бо маблағи 225 миллион доллар бунёд мешавад.
Басташавии маҷрои Вахш
Қаблан вазорати энергетикаи Тоҷикистон эълон карда буд ба манзури анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", маҷрои рӯдхонаи Вахш баста мешавад. Маҷрои Вахш тағйир меёбад ва об аз дохили нақбҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Ин нерӯгоҳ тавассути шикатҳои эронӣ сохта мешавад. Дар рӯдхонаи Вахш ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ ва "Сангтӯда-1" сохта шудаанд.
Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, бастани оби рӯдхонаи Вахш ба фаъолияти ин нерӯгоҳҳо таъсир намекунад ва интиқоли барқ ба корхонаҳо ва аҳолӣ мисли пешин идома меёбад. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори роҳандозии нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» то оғози фасли сармо шуда буд.
Шералӣ Гул, вазири энержии ва саноати Тоҷикистон низ гуфта буд, мавзӯи пеш аз мӯҳлат, то 20 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтуда-2» аз масъалаҳои меҳварии иҷлоси ин комиссиюни муштараки Тоҷикистону Эрон дар авоили моҳи октябр будааст. Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бо сармоягузории Эрон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда миёни ду ҷониб, пас аз 12 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3695--q-----------q.html