21:55:40 02-уми Июни 2025 сол

МУҶОЗОТИ ЗИНДОН БАРОИ ТАВЗЕЪИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН

Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун муҷозоти зиндон барои афроди масъул дар тавзеъи ғайриқонунии замин ва сойири афроди муртабит бо ин муъомиларо тасвиб кардааст. Тибқи тағйироте, ки рӯзи чоршанбеи 2 март дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ба Қавонини ҷинойии ин кишвар ворид шуд, масъулони ниҳодҳои давлатӣ барои тавзеъи ғайриқонунии қитъаи замин ба муддати то ба 8 сол ва афроди алоҳида барои “бунёди худсаронаи манзил” аз 2 то 5 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.

 

parlament tjҲамчунин, дар санади ҳуқуқӣ, барои ин аъмол пардохти ҷарима ба миқдори 300 нишондод( як нишондод муъодили 35 сомонӣ) муқаррар шудааст. Тибқи қавонини қаблӣ барои иртикоби чунин ҷароим танҳо муҷозоти маъмурӣ ва пардохти ҷарима пешбинӣ шуда буд. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ аз афзоиши мавориди тавзеъи нодурусти замин ва бунёди манозили маскунӣ дар мазореъи кишоварзӣ ибрози нигаронӣ карда буд.

 

Ба дунболи он, раёсати ҷумҳурӣ тарҳи ислоҳи Қавонини ҷиноии Тоҷикистонро таҳия карда ва барои баррасӣ ба порлумон ироъа кард, ки дар ин санад барои масъулони ниҳодҳои давлатӣ барои тавзеъи замин то ба 8 сол зиндон ва ба миқдори беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шуда буд.

 

Авоқиби тавзеъи нодурусти замин

Меъроҷиддин Ҳакимов, намояндаи порлумон ба ҳангоми баррасии пешнависи ислоҳи Қавонини ҷинойии Тоҷикистон гуфт, ки тавзеъи нодурусти қитаъоти замин ба сокинони кишвар дар даҳаи 1990 шурӯъ шуда ва тибқи иттилоъи расмӣ, то ҳол аз ин тариқ майдони мазореъи кишоварзӣ ба миқдори 30 ҳазор ҳектор коҳиш ёфтааст.

 

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов ҳамакнун ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон бархе аз манозили маскуниро, ки ба таври ғайриқонунӣ бунёд шудаанд, тахриб мекунанд. Аммо ин иқдом ба эътирози шадиди сокинони ин манозил мунҷар шуда ва онҳо дар ин замина ба ниҳодҳои давлатӣ, порлумон ва додситонӣ шикоят бурдаанд. Давлаталӣ Давлатзода, намояндаи дигари порлумон дар ин замина ба тасмими ниҳодҳои давлатӣ барои тахриби манозили маскунӣ дар маҳаллаи Қӯштеппаи (ҷамоати Россия) ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе ишора кард.

 

Ба гуфтаи оқои Давлатзода, дар моҳи апрели соли 2006 бар асоси мусаввабаи давлати Тоҷикистон, ҳукуматҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷамоати Россия ба 83 нафар барои бунёди манзил қитъаи замин ҷудо шуда буд. Ӯ гуфт, ки ин афрод дар ин бора санади расмӣ дар даст доранд, аммо додситонӣ ин мусаввабаро тақаллубӣ ва ғайриқонунӣ хонда ва барои тахриби манозил то 5 марти соли ҷорӣ зарбулаҷал таъйин кардааст.

 

Ин намояндаи порлумон иқдоми додситониро “ноинсофона” хонда ва гуфт, ки аксари сокинони маҳаллаи "Қӯштеппа" дар сурати тахриби хонаҳояшон манозили дигар надоранд ва дар ҳавои сард бидуни сарпаноҳ хоҳанд монд. Аз сӯйи дигар, Тӯхтахон Саъдуллобекова, яке аз сокинони "Қӯштеппа" ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки сокинон барои бунёди манзил маболиғи ҳангуфте масраф кардаанд.

 

Сокинон ба шикоёти худ ба раёсати ҷумҳурӣ, Додситонии кулл ва ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон посухе дарёфт накардаанд. Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон гуфт, ки масъулони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар тавзеъи ғайриқонунии замин даст дошта ва то ҳол дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, барои ин аъмоли худ посух гӯянд.

 

Оқои Зуҳуров гуфт, ки мавориди тавзеъи ғайриқонунии замин дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ ба мушоҳида расида ва Атобулло Рақибов, сокини ноҳияи Файзобод дар пайи чунин ҳодиса бо панҷ фарзанд бидуни сарпаноҳ мондааст. Тӯхтахон Саъдуллобекова, яке аз сокинони "Қӯштеппа" ба Би-би-сӣ гуфт мардум барои бунёди манзил маболиғи ҳангуфте масраф кардаанд.

 

Зимнан, ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Файзобод, манзили Атобулло Рақибов дар соли 2004 ба таври ғайриқонунӣ дар қитъаи замине, ки ба ӯ ихтисос надошт, сохта шудааст ва ба ин хотир ин хонавода бояд онро тахлия кунад. Аммо далели оқои Рақибов дар мавриди ҳаққи ӯ ба ин хона муҷаввизи ҷамоъати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод дар бораи истифода аз замин аст, ки дар соли 1997 ба ӯ ихтисос дода шудааст. Вай мегӯяд, ки дар бораи истифода аз ин замин вай гувоҳинома (ё сертификат)-и кумитаи заминсозиро низ дорад.

 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон пешниҳод кард, ки ба манзури омӯзиш ва баррасии ҳодисаи маҳаллаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як ҳайати порлумонӣ таъсис шавад. Аммо раиси порлумон ин пешниҳодро напазируфта ва гуфт, ҳамакнун кормандони Кумитаи заминшиносӣ, Додситонии кулл ва ниҳодҳои зирабти давлати ин кишвар ин масъаларо баррасӣ карда ва аз натоиҷи он ба порлумон гузориш хоҳанд дод.

 

Қонун ҳаводиси гузаштаро фаро намегирад

Ба гуфтаи оқои Ватанов, масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва афроди алоҳида , ки танҳо пас аз “қуввати қонунӣ гирифтани ин санади ҳуқуқӣ” муртакиби чунин ҷароим мешаванд, муҷозот хоҳанд шуд. Бар асоси тағйироте, ки дар иҷлоси порлумон ба Қавонини ҷинойии ин кишвар ворид шуд, масъулони ниҳодҳои давлатӣ барои тавзеъи ғайриқонунии замин ё фурӯши он ҷиддан муҷозот хоҳанд шуд.

 

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ оё масъулони ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба гуфтаи Давлаталӣ Давлатзода, намояндаи порлумон “ҳазорҳо ҳектор заминро ба таври ғайриқонунӣ тавзеъ кардаанд”, муҷозот хоҳанд шуд? Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки тағйирот ба Қавонини ҷинойии Тоҷикистон пас аз имзои раиси ҷумҳурӣ ва мунташир шудан дар нашрияи расмӣ ба маърази иҷро медарояд.

 

Бад ин тартиб, ба гуфтаи оқои Ватанов, масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва афроди алоҳида , ки танҳо пас аз “қуввати қонунӣ гирифтани ин санади ҳуқуқӣ” муртакиби чунин ҷароим мешаванд, муҷозот хоҳанд шуд. Зимнан, барои аввалин бор аст, ки порлумони Тоҷикистон ба ҳаводиси тахриби манозили сокинони кишвар вокуниш нишон додааст. Дар солҳои қаблӣ, порлумон дар қиболи мавориди тахриби манозили маскунии ба гуфтаи масъулони давлати ин кишвар “ғайриқонунӣ” ва бозорҳои “Роҳи абрешим” ва “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе хомӯшӣ ихтиёр карда буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4565-mujozoti-zindon-baroi-tavzei-ghayrikonunii-zamin.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854