ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН
Сомонаи «Рӯзгор» тариқи почтаи электронӣ аз номи раиси ҷинои расман номнависнашудаи Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Мирҳусейн Нарзиев матни Изҳороти раҳбарияти ин ҳизбро оиди пешниҳод намудани даъвои ҷавобии марзии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дарёфт намудааст. Дар зер матни пурраи ин изҳоротро пешкаши муштариёни гиромии сомона мегардонем.
«Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон даъвои марзии давлати Чинро нисбати заминҳои Тоҷикистон пурра беасос ҳисобида, дар асоси омӯхтани далелҳои муътамади таърихӣ, таърихӣ-лингвистикӣ, бостоншиносӣ, филологӣ, мардумшиносӣ, топонимикӣ, қиёфашиносӣ (антропологӣ), расму оини аҳолии ҳудуди таърихии Тоҷикистонии Помири Шарқӣ-Бухорои хурд: масоҳати Тагдумбаш-Помир тибқи харитаи ҷуғрофии асри XIX, мавзеи Кошғар (аз калимаи тоҷикии Кош-кошона, қаср, кушк ва ғар – кӯҳ), маводҳои ғори Машалиқ, қабристони қадимаи Қизил-работ ва Ҷавшанғоз-IV марбут ба ҳазорсолаҳои II-I – и пеш аз милод ва далелҳои давраҳои баъдӣ, ки аз ҷониби муҳақиқони ватанию хориҷӣ дар асоси сафарномаҳои ҳоҷиёни бутпараст, сангкатибаҳо ва дигар санадҳои таърихии Чинӣ таҳқиқ шудаанд, умумияти ягонаи сиёсӣ, этникӣ, маданӣ ва динии аҳолии Бухорои хурдро бо миллату давлати Тоҷикистон асоснок намуда пайвастани қаламрави масоҳати Кошғар, Тошқӯрғон, Тагорни, Вачи, Марион ва ҳамчунин заминҳои соҳили дарёи Яркенд аз Марион то Косараби Помири шарқиро ба давлати Точикистон аз рӯи адолат мешуморад. Зеро:
а) Дар Помири Шарқӣ (ҳудуди Такдумбаш-Помир ва Кошғар) аз давраи мезолит одамони ибтидоӣ умр ба сар бурда, дар ҳазорсолаҳои 8-5 – и пеш аз милод дар ин ҷо маданияти маркансуии коркарди сангҳо, ки бо унвони маданияти обисанг (галечӣ) маъруф буда, он ба “маданияти ҳисорӣ” (6-3 ҳазор сол то солшумории мо) як хел мебошад;
б) Забони сокинони ин сарзамин аз замонҳои қадимтарин забони Ирони шарқӣ буда;
в) Сарзамини Помири Шарқӣ:
1) Дар асрҳои VI-IV пеш аз мелод дар ҳайати шоҳигарии Сакоиҳо ва асрҳои III-II – и пеш аз милод вобаста ба шоҳигарии Юнони-Бохтарӣ фаъолият намуда, дар асрҳои I-III ба ҳайати шоҳигарии Кушониён шомил буда;
2) Ҳамзамон дар асрҳои II-VIII – и солшумории мо дар сарзамини Помири шарқӣ империяи (давлати) Қирпанд (аз калимаҳои иронии қир – кӯҳ ва панд – роҳ яъне давлати фарогири шоҳроҳи абрешим), ки он дар ибтидо сарзаминҳои аз ғарб то Хоразм, аз шимол то шаҳри Қашғар, аз ҷануб то шаҳри Кашмир ва аз шарқ то Кагиликаи Сеньцзяни Чини имрӯзаро фарогир буда, баъдан пурра қаламравӣ давлатҳои миёни Чину Римро фаро гирифта, шакли давлатдориаш - шоҳӣ, забони сокинонаш - ирони шарқӣ (сако-хутанӣ), осор - хаттӣ хутанӣ буда, маркази идоравии сиёсиаш Сарикули Тошқурғон ва бо Хитой дар муносибати хуби дипломатӣ, робитаи ҳасанаи тиҷоратӣ ва муносибати ҳамзистии осоишта қарор дошта;
3) Соли 840 баъди фурӯпошии хоқонӣ Орхони Муғулистон ба Помири шарқӣ туркони кӯчманчии уйғур омада бо аҳолии маҳаллии иронизабон омезиш ёфта, фарҳанг, касабаю воситаҳои истеҳсолотии аҳолии маҳалиро аз худ намуда;
4) Дар асри IX Помири Шарқӣ ба ҳайати давлати Тоҳириён ва дар асри X дар ҳайати империяи Сомониён дохил шуда, дар асрҳои XI-XII ба ҳайати давлати Ғазнавиён ва ғ-ҳо муттаалиқ буда;
5) То оғози асри XVIII, яъне дар тӯли беш аз 1000 сол Кошғар (Бухорои хурд-Туркистони Шарқӣ) ҳамчун давлати мустақиле, ки аҳолиашро тоҷикон, уйғурҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, дунганҳо ва халқиятҳои дигар ташкил мекарданд, фаъолият намуда, солҳои 30-60 асри XIX масоҳати Помири Шарқӣ ба ҳайати хонигарии Қӯқанд ва соли 1876 баъди аз ҷониби Россия аз байн бурдани хонигарии Қӯқанд, ҳудуди он тибқи меъёрҳои байналмилалӣ мебоист пурра ба Россия ҳамроҳ шуда, баъд аз пошхӯрии СССР он ба ҳудуди Тоҷикистон дохил мешуд. Аммо масоҳати Помири Шаркӣ аз қуллаи қаторкӯҳҳои Сарикӯл, миёни Чину Россия табартақсим ва ҳамчун хатти сарҳад эътироф гардида, масоҳати Такдумбаш – Помир бидуни пурсиши афкори аҳолии маҳалӣ тобеи Чин дониста шуд, ки чунин муносибатро, ҲСТ эътироф намекунад.
Хотирнишон менамоем, ки ҳуҷуми чиниҳо дар ин сарзамин соли 138 то милод ва солҳои 744, 1759 бо далели он, ки нажод, забон, дину оини аҳолии Помири Шарқӣ бо чиниҳо созгор набуд, соҳибмулкон бо роҳи шӯриши умумихалқӣ ғосибонро аз ин сарзамин оҷилан ронда буд. Аз ишғоли мусаллаҳонаи Бухорои хурд дар соли 1949 сар карда Чин дар заминаи сиёсати пӯшида “истилои хазандаи чинӣ” борҳо садҳо ҳазор хитоиро ба хотири омезиш ва таъмини нуфузи чиниҳо бар аҳолии маҳаллӣ ба инҷо кӯчонда оварданд, ки ин ҳолат боиси болоравии ҳаракати милли озодихоҳии тоҷикон, уйғурҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар халқиятҳои муқимии ин сарзамин дар солҳои 1950, 1962, 1970, 1990-1996 сабаб гардида истода, раванди хитоикунонии аҳолӣ, бақои аҳолии қадимтарину муқимии Помири Шарқӣ-тоҷиконро зери суол гузошта, ин раванд ҲСТ – ро сахт ба ташвиш овардааст.
Аз ин рӯ Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар асоси далелҳои боэътимод изҳор менамояд, ки: бо мақсади барқарор намудани адолати таърихӣ ва наҷоту ҳифзи ҳамзабонони мо дар Бухорои хурд, Ҳукумати Тоҷикистон ба даъвои беасоси марзии Чин, даъвои ҷавобиро нисбати тағйир додани хатти сарҳади мамлакати Тоҷикистон бо фарогирии масоҳати водии Кошғар, Тошқурғон, Тагорни, Вачи, Марион ва ҳамчунин аз соҳили дарёи Яркенд аз Марион то Косараби Помири Шарқиро, ки ватани таърихии тоҷикон ба ҳисоб меравад, талаби қонунӣ пешниҳод намояд.
М. Нарзиев,
Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4600-izhoroti-hizi-sotsialistii-tojikiston.html