21:22:54 02-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИСЛОМОБОД МЕРАВАД

Қарор аст баъд аз зуҳри душанбе, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпоя озими Покистон шавад. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро вазирон, намояндагони парлумон ва соҳибкорон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

 

pakistan-tajikistanҚарор аст Эмомалӣ Раҳмон тайи ин сафари серӯза бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур ва Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири ин кишвар дидор ва дар бораи таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои бештар гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории ду ҷониба дар бахши энержӣ низ баррасӣ шавад. Боздиди оқои Раҳмон аз Покистон дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2009 Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур ва соли 2010 Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири ин кишвар аз Тоҷикистон боздид карда буданд.

 

Покистон аз нахустин кишварҳое аст, ки дар оғози солҳои навадум истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худ дар Душанберо боз намудааст. Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури нахустини интихобшудаи Тоҷикистон, низ дар аввалин сафарҳои хориҷии худ аз Покистон дидан намуд буд.

 

ТАШНАИ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Покистон кишвари билқувваи истифодабарандаи барқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки аз шурӯи истиқлолияти Тоҷикистон чашми умед ба барқи Тоҷикистон, бахусус нерӯгоҳи Роғун дӯхтааст. Соли 1990 ин кишвар барои ин тарҳ 500 миллион доллар ваъда дод, аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва тағйири ҳукуматҳо дар ду кишвар мақомоти Покистон изҳор доштанд, ки то рӯшан шудани мавқеи Русия аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ хоҳанд кард.

 

Покистон бо ишора ба ин, ки ҳанӯз ташнаи барқи обии Тоҷикистон аст, кӯшидааст, ки дар ду соли гузашта ҳамкориҳои худ бо Душанберо таҳким бахшад. Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон талош кардааст, ки барои рехтани сармояи Покистон заминаҳоро фароҳам кунад. Соли 2009 вакилони мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон созишнома миёни ҳукумати ин кишвар бо Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳоро ба тасвиб расонданд.

 

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамакнун барои вуруди сармояи Покистон ба ин кишвар садду монеа вуҷуд надорад, балки давлат шароити ҳифз ва ҳимояти ҳуқуқии ин сармояро таъмин мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, агар бандҳои созишнома танҳо дар рӯи коғаз намонанд, Покистон метавонад, ки дар роҳандозии корхонаҷоти тавлид ва коркарди пашму пӯст ва низ семент ба Тоҷикистон кӯмак намояд.

 

Тибқи иттилои расмӣ, ҷониби Тоҷикистон ба Покистон тарҳи сохтмони як корхонаи семент, таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи конҳои оҳаксанги Кенкулсой ва Навобод дар Истаравшан, кони хоросанги "Шайдон"-и Ашт, коркарди нахи пахта дар Восеъ, Конибодом ва Хуҷанд ва ҷалби ширкати покистонии "OGDSL" барои коркарду истихроҷи нафту газро пешниҳод кардааст.

 

Бунёди роҳи иртиботии "Ишкошим - Читрол" тариқи дараи Вахон ва ба зудтарин фурсат шурӯъ шудани парвозҳо миёни Душанбе-Исломобод аз дербоз мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибайн қарор дорад. Тибқи иттилои расмӣ, гардиши мол миёни Покистону Тоҷикистон соли гузашта 20 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳоли ҳозир аз Покистон ба Тоҷикистон мева, семент, либосворӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноати сабук ва сохтмон ворид мешаванд.

 

ЗАРФИЯТҲОИ ҲАМКОРИИ ДУШАНБЕ ВА ИСЛОМОБОД

Бо ишора ба ин, коршиносон ҳамкориҳои хуби иқтисодии Душанбе бо Исломободро аз манфиат холӣ намебинанд. Онҳо мегӯяд, агар Покистон мехоҳад, ки аз тариқи Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ роҳ ёбад, Тоҷикистон метавонад, ки аз ин кишвар барои худ молҳои зарурӣ ва арзонро ворид кунад. Покистон як кишвари бузург аст ва Тоҷикистон метавонад, ки маҳсулоти чармӣ, сабзавот, доруворӣ, шакар, равған, ғаладона, атриёт, собун ва маводи хушбӯӣ ё ориширо ворид кунад.

 

То ҳанӯз бозорҳои Тоҷикистонро навъи меваҳои мухталиф, аз ҷумла мандарину банани покистонӣ зеб медиҳанд ва сокинони Тоҷикистон солҳост, ки назар ба картошкаҳои маҳаллӣ картошкаҳои покистониро бештар истеъмол мекунанд. Ҳамин тавр, коршиносон ба ояндаи ҳамкориҳои иқтисодии Душанбеву Исломобод бо нигоҳи нек менигаранд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Покистон узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, инчунин тарҳи бузурги эҳдоси хатти баландшиддати СASA-1000-ро, ки нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад дод, рӯйи даст доранд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4605-emomali-rahmon-ba-islomobod-meravad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854