21:45:47 02-уми Июни 2025 сол

ДИДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ПОКИСТОН

zardari_rahmanҲайати давлати Тоҷикистон ба раҳбарии Президент Раҳмон барои анҷоми дидори чоррӯза вориди шаҳри Исломобод шуд. Дар назар аст, оқои Раҳмон дар ҷараёни ин дидор бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, сармоягузорӣ, беҳдошту маориф, нақлиёту иртиботот, тиҷорат ва ҷаҳонгардиро баррасӣ кунад. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар гурӯҳи бузурги тоҷирону соҳибкорони тоҷик ҳамроҳӣ мекунад.

 

Интизор меравад, дар чаҳорчӯби ин дидор дар шаҳри Карочии Покистон ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони ин ду кишвар баргузор шавад. Дидори ҳайати баландпояи Тоҷикистон аз Покистон дар пайи сафари раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири ин кишвар ба Душанбе дар солҳои 2009 ва 2010 анҷом мешавад.

 

Сафҳаҳои тозаи ҳамкориҳо бо Покистон

Дар зарфи ду соли ахир ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтааст. Ба эътиқоди Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси тоҷик, дидори феълии Президент Раҳмон аз Покистон ва ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони тоҷику покистонӣ ба тавсеъаи бештари ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар мусоъидат хоҳад кард. Оқои Юсуфӣ энержӣ ва иртибототро аз бахшҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон унвон карда ва гуфт, интизор меравад Тоҷикистон ба Покистон нерӯи барқи арзон содир карда ва Покистон ба навбаи худ, яке аз бандарҳои обии худро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад.

 

Аз ҷумла, тибқи иттилоъи Сафорати Покистон дар шаҳри Душанбе, давлати ин кишвар дар соли 2008 барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон, бандари ҷадиди Гвадарро фаъол карда буд. Аммо гуфта мешавад, то ҳол васоили идораи контейнер ё маҳмулаҳо дар ин бандар бекоранд, зеро аз Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ маҳмулае ҳам ба ин бандар ворид намешавад. Эҳдоси бандари Гвадар, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, дар соҳили дарёи Араб, дар соли 2007 анҷом ёфта ва бо ширкати мақомоти баландпояи Покистон дар охири соли 2008 фаъол шуд.

 

Аз сӯйи дигар, дар сурати иҷрои тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба “CASA-1000” Тоҷикистон нерӯи барқи худро ба Покистон содир хоҳад кард. Ҳазинаи ин хатти 550 килувотӣ 680 милюн дулор буда ва аз миёни созмонҳои байналмилалии молӣ Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро барои сармоягузории ин тарҳ эълом кардааст. Созишномаи миёни Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон дар мавриди тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи мавсум ба “CASA-1000” дар моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломободи Покистон аз ҷониби Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расида ва дар моҳи январи соли гузашта аз сӯйи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд.

 

Дар чаҳорчӯби ин созишнома қарор аст, миёни ин чаҳор кишвар хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ бунёд шуда ва барои Тоҷикистону Қирғизистон барои содир кардани нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ имконият фароҳам гардад. Дар назар аст, нерӯи барқи неругоҳҳои “Қамбарота”-и Қирғизистон ва “Роғун”-и Тоҷикистон аз тариқи ин хатти барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир шавад. Зимнан, дар поёни ҷаласаи чоруми Кумисиюни муштараки иқтисодӣ ва илмию фании Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе дар ҳафтаи гузашта Протукули ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф имзо шуда буд.

 

Тибқи ин санад, ширкати саҳомии "OGDCL"-и Покистон дар корҳои ҷустуҷӯйӣ, кашф, истихроҷ ва коркарди нафту гоз бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, дар назар аст, дар маъодини оҳаки "Кенсулсой"-и Истаравшан, санги хорои "Шайдон"-и ноҳияи Ашт, корхонаҳои коркарди панбаи "Самар"-и ноҳияи Восеъ, "Ресмон"-и шаҳри Конибодом, "Тексмтил ситӣ" -и шаҳри Хуҷанд ва "Нафиса"-и шаҳри Душанбе бо сармояи ширкатҳои покистонӣ корхонаҳои муштарак таъсис шаванд. Тоҷикистону Покистон барои иҷрои тарҳи бунёди роҳи иртиботии "Ишкошими Тоҷикистон ва Читроли Покистон" тавассути дараи Вахон ҷиддан талош хоҳанд кард.

 

Дар Протукули ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Покистон ба зудтарин фурсат шурӯъ шудани парвозҳо дар масири Душанбе-Исломобод таъкид шудааст. Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2009 се баробар афзоиш ёфта ва ҳудуди 22 милюн дулорро ташкил додааст.

 

Теъдоди ҷаҳонгардони покистонӣ, ки аз Тоҷикистон дидан кардаанд, дар давраи мушобеҳ тақрибан ду баробар афзоиш ёфта ва дар соли гузашта теъдоди онҳо ба 810 нафар расидааст. Тибқи гузориши ин манбаъ, Тоҷикистон ба Покистон нахи панба, пӯст ва пашм содир карда ва аз ин кишвар семону картошка ворид кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4607-didori-emomali-rahmon-az-pokiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854