21:52:15 02-уми Июни 2025 сол

ҲАВЗАИ "ДОҒ"-И СИНО: КӢ АЗ КӢ ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД?

Бо наздик шудани замони интихобот дар ҳавзаи Сино, аҳзоби сиёсии кишвар мавқеи худро мушаххас мекунанд. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ду ҳизби умдаи сиёсии кишвар номзадҳои худро пешбарӣ намудаанд.

electionАмирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҲХДТ, Саидиброҳими Назар аз ҲНИТ ва Толибшоҳи Сайидзода - номзади мустақил дар интихоботи миёндавраии рӯзи 15-уми май дар ҳавзаи Сино-4 миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, аз аҳзоби мухолифи ҳукумат, эълон кард, ки дар ин интихоботи миёндавраӣ, номзади ҳизбашро пешниҳод намекунад.

Рахматилло ЗоировРаҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, аммо онҳо аз номзадҳои мустақил дар ин интихобот пуштибонӣ хоҳанд кард, ки дар ҳоли ҳозир ин номзад Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" аст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пуштибонии худ аз Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амният ва номзади ҲХДТ-ро эълон намудааст. Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб гуфта, ки ҷаноби Азимов солҳои тӯлонӣ дар сафи Ҳизби коммунист кор карда ва аз ҳуқуқшинонсони варзидаи кишвар аст ва ҳам барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар хизматҳои зиёде кардааст.

Дар ин миён Ҳизби аграрии Тоҷикистон гуфта, ки имрӯз дар ҷаласаи шӯрои сиёсии ҳизб, масъалаи пешбарии номзад баррасӣ хоҳад шуд. Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҳизби сотсиалистӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ баён доштаанд, ки дар ин маърака ширкат намеварзанд.

Масъуд СобировМасъуд Собиров раҳбари демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, онҳо ба шаффофияти интихобот бовар надоранд ва аз ин рӯ зарурати пешниҳоди номзади худро намебинанд. Аммо ҷаноби Собиров афзуд, имкон дорад дар конфронси ҳизбӣ, ки имрӯз баргузор мешавад, ин ҳизб аз номзадии Толибшоҳ Саидзода, номзади мустақил ва ғайриҳизбӣ ҷонибдорӣ кунад. Дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ таҷрибаи тавофуқ бар сари номзади мустақил ва ягонаро надоштаанд.

Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар парлумон, Шермаҳмади Шоҳиён, доир хоҳад шуд. Шермаҳмади Шоҳиён, вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шудааст. Интихобот дар ин ҳавза рӯзи 15-уми май баргузор мегардад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854