ҶАНОБИ WIKILEAKS БА ДУШАНБЕ ОМАД
Wikileaks –ҳангомабарангезтарини сайти ҷаҳонӣ ба Душанбе омад. Аҷибаш ба Маскаву Остонаю Тошканду Ашқободу Бишкек не, мустақиман вориди хоки Тоҷикистон шуд. Ин ҷо низ дигаронро назараш нагирифт ва танҳо бо гурӯҳи расонаии Asia-Plus, ки асосан бо маблағи грантҳои ИМА сари фаъолият омадааст, санади ҳамкорӣ ба имзо расонид ва ҳаққи истифодаи дасти аввали матолиби хешро ба ин гурӯх тақдим кард.
Аслан ин иқдом дар замоне сурат гирифт, ки ҳангомаҳо даври иттилооти фошкунандаи Wikileaks батадриҷ хомӯшу беаҳамият гаштан доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмиданд, ки ахбори ин сайт танҳо бардошту мавқеи сафирони амрикоӣ нисбати воқеаю ҳодисаҳо ва овозаҳои бемаънӣ дар кишварҳои фаъолияти онҳо будаасту халос. Бо вуҷуди ин, дар баъзе мамолик, ин ахборот баҳри коста намудани нуфузи сиёсии давлатмардону сиёсатмадорони алоҳида истифода гардиданд.
Ғайр аз ин, ҳодисаҳое низ ҷой доштанд, ки аз номи Wikileaks афроди саршинос бардурӯғ сиёҳ карда шуданд. Чунончӣ, дар Тоҷикистон ҳамин ҳафтаномаи Asia-Plus бо истиноди бофта ҳамчун номаи маҳрамонаи сафири ИМА дар Тоҷикистон, хабареро нашр кард, ки гӯё дар оянда Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ Президенти кишвар мешавад. Аммо дертар ошкор шуд, ки ин матлаб бо Wikileaks иртиботе надорад ва бофтаи онҳост. Аз ин рӯ, маҷбур шуданд, ки аз Вазир маъзарат хоҳанд.
Абарқудратҳо, аз ҷумла Россия, аз рӯзҳои нахустини нашри иттилооти баҳсбарангези Wikileaks, тасмим гирифтанд, ки ба он эътиборе надиҳанд ва маълумоти онро ҷиддӣ нагиранд. Аслан ба доми воҳимаҳои сайт, кишварҳое афтиданд, ки ҳам аз нигоҳи тафаккури сиёсӣ, ҳам аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар дараҷаҳои пасттар қарор доранд ва мутаассифона Тоҷикистони мо низ дар ин миён истисно нест.
Ҳатто дигар Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна низ, ҳангомаҳои сайтро бо як назаре дидаю ба фаромӯшӣ супориданд. Танҳо мо оиди «шӯхӣ»-иҳои Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Амрико, сардшавии равобити Россияю Тоҷикистон ва гуфтаҳои генерали тоҷик нисбати террористи рақами аввал хондему ба ваҷд омадаем. Бардошту натиҷа аз хондани онҳо чӣ буд? Чӣ аҳамияте баро ҷомеаи мо доранд? Ҳеҷ. Танҳо сарфи беҳудаи вақт.
Барои ҳамин ҳам дигар давлатҳои Осиёи Миёна Wikileaks-ро дар хоки худ роҳ надодаанд. Зеро дар бознашри фикру хаёлҳои чандсола пеши сиёсатмадоре ё ходими давлатию ҷамъиятие, барои ҳаёти имрӯза манфиате намебинанд. Итминон доранд, ки зуҳури ин сайт боз як бозии навбатии Ғарб аст.
Агар чунон намебуд ва фаъолияти Wikileaks дар ҳақиқат барояшон зиёновар мебуд (чуноне аввалҳо муттаҳамаш мекарданд, ки сирҳои давлатиро ифшо кардааст), барвақт Ҷулиан Ассанҷ, раиси Wikileaks, ҷойгоҳи хешро дар зиндонҳои Амрико соҳиб шуда буд. Аммо тавре мебинем, ӯ танҳо дар ҳабси хонагисту қариб, ки фаромӯш ҳам шудааст.
Мо бошем, дар симои Asia-Plus хурсандем, ки бо Wikileaks-и машҳур, вале нолозим, санади ҳамкорӣ бастаем. Ва боз ба матолиби марбут ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон дастрасӣ хоҳем дошт. Яъне аз номи Wikileaks ҳам бошад, сарчашмаи паҳнкунандаи ҳар маълумоти воҳимаангезу моҷароҷӯёна дар бораи кишварҳои минтақа, Тоҷикистон хоҳад шуд.
Касе ҳам кафолат дода наметавонад, ки дар ин миён иттилооти бофта низ метавонанд нашр гарданд (мисолашро нисбати Зарифӣ дар боло овардем) ва дар муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин давлатҳо, хусусан ҳамсояҳои наздик, латмаи ҷиддӣ зананд.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон, аллакай аз ин созишнома изҳори нигаронӣ кардааст (самимӣ будани ин нигаронӣ ҳам баъди нашри маводҳои пешин, таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад). Аммо номбурда як нуқтаи дурустеро ишора кардааст, ки «созишнома барои Asia-Plus ва ҷомеаи Тоҷикистон чӣ хоҳад дод?»
Ба ин савол танҳо кормандони Asia-Plus метавонанд ҷавоб диҳанд, аммо хомӯшӣ ҳам баргузинанд, гузашти кӯтоҳи вақт сиру мақсади ташрифи Wikileaks-ро ба Тоҷикистон фош хоҳад кард.
Назари Олимпур, рӯзноманигор