10:36:57 02-уми Июли 2025 сол

ЗӮРГӮИИ РУСИЯ: ЭҶОДИ ПОЙГОҲ ТАНҲО БО РИЗОЯТИ СПАД МУМКИН АСТ

Бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон тавофуқи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро (СПАД) “зургӯии Русия” дар минтақа медонанд. Раҳбарони ин кишварҳо дар Маскав тасмим гирифтанд, ки танҳо бо касби ризояти ҳамдигар метавонанд ба ҳузури пойгоҳҳои низомии кишварҳои берун аз қаламрави СПАД дар қаламрави худ иҷоза диҳанд.

/images/stories/2011/12/21_csto_211211.jpgИн тасмим дар ҳоле иттихоз шуд, ки мавзӯъи эҳтимоли эҷоди пойгоҳи низомии Амрико дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи НАТО аз Афғонистон дар маҳофили сиёсӣ ва расонаҳои Русия матраҳ шудааст. Дар баёнияи муштараки сарони кишварҳои узви СПАД омадааст, ки онҳо дар мавриди вазъи Афғонистон ҷиддан нигарон ҳастанд.

Раҳбарони Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, кишварҳои узви ин созмон, дар баёнияашон гуфтаанд, ки мехоҳанд "сулҳ, истиқлол ва рушд дар Афғонистон пойдор бишавад." Тавофуқ дар мавриди иҷоза надодан ба ҳузури пойгоҳи низомии “кишваре севум” дар қаламрави яке аз кишварҳои узви СПАД низ аз ҷумлаи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин созмон дар Маскав будааст.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, гуфтааст, ки тавофуқи ахир дар бораи зарурати касби ризояти кишварҳои узв дар бораи эҷоди пойгоҳҳои низомии кишварҳои дигар дар қаламрави кишварҳои СПАД таъаҳҳуди ин кишварҳо ба ин созмонро собит мекунад. Аммо соҳибназарон дар Тоҷикистон дар ин бора назарҳои мухталифе доранд.

Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон ва аз мухолифони давлат, мегӯяд ки “мувофиқати сарони кишварҳои СПАД дарвоқеъ мувофиқат на, балки зургӯии Русия аст.” Ба гуфтаи ӯ: “Давлати Русия ин корро барои он мекунад, ки мебинад, ки мавқеъияти худро на танҳо дар хориҷи кишвар балки дар дохили кишвари худаш низ гум карда истодааст.”

Аммо Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, гуфт, ки ин тавофуқ на танҳо ба манфиъати Русия, балки ба манфиъати ҳамаи кишварҳои узви ин паймон аст. Вай меафзояд: “Аслан ман фикр мекунам, ки ҳеҷ кишвар набояд дар қаламрави худ пойгоҳе хориҷӣ дошта бошад, магар ин ки мисли мо дар минтақаи доғе қарор дошта бошад.”

Аммо Вафо Ниятбеков, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки Тоҷикистон қабл аз ин тасмим ҳам дар асоси тавофуқоти қаблиаш бо Русия ҳаққи мустақар кардани пойгоҳҳои низомии кишварҳои дигарро надошт. Вай афзуд: “Дар ҳар сурат, чанде пеш вазири хориҷаи Амрико иброз дошта буд, ки кишвараш намехоҳад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои тоза таъсис бидиҳад.”

Оқои Ниятбеков мегӯяд тасмими ахири СПАД ин саволро матраҳ карда, ки акнун ояндаи подгони низомии Фаронса дар Душанбе ва пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон чӣ мешавад? Вай гуфт: “Ба назари ман, подгони фаронсавиҳо дар Душанбе, ки умдатан маъмурияти фаннӣ дорад, боқӣ хоҳад монд, вале мавзӯъи хуруҷи пойгоҳи Амрико аз Қирғизистон матраҳ хоҳад шуд.”

Ин дар ҳолест, ки Роза Отунбоева, ки то 31-уми декабри соли ҷорӣ дар симати раиси ҷумҳури Қирғизистон боқӣ мемонад гуфтааст, тасмим дар бораи хуруҷи пойгоҳи низомии Амрико аз Манас, танҳо пойгоҳи хориҷӣ дар қаламрави кишварҳои узви паймон бояд бо дарназардошти вазъият дар Афғонистон иттихоз шавад.

Амрико дар соли 2009 тавофуқи худро барои истифодаи пойгоҳи низомии Манас таҷдиди назар кард. Ин кишвар барои истифода аз пойгоҳи низомии Манас ҳамчун тронзит ба Афғонистон 60 милюн дар сол пардохт мекунад. Аз соли 2001 то 2009 Амрико ба Қирғизистон барои истифода аз ин пойгоҳ 17.4 милюн дулор дар сол пардохт мекард.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, ки рӯзҳи 19 ва 20-уми декабр мизбони чанд ҷаласаи ғайрирасмии раҳбарони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ буд. Дар ҳар сурат аксари коршиносон дар як мавзӯъ ҳамфикр ҳастанд, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тарҳи Русия буда ва ҳарфи аслиро дар тасмимгириҳои ин созмон Маскав мезанад.

Русия Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Арманистон аъзои ин созмон ҳастанд. Ин созмон, ки моҳи майи соли оянда даҳсолагии худро ҷашн хоҳад гирифт, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва терурисмро аз аҳдофи аслии худ медонад. Вале бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки СПАД аҳдофи баландпарвозонатаре дорад ва мехоҳад, худро ба як созмони амниятии нерӯманде дар минтақа табдил диҳад ва бо НАТО рақобат кунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ