23:33:06 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

РИЗОИЯТ ВА ЗИДДИЯТ БА ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТҲО ДАР ДУШАНБЕ

Бархе аз соҳибназарони тоҷик хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро ба манфиат намедонанд. Коршиносони тоҷик дар бораи баёнияҳои раҳбарони бархе аз кишварҳо, ки дар ҳамоиши Душанбе садо дод, назари яксон надоранд. Агар як идда аз онҳо барои кӯмаки муассир ба мардуму миллати Афғонистон даъват кунанд, иддае дигар ҳамоно ҷонибдори боқӣ мондани нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишваранд.

/images/stories/2012/03/26_kokhi-somon-26312.jpgАз нигоҳи Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа дар Тоҷикистон, дар шароити кунунӣ бояд вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон дар мадди назар бошад ва кӯмакҳоеро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мекунад, онҳо эҳсос кунанд. Чун ба таъкиди Искандаров, "дида мешавад, даҳсолаҳо боз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон кӯмак мекунад, аммо ҳамоно мардум кор надорад. Дар вазъи фақр ба сар мебарад ва ин кӯмакҳо ба ҷуз ҷангу дарбадарӣ чизе ба мардуми Афғонистон надодааст."

Ба ин далел Қосимшоҳ Искандаров пешниҳод дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти Афғонистонро ҷиддӣ бигирад ва иқдомҳои самарбахшеро барои сулҳу суботи мардуму миллати афғон ва амнияти минтақа анҷом бидиҳад.

Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик, бовар дорад, ки то замоне амният дар Афғонистон таъмин нагардад, ин кишвар наметавонад ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бирасад. Ба таъкиди ҷаноби Раҳматов, калиди аслии субот дар Афғонистон дар дасти Покистон аст.
Зеро ба эътиқоди ӯ, гурӯҳи Толибон, ки дар бештари мавридҳо дар ноором шудани Афғонистон даст дорад, тавассути Покистон ҳимоят мешавад ва Исломободро лозим аст, ки пуштибонии садоқатмандонаи худро нисбат ба ҳукумати феълии Афғонистон дошта бошад, на ин ки аз ин гурӯҳи ифротӣ ҳимоят намояд.

Ба ин далел вай ҳузури Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон дар нишасти Душанберо фоли нек донист ва гуфт, "шояд ин кишвар барои кӯмак ба Афғонистон нияти хайреро пеши худ гузорад."

Аммо ҳамзамон ин коршиноси тоҷик ба пешниҳоди Маҳмуди Аҳмадинажод барои комилан берун шудани неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ки омили суботи мардуму миллати афғон хоҳад шуд, мухолиф аст. Вай гуфт, дуруст аст, ки Эрон ба хотири мухолифаташ бо Амрико ва Ғарб чунин пешниҳодеро ҳамеша ироа мекунад, аммо пас аз соли 2014, ҳангоме ки нерӯҳои НАТО ва Ғарб аз Афғонистон берун мешавад, замонати субот дар ин кишварро касе дода наметавонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Виктор Дубовитский, муовини Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, "яқинан пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон ин кишвар ба "ҷанги шаҳрвандӣ" кашонда хоҳад шуд. Зеро ба таъкиди вай, Толибон ва шариконаш аз роҳи худ барнамегарданд ва ҳеҷ гуна сулҳро низ қабул надоранд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi