00:57:40 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

РАҲБАНДИЮ ГАЗБАНДИҲО БА ХОТИРИ ЧИСТ?

Ҳарчанд чунин фикреро намехоҳам дар майнаи хеш ҷой диҳам, ҳамоно зӯр мезанаду ҷилави андешаамро боз ба дасти хеш мегирад. Ва ин фикр сари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон аст. Ду кишваре, ки ҳамҷаворӣ аз офариниши дунё инҷониб доранду таҳаввулоту тағироти таърихиро гоҳ зери осмони давлати ягона пушти сар кардаанду гоҳ бо ҷодаи мустақили хеш.

/images/stories/2012/03/30_gaz-prirodniie-30312.jpgГарчӣ забонашон як набуд, урфу одати ҳамсон, арзишҳои якмаром ва пайвандии рагу ҷон доштанд. Дар манотиқи сарҳадии ду кишвар пайвандии хешутаборӣ миёни ду миллат ончунон печдарпеч гаштааст, ки дигар ягон шаҷаранависе қодир нест нӯги ин калобаро пайдо кунаду мансубияти пешгузаштагони сокинони ин маҳалҳоро аз ҳам ҷудо созад.

Мардуми оддӣ ин ҳақиқатро дуруст дарк намуда, то имрӯз ба муносибати бародаронаи ду миллат арҷу эҳтиром мегузорад ва онро риоя мекунад. Вале мутаассифона, қишри болоӣ - аҳли султаи узбек дар ҳама давраҳои таърихӣ дар қалб нисбати сурату сирати барои сокинони минтақа хос, фазилату хиради худододи тоҷикона ҳисси бухлу кудурат мепарвариданд ва пайи нестии ин миллат иқдомоти душманона ва ғайриинсониро пеш мегирифтанду мегиранд.

Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки чӣ гуна Темури ланг аз сарҳои буридаи садҳо ҳазор тоҷик каламанораҳо сохта буд. Чунин муносибати душманона дар муқобили миллати тоҷик аз ҷониби амирони шайбонию манғитӣ нигаҳ дошта мешуд.

Замони шӯравӣ даврае буд, ки ду миллати бо ҳам печидаву бо арҷу нигаҳдории тамоми зарофату назокатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ, бидуни даъвою иддао ба якдигарӣ зиндагӣ доштанд. Аммо баъди соҳибистиқлол шудани ду ҷумҳурӣ, ҳисси бузургманишӣ дар рагу пайванди сарварони ҷумҳурии ҳамсоя ва бародари мо аз нав ҷӯш зад ва онҳо сиёсати темуронаро нисбати Тоҷикистон аз сар гирифтанд.

Албатта, на бо каламанорасозӣ. Балки бо роҳу равишҳои дигар. Пеш аз ҳама ҷадал доранд, ки тоҷикро бо муҳосираи иқтисодӣ дучори фақру гуруснагӣ созанд, ҳисси эътимодро ба фардои дурахшон, созандагию бунёдкорӣ дар қалби ӯ нест кунанд, тоҷикро алайҳи тоҷик шӯронанд, дубора моро ба миллати мулзаму дастнигар табдил диҳанд.

Оё дараҷаи бадбинӣ нисбати як миллат аз ин болотар мешавад? Ба ҷумҳурие, ки оби равону мусаффояшро маҷонӣ меошомию садҳо миллион заминатро обшор мекунӣ, додани газ бо пули нақд, бо қиммати муайянкардаи худ, мушкил аст? На! Ба шарте, ки аз ниятҳои ғарзноку душманона орӣ бошӣ. Вале чун дил сияҳ бошад, ният сияҳ бошад, даст ҳамеша ҷониби кирдори сияҳ меёзад.

Ҷониби Узбекистон бо як мактуби худ Тоҷикистонро огаҳ сохтааст, ки шурӯъ аз 1-уми апрел дигар ба Тоҷикистон газ нахоҳад фурӯхт. Ва илова кардааст, ки ин иқдом на ҷанбаи сиёсӣ балки мушкили иқтисодӣ дорад. Гӯё гази Узбекистон кам шудаву фақат барои фурӯш ба Русия ва Чин мерасаду халос. Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад!

Миқдори газе, ки Тоҷикистон аз Узбекистон мегирад на он қадар зиёд аст, ки ба бозори фурӯши ин кишвар таъсиргузор бошад. Газе, ки мо аз ин кишвар мехарем 160 млн метри мукаабро ташкил мекунад ва ҳатто баробари тавлидоти якрӯзаи Узбекистон нест. Узбекистон дар як шабонарӯз беш аз 200 млн метрии мукааб газ истеҳсол мекунад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон бо нархи ҷаҳонӣ газро аз Узбекистон мехарад. Бо ҳамон нархе, ки онро Русияву Чин мехаранд. Пас фарқ чӣ будааст, ки ба куҷо онро фурӯшад?

Фарқ дар ҳамон андешаҳои сиёсии Тошканд ниҳон аст. Онҳо дидаю дониста ба ин иқдомот даст заданд. Раҳбандию газбандӣ пеш аз ҳама хисороти ҷиддӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мерасонад. Ин зарба қабл аз ҳама ба корхонаҳои саноатии «Талко», пуркунандаи аслии буҷаи ҷумҳурӣ, ширкати воҳиди давлатии «Тоҷиксемант», корхонаи истеҳсолии нуриҳои минералии «ТоҷикАзот», ки фаъолияташон бо гази табиӣ сахт алоқаманд аст, равона гардидааст. Қатъи интиқоли гази Узбекистон шароити нақлиёти мусофиркашро низ мушкил месозад.

Аз шоҳидани воқеи хабарҳои дигар низ расиданд, ки Узбекистон шохаи роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг»-ро тахриб карда истодааст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1 километри ин хат, ки шаҳри Термези Узбекистонро бо минтақаи Қурғонтеппаи Тоҷикистон мепайваст, дигар вуҷуд надорад. Бо гирифтани шпалҳо ва релсҳо Узбекистон роҳеро, ки тақрибан ним сол бо баҳонаи таркиши кӯпруке баста ва убури қатораҳои боркашро тавассути он умуман манъ карда буд, комилан аз байн бурда истодааст ва бо чунин амалаш қисмати ҷануби Тоҷикистонро худсарона бар хилофи тамоми меъёрҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва қавонини байналмилалӣ аз хати таъминотӣ маҳрум кардааст.

Дар маҷмӯъ, ин иқдомҳои муғризона боиси болоравии нархи молу маводи мавриди ниёзи мардум, боркашониву роҳкиро ва ғайра мегардад. Чун буҷа ба харобӣ рӯ оварду қудрати додани маошу нафақа коҳид, нарх боло рафт, гуноҳи онро мардум ҳатман бар дӯши давлат бор хоҳанд кард, на бар ҳилаю найранги Узбекистон. Мақсад аз ин ҳама фишорҳо ин аст: таҳрики мардум ба эътирозҳо, ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон, ҳалли масоили сарҳадӣ ба нафъи худ.

Албатта, дар ҷомеаи тоҷик ашхоси алоҳида, баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ин иқдомоти Тошкандро бо майл истиқбол хоҳанд кард. Аз вазъи мушкили иқтисодӣ истифода бурда, давлату ҳукуматро дар камбуду набуд гунаҳгор эълон хоҳанд кард. Зеро маҳз дар чунин лаҳзаҳо онҳо метавонанд ба риштаи нозук, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум нохун зада, имтиёзи сиёсӣ барои худ касб кунанд. Чунки барои онҳо мафҳуми миллату ормонҳои миллӣ бегонаанд. Хушбахтона мардуми мо ин гурӯҳи начандон зиёдро аллакай мешиносаду аз «а»- и аввалашон «бе»-и онҳоро дарк мекунад.

Сабақ аз сиёсати пешгирифтаи ҷониби Узбекистон барои мо – тоҷикон якест. Мо бояд ба мушкилию озмоишҳои навбатӣ омода бошем, ваҳдату иттифоқро бори дигар (аллакай чунин таҷрибаро дорем) рӯйи кор гирифта, муттаҳид бошему иншоотҳои стратегии барои давлату миллатамон тақдирсозро, ҷодаҳои нави коммуникатсиониро то ҳавзаҳои баҳрӣ (тавассути Афғонистону Покистон) бисозем. Он гоҳ, мо на ин ки аз вобастагии Узбекистон раҳо мешавем, балки ба кишвари пайвасткунандаи Афғонистону Покистон бо Чину Қирғизистон табдил меёбем. Танҳо дар ҳамин сурат, аз нозу карашмаи бузургманишонаи роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсоя халос хоҳем шуд.
Назари Олимпур, журналист



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi