05:54:17 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

КАБИРӢ: “ИСТИБДОДУ ДИКТОТУРӢ БОЗ ҚАРНҲО ИДОМА ХОҲАД КАРД?"

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфтааст, ки ҷаҳони ислом марҳилаи ҳассосеро паси сар мекунад, ки аз “натиҷаи он тақдири садҳо милиюн инсон вобаста аст.” Муҳиддин Кабирӣ ин матлабро зимни суханронии худ дар Истонбули Туркия рӯзи якшанбеи 27 май дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ ва олами ҷадид" матраҳ кардааст.

/images/stories/2012/05/28_kabiri_28512.jpgОқои Кабирӣ дар оғози кори ин кунферонс бо намояндагӣ аз созмонҳои исломии қорраи Осиё суханронӣ кардааст. Тибқи иттилоъи сойти расмии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, дар кори ин ҳамоиш беш аз 100 ҳизбу ҷунбиш ва созмонҳои маъруфи исломӣ аз кишварҳои мухталиф ширкат доранд.

Ин ҳамоиш ба ибтикори давлати Туркия баргузор шуда ва бо суханронии Бакр Буздоғ, муъовини нахуствазири Туркия ва Аҳмад Довудӯғлу, вазири умури хориҷаи ин кишвар, оғоз шудааст. Тибқи иттилоъи масъулони дафтари ҲНИТ дар Душанбе, Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҳамоишро ба “чанд масъалаи муҳим” ҷалб кардааст.

Аз ҷумла, оқои Кабирӣ гуфтааст: "Олами Ислом марҳалаи ҳассоси худро сипарӣ мекунад, ки аз натиҷаи он тақдири садҳо милиюн инсон вобаста аст. Оё уммати исломӣ метавонад аз ин фурсати нодири таърихӣ барои сохтани ҷомеъаҳои озоду пешрафта истифода намояд, ё ин фурсат ҳам аз даст хоҳад рафт ва марҳалаи истибдоду диктотурӣ боз қарнҳо идома хоҳад кард?"

Аз ин иқтибос, ки дар сойти расмии ҲНИТ мунташир шуда, рӯшан нест, ки раҳбари ҳизб дақиқан кадом марҳиларо дар назар доштааст. Вале эҳтимол меравад, ки ишораи оқои Кабирӣ ба ҳаводиси мавсум ба “баҳори арабӣ” аст.

Раҳбари ҲНИТ ҳамчунин ба таҷрубаи Туркия дар эъмоли давлати “озод ва исломӣ” ишора карда ва таъкид кардааст, ки “миллатҳои дигари мусалмон метавонанд онро биёмузанд ва дар сурати зарурат аз он истифода намоянд.”

Оқои Кабирӣ афзудааст: "Зеро, ин ҳама танҳо таҷрибаи як миллат ва кишвар нест, он бояд дар хидмати ҳамаи мусалмонон бошад. Ҳамчуноне, ки таҷрибаи кишварҳои мо дар эҷоди сулҳ моли танҳо кишвари мо набуда, балки метавонад дар дигар нуқтаҳои доғ истифода шавад."

Зимнан, дар Тоҷикистон аз муддатҳо қабл ба омӯзиши таҷрубаи Туркия дар умури мазҳабӣ изҳори назар мекунанд. Гурӯҳе аз мазҳабиён дар Тоҷикистон ин улгӯи (мудели) давлати исломиро қобили қабул медонанд, вале гурӯҳи дигар аз он шадидан интиқод мекунанд. Президент Раҳмон низ зимни як суханронии худ хоста буд, ки масъулони умури адён дар Тоҷикистон таҷрубаи Туркия дар ҳалли масоили мазҳабиро биомӯзанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари ҲНИТ ҳамчунин дар суханронии худ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ ва олами ҷадид" ба зарурати рушди фарҳанги муколама байни мусалмонон таъкид карда ва онро “роҳи ягонаи раҳоӣ аз мушкилот ва низоъҳои дохилӣ” номидааст. Интизор меравад, кори ин ҳамоиш рӯзи душанбеи 28 май бо тасвиби баёнияи муштараке анҷом шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi