БАҲСИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОРЛУМОНИ АВРУПО
Дар Порлумони Аврупо, ки номи Тоҷикистон ниҳоят кам садо медиҳад, рӯзи 16-уми сентябр, вакилони он тақрибан як соат доир ба авзоъи кишвар ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон сӯҳбат карданд. Дар он рӯз масъалаи тасвиби Паймони мушорикат ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз таъхир дар амри тасвиби он гилагузорӣ карда буд.
Вакилони порлумони Аврупо бидуни шубҳа ба тарафдории тасвиби Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА бо Тоҷикистон раъй медиҳанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро хушнуд хоҳад кард. Аммо он чӣ ки бешак ҳукуматро дар ҳолати ногувору сахте қарор хоҳад дод, талаби вакилони аврупоӣ дар иваз ба тасвиби паймон аст. Вакилони порлумони Аврупо, ки дар баҳси 46 дақиқаии худ асосан доир ба вазъи бади ҳуқуқи инсон, иқтисоди бемор ва ҳимояти марз бо Афғонистон, фасодкории густурда дар Тоҷикистон сухан гуфтанд, аз ҳукумат мехоҳанд, то барои рафъи ин ҳама саъйу кӯшиш намуда, ва давлати модерну демократие бунёд кунад.
Алойз Петерла, вакили мардумӣ аз Словения ва аз кумитаи умури хориҷаи Порлумони Аврупо аз мӯҳтавои гузориши махсуси худ доир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мегӯяд:
“Дар ин гузориш, вазъи демократия дар Тоҷикистон танқид ва аз фасодкорӣ ва вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Дар ин гузориш аз ҳукумати Тоҷикистон хоста мешавад, мушкилоти ваҳими арсаи маорифро ҳар чӣ зудтар рафъ намояд. Дар ин гузориш ҳамчунин аз вазъи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон, мустақилияти додгоҳҳо ва ҳамчунин шароит барои кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ ибрози нигаронӣ шудааст.”
Вакилони порлумони Аврупо Тоҷикистонро аз назари сиёсӣ кишвари нисбатан босубот хонда, вале гуфтаанд, шеваҳои феълии ҳукуматдорӣ, тамаркузи қудрат, фақру фасодкории густурда ва ҳаракати бештар ба сӯи худкомагӣ хатари ноамнии сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро меафзояд.
Бо назардошти ин, вакилони порлумони Аврупо аз ҳукумат хостаанд, дар пешорӯи интихоботи порлумонии соли 2010 ба аҳди хеш дар амри демократисозӣ вафо карда, иҷоза диҳад, то низоми воқеъии бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон зуҳур намояд, Қонуни интихоботро ислоҳ намуда ва шароитро барои як интихоботи одилонаву шаффоф муҳаё созад.
Беннето Ферреро Валднер, комиссионери умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки дар ҳузури вакилон суханронӣ мекард, гуфт, нигарониҳои вакилони порлумони Аврупоро ба ҳукумати Тоҷикистон гӯшзад хоҳад кард:
“Албатта ман аз нигарониҳои шумо доир ба вазъи демократия ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон огаҳам ва аз ин рӯ ба шумо итминон медиҳам, ки Комиссияи Аврупо ин нигарониҳоро дар муколамааш бо Тоҷикистон пурра ба инобат хоҳад гирифт. “
Аммо ин танҳо як бахше аз нигарониҳои вакилони порлумони Аврупо аз шеваи ҳукуматдорӣ дар Тоҷикистон аст. Онҳо ҳамчунин хостаанд, то ҳукумат дар сиёсатҳои иқтисодиаш шаффоф бошад ва мардум ҳам бидонад, ки даромади тамоми ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла “Талко” ва “Барқи Тоҷик” чӣ гуна сарф мешавад. Чизе, ки ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш аз гуфтани он ба қавле “шарм намуда” ва натиҷаҳои фаъолиятҳои молии ҳарду ширкати баҳсбарангезро бар хилофи ваъдаи додааш барои ҷомеаи Тоҷикистон ошкор накард.
Дигар чизе, ки вакилони порлумони Аврупо аз Тоҷикистон хостанд, ба гуфтаи онҳо, сиёсати масъулона дар амри истифода аз захираҳои оби Тоҷикистон аст. Дар ин нишаст гуфта шуд, Тоҷикистон бояд дар аз ин захираҳо барои таъмини худ бо энержӣ тавре истифода барад, ки кишварҳои ҳамсоя ва поёноби он зиён набинанд.
Вакилони порлумони Аврупо зимни баррасии Паймони мушорикат ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон, ин кишварро як шарики муҳими худ дар гӯшаи дурдасти Осиё хонданд, ки ба гуфтаи онҳо, пеши маҷрои маводи мухаддири афғонӣ ба Аврупоро мегирад ва дар амри истиқрори субот дар Афғонистон метавонад нақши муҳиме бозад.
Паймони мушорикат ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон панҷ соли пеш, моҳи октябри соли 2004, аз сӯи ду ҷониб имзо шуда буд, вале он то кунун ба марҳилаи иҷро надаромадааст. Ҳадаф аз ин санад тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, рушди иқтисодии ин кишвар ва ҳамчунин тақвияти ҳузури сиёсиву иқтисодиву тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Осиёи Марказист, ки аз орзуҳои деринаи ИА мебошад. Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон то кунун бар асоси санаде сурат мегирифт, ки қариб 20 сол пеш дар замони Шӯравӣ имзо карданд.
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»