06:15:30 20-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ЧИРКИН: "ТОҶИКИСТОН ШАРОИТИ МО БАРОИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИРО МЕПАЗИРАД"

Владимир Чиркин, фармондеҳи кулли нерӯҳои пиёданизоми Русия, гуфтааст, ки Тоҷикистон шароити пешниҳодии Маскав барои тамдиди қарордод дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро қобили қабул донистааст. Дар ин бора хабаргузории русии "РИА-Новости" рӯзи 17-уми июл дар истинод ба суханони оқои Чиркин хабар додааст.

/images/stories/2012/07/17_rus_base-170712.jpgИн хабаргузорӣ аз қавли сарлашкар (генерал-полковник) Чиркин навиштааст: "Тоҷикистон тарҳи қарордод дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия барои 49 соли дигарро қобили қабул медонад. Раҳбарони ду кишвар қасд доранд ин мувофиқатномаро базудӣ имзо кунанд."

Оқои Чиркин, ба навиштаи ин хабаргузорӣ, афзудааст, ки шарти аслии ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон дар тарҳи қарордоди мазкур ба гунаи қаблӣ истифодаи ройгон аз қаламрави Тоҷикистон аст. Мақомҳои Тоҷикистон ҳануз ибрози назаре дар ин бора накардаанд.

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки музокирот миёни давлатҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи тамдиди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014, замони анҷоми қарордоди ҷорӣ дар ин замина, тайи моҳҳои ахир равобити байни Душанбе ва Маскавро ғайри қобили пешбинӣ карда буд.

Ҷониби Тоҷикистон иброз дошта буд, ки мехост аз шароити ҳузури низомии Русия дар кишвараш ба таври судманд истифода кунад. Аз ҷумла, гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон мехоҳад қарордоди тоза барои 49 сол на, балки барои 10 сол баста шавад.

Ин дар ҳолест, ки Владмир Чиркин ҳафтаи гузашта дар ҳузури аъзои Шӯрои федерол ё маҷлиси улёи порлумони Русия хабар дод, ки давлати Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар барои 49 сол сарпечӣ мекунад. Вай ҳамчунин аз эҳтимоли бурӯзи нооромиҳо ва даргириҳо дар Осиёи Миёна ҳушдор дод. Вазорати дифоъи Тоҷикистон изҳороти женероли русро “бемулоҳизагии сиёсӣ” номид.

Ҳарчанд Душанбе шароити мавриди алоқаи худро дар ин музокира расман шарҳ надода буд, аммо ҳамзамон бо изҳороти оқои Чиркин дар ҳафтаи қабл, "Коммерсантъ", нашрияи чопи Маскав, бо такия ба манобеъи наздик ба ҳайъатҳои музокиракунанда гузориш карда буд, ки давлати Тоҷикистон барои ҳузури низомии Русия дар ин кишвар 250 милюн дулор тақозо кардааст.

Афзун бар ин, нашрия бо истинод ба ин манобеъ хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди бист шарт гузоштаанд, ки иҷрои онҳо барои Русия душвор аст. Аз ҷумла, Тоҷикистон хостааст, ки ба зиреҳпӯшҳо ва аслиҳаи дигари низомии пойгоҳи Русия дастрасии ройгон дошта бошад.

Ҳамчунин, ба навиштаи "Коммерсантъ", ҷонибҳо дар мавриди ҳузури ҷангандаҳо ва ҳеликуптерҳои низомии Русия дар фурӯдгоҳи "Айнӣ" наметавонанд ба созиш бирасанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи гузашта, 12-уми июл, Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти роҳбурдии (истротежики) Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон эълом карда буд, ки ин марказ тарҳи мувофиқатнома дар мавриди ҳузури низомии Русия дар ин кишварро таҳия мекунад. Вай гуфта буд, ки базудӣ ин санад ба Ҳукумат ироа хоҳад шуд.

Вай ишора карда буд, ки барои тамдиди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон аз манофеъи миллии ин кишвар дифоъ хоҳад шуд ва аз ҷумла гуфт, ки масоили лағви таъруфаҳои гумрукӣ барои маводди сӯхти содиротии Русия ба Тоҷикистон, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, мавзӯъи сармоягузориҳо ва масоили дигари иқтисодӣ аз масоилест, ки бояд бо Русия баррасӣ шавад.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз соли 2004 дар заминаи лашкари 201 Русия, ки аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон мустақар буд, таъсис шуд ва гуфта мешавад бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз он кишвар маҳсуб мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi