22:16:26 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИЗҲОРОТИ ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ ВА ШАРҲИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Матне ҳамчун изҳороти расмии Айёмбеков ба нашр расид ва сафорати Тоҷикистон рӯйдодҳои Хоруғро шарҳ дод.

/images/stories/2012/07/29_tolib-ayombekov-290712.jpgДар баёнияи кӯтоҳе, ки гуфта мешавад, изҳороти расмии Толиб Айёмбеков аст, ин фармондеҳи яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон эълом доштааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ӯро бидуни далел дар қатли генерал Абдулло Назаров айбдор карда ва бо ин баҳона амалиёти ҳарбиеро зидди мардуми Помир роҳандозӣ намудааст ва бо маҳкум кардани ин амалиёт мегӯяд, "ба хотири пешгирӣ аз ҳалокати минбаъдаи помириёни осоишта расман изҳор медорам, ки ба гуфтушунид ва баргузории чораҳои таҳқиқи ҷиноӣ барои рӯшан кардани шароити ҳақиқии парванда омодагии комил дорам."

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, "таҳқиқи парвандаи қатли генерал Абдулло Назаров бояд шаффоф бошад ва бо ширкати коршиносони мустақил аз кишварҳои узви ОДКБ (Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ) ҷараён гирад. Ин коршиносон ба хотири дарки комили вазъи воқеӣ бояд ба тамоми маълумоти тафтишот ва муоширати шахсӣ бо халқи Помир дастрасӣ дошта бошанд."

Тақрибан ҳамзамон бо ин изҳорот сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар як баёнияи расмӣ масъулияти ҳаводиси ахир дар Бадахшонро бар дӯши Айёмбеков гузошт.

“Сабаби асосии оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ ин буд, ки Толиббек Айёмбеков аз таслими афроди муттаҳам дар куштори генерал Назаров сарпечӣ карда, ба тарафдоронаш 150 адад силоҳи оташфишон тақсим намуд”.- Омадааст дар шарҳи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон.

Дар баёния гуфта мешавад, ки шоми 21 июли соли равон ҳангоми бозгашт аз сафари корӣ дар ноҳияи Ишкошим сарвари раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Абдулло Назаров дар деҳаи Наводак мавриди ҳамлаи гурӯҳи номаълуми иборат аз 15-20 марди мусаллаҳ қарор гирифта, ба таври бераҳмона бо истифода аз силоҳи сард ба қатл расид. Сафорати Тоҷикистон меафзояд, ки се афсари амниятии ҳамроҳ бо генерал Назаров мавриди латукӯб қарор гирифтанд ва аз тарафи  ин гурӯҳ халъи силоҳ шуданд.

Рӯзи душанбеи 23 июл дар сӯҳбат бо мо Толиббек Айёмбеков дар бораи куштори генерал Назаров тафсилот дод ва тасдиқ кард, ки ҳукумат аз ӯ таслими чаҳор фарди муттаҳам дар кушторро тақозо кардааст ва ӯ ду нафари онҳо ба ҷониби ҳукумат супурд. Ӯ ҳамчунон гуфт, ки дар бораи макони будубоши ду муттаҳами дигар чизе гуфта наметавонад. Дар сӯҳбат бо мо Айёмбеков исрор варзид, ки ҳеҷ силоҳе дар даст надорад ва беш аз эътирози осоишта бар зидди ҳукумат муқовимате нишон нахоҳад дод.

Аммо ба навиштаи сафорати Тоҷикистон “баъди имзои созиши сулҳ Айёмбеков ба сафҳои ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ шомил шуд, вале силоҳи худро ба ҳукумат насупурда, пинҳонӣ гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ташкил кард”.

Ба қавли сафорати Тоҷикистон Айёмбеков бо дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки зери раҳбарии Имомназар Имомназаров, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Ёдгор Маҳмадасламов қарор доштанд, робита барқарор кард.

Дар изҳорот омадааст, ки ин гурӯҳҳои ҷиноӣ дар камаш 20 ҷинояти вазнин ва аз ҷумла бандитизм, куштори одамон, қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳову тамоку ва ҳамчунон қочоқи одаму муқовимат ба ҳукумат муттаҳам мешаванд. Гуфта мешавад, 23 июли соли 2006 дар як даргирии мусаллаҳона байни гурӯҳҳои Айёмбеков ва Маҳмадбоқиров дар хиёбони марказии Хоруғ сокини ин шаҳр Додихудоева М.А. аз тири тасодуфӣ кушта шудааст.

Талоши мақомот барои ҳабси гунаҳокрони воқеа зери фишори гурӯҳҳои мусаллаҳ ноком боқӣ мондааст. Илова ба ин 14 марти соли 2008 Айёмбеков бо 30-35 нафари мусаллаҳ ба ноҳи Роштқалъа омада, додситонҳои Бадахшонро, ки сирқати молӣ дар ширкатҳои зери сарпарастии Айёмбековро тафтиш мекарданд, ҳадафи ҳамла қарор дод.

Илова бар ин 10 июли соли 2011 узви гурӯҳи Айёмбеков бо номи Садамшоев Е. бо 40-45 нафари мусаллаҳ ба додгоҳи вилоят ҳамла карданд ва ба нишони норозигии худ аз ҳукми додгоҳ, ки Раҳмихудоев К.-ро ба қатл муттаҳам намуд, муовини раиси додгоҳ ва дигаро мақомотро латукӯб карданд, тиреза ва ҷиҳози додгоҳро шикастанд.

Ҳамин тариқ, аз силсилаи зӯровариҳои Айёмбеков ҳикоят шуда, омадааст, ки ӯ ахиран ба қочоқи духтарони ҷавон, аз ҷумла ноболиғ ба Афғонистон низ машғул буда, яке аз духтарон то ҳанӯз бенишон аст. Дар ин гузориши тӯлонии сафорат ба суоле посух дода нашудааст, ки агар алайҳи Айёмбеков сар аз соли 2006 чунин феҳрасти ҷиноӣ дар миён будааст, чаро ин ҳама муддат вай дар мақоми давлатии корманди марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Сафорат таъкид мекунад, ки куштори генерал Назаров бо ҳадафи намоиши нерӯ амалӣ шуда, ба ин васила Айёмбеков хостааст, нишон диҳад, ки мақомот набояд ба тиҷоратҳои ӯ дахолат кунанд. Гуфта мешавад, ки 5 июни соли равон як афғон ва чанд коршарики ӯ дар посгоҳи марзии ноҳияи Ишкошим як мошин сигаретро, ки гӯё моли Айёмбеков будааст, аз марз мегузаронад, вале дар шаҳри Кӯлоб ин мошин дастгир шуда, парвандаи ҷиноӣ тибқи банди қочоқ ба таҳқиқ қазия боз шуда буд.

Сафорат иброз доштааст, ки баъди куштори генерал Назаров дар таърихи 22 июл гурӯҳи муфаттишон Айёмбеков ва наздикони ӯро барои бозпурсӣ даъват кард, вале онҳо даъватро напазируфтанд ва ба бозпурсӣ ҳозир нашуданд.

Ба қавли сафорат баъд аз ин бо фармони президенти Тоҷикистон як ҳайати иборат аз 20 нафар, ки дар байни онҳо вакилони мардумӣ, аъзои ҳукумат, симоҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ва пешоёни мазҳабӣ шомил буданд, тӯли се рӯз бо Айёмбеков ва тарафдорони онҳо музокирот пеш бурданд, вале натиҷае ҳосил нашуд.

Раиси Академияи Улуми Тоҷикистон Мамадшоҳ Илолов, ки яке аз аъзои ин ҳайат будааст, дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард, ки онҳо чанд дафъа бо Айёмбеков ва пайравонаш вохӯрданд, вале ҳарфашон нагузашт:

“Аз 22 то 24 июл бо супориши ҷаноби олӣ будем ва бо гурӯҳҳои силоҳбадаст вохӯрдем ва кӯшиш кардем, ба онҳо фаҳмонем, ки бояд қотилони генерал Назаровро ба идораҳои қудратӣ супоранд. Лекин, мутаассифона, гапи мо нагузашт, моро гӯш кардан нахостанд. Бо Аёмбекову Имомназаров вохӯрдем ва сӯҳбати хубе ҳам доштем. Аммо ин ҷавонҳо гапи моро нагирифтанд”.

Сафорат навиштааст, ки 24 июл ҳукумат ночор ба амалиёти низомӣ даст зада, 30 силоҳбадастро ба ҳалокат расонд. 40 нафари дигар, ки дар байни онҳо 5 кас шаҳрванди Афғонистон мебошанд, боздошт шуданд ва аз ин гурӯҳ 100 мил силоҳ мусодира шудааст.

Сафорат менависад, ки дар ҷараёни амалиёт 17 ходими ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Билохира сафорат изҳори умед кардааст, ки иқдомҳои ҳукумати марказиву мақомоти маҳалҳо боиси эҳёи назму субот хоҳад шуд ва масъулони куштори генерал Назаров ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi