09:22:59 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАТОИҶИ ДИДОРИ ПУТИН: РУСИЯ ХОСТААШРО ГИРИФТ, ТОҶИКИСТОН ЧӢ?

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Шакке нест, ки натиҷаи асосии дидори ахири Владимир Путин аз Душанбе ба имзо расондани созишномае мебошад, ки бино ба он пойгоҳи 201-и давлати Русия то соли 2042, яъне боз ба муддати 30 соли дигар дар хоки Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамзамон дар созишнома имкони тамдиди муҳлати бақои ин пойгоҳ ҳар боре барои панҷ соли дигар пешбинӣ шудааст.

/images/stories/2012/10/06_1putin_rahmon_061012.jpgБудубоши кунунии пойгоҳи 201 мабнӣ ба созишномае байниТоҷикистону Русия мебошад, ки расо 8 сол муқаддам аз ҷониби руасои ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе ба имзо расонда шуда буд. Азбаски амали он то ба соли 1914 буд, зарурате барои баррасии тақдири минбаъдаи пойгоҳ ба миён омад. Ҳамин буд, ки чанде пеш масъулини тоҷику рус вориди гуфтушунид дар ин бора шуданд.

Аз ибтидо маълум буд, ки ҷониби Тоҷикистон чи дар сатҳи масъулину давлатдорон ва чи дар сатҳи ҷомеъа зидди бақои пойгоҳи 201 дар хоки кишвар намебошанд. Гузашта аз он, доираҳои васеъи мардуми ҷумҳурӣ на худи давлати Русия ва на пойгоҳи онро дар қаламрави кишвар бегона намедиданд.

Бо ин ҳама, азбаски ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар шароите қарор доранд, ки ҳама чизу ҳар чиз арзиши сиёсиву иқтисодии худро дорад, гуфтушунид дар атрофи ояндаи пойгоҳи 201 ба ҷуз тиҷорати савдои сиёсиву иқтисодӣ байни тарафайни он чизи дигаре шуда наметавонист.

Бавижа, бо дарназардошти он, ки вуҷуди пойгоҳи худӣ дар хоки Тоҷикистон барои Русия аз аҳаммияти зиёди истротежик дар ҳисобу китоб ва додугир байни худ ва абарқудратҳои дигари ҷаҳони имрӯза бархурдор мебошад.

Усулан, дар ҳолати пеш бурдани сиёсати амалгароёна бо ҳамаи ҳамҷаворони худ, кадом як таҳдиди ҷиддии беруна низоми амниятии ҷумҳуриро халалдор карда наметавонад.

Хосса аз он лиҳоз, ки дар шароити кунунӣ хеҷ як аз абарқудратҳои замона барои ноором кардани вазъ дар кишварамон ҳавасманд нест, чунки ба таври ҷиддӣ ноором гардондани вазъи дохилӣ дар ҷумҳурӣ ҷавобгӯйи манфиъатҳои миллияшон намебошад.

Баъд аз расидан ба ифоқаи миллӣ хатари таҳдиди мусаллаҳонаи берунӣ ба амнияти кишвар танҳо ва танҳо аз шаҳрвандони худамон сар мезад. Ин таҳдидҳо бо имконот ва кӯшиши худи давлати Тоҷикистон бартараф карда шуда буданд. Барои минбаъд пайдо нашудани чунин хатарҳо гузарондани сиёсати амалгароёнаи дохилӣ бакуллӣ кофист.

Инак, на Тоҷикистон, балки Русия барои бақои минбаъдаи пойгоҳи 201 дар ҷумҳурӣ бештар манфиъатдор буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ин эҳтиёҷмандии истротежики Русия ба нигоҳ доштани пойгоҳи хеш дар Тоҷикистон имконияти хубро барои ба даст овардани фавоиди ҳар чи бештари сиёсию иқтисодӣ ва ғайра фароҳам сохта буд.

То ба кадом андоза ҷониби Тоҷикистон аз ин фурсати хуб баҳра бурда тавонист? Дар ин бора ҳар кас аз муқоисаи натиҷаҳои гуфтушунидҳои ҳаммомонанди Тоҷикистону Қирғизистон бо Русия метавонад худаш қазоват кунад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Қирғизистон Алмос Атамбоев, дар аҳди раёсати Қурмонбек Боқиев тарафайни қиргизу рус муттафиқ шуданд, ки иқомати пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистон то ба 49 сол тамдид ёбаду сипас ба таври автоматикӣ боз ба 25 соли дигар дар кишвар боқӣ мемонанд.

Тибқи созишномае, ки 20 сентябри соли ҷорӣ ба имзо расид, муҳлати иқомати пойгоҳи муттаҳидаи Русия дар Қирғизистон 15 солро ташкил мекунаду сипас тарафайн метавонанд тамдиди онро баррасӣ кунанд.

Бар ивази ба имзо расондани ин созишнома ҷониби Русия водор гашт, ки илова ба ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фанноварӣ дар бинои нерӯгоҳи азими Қомбарата ва боз чаҳор нерӯгоҳи дигари калон дар болооби рӯдхонаи Норин саҳмгузор мешавад ва аз баҳри ситондани қарзи ҷумҳурӣ, баробар ба 500 милюн дулори омрикоӣ, мегузарад.

Аммо дастовардҳои Тоҷикистон чи гунаанд? Бар ивази тамдиди бақои пойгоҳи Русия дар қаламраваш қарор гашт, ки акнун рухсат барои кор кардани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия на ба як сол, балки барои се сол дода мешаваду вақт барои сабти ном то ба 15 рӯз (пештар 7 рӯз буд) зиёд карда мешавад.

Аммо дар масъалаи саҳмгузории ҷониби Русия дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хосса нерӯгоҳи "Роғун", кадом як созишномаи мушаххаси водоркунанда ба имзо расонда нашуд. Он чизе, ки дар ин росто феълан ба имзо расид, ёддоштҳои тафоҳум дар бобати сохтани чанд нерӯгоҳи миёнаиқтидор дар рӯдхонаҳои дохилӣ беш намебошад.

Дар бобати бардоштани боҷ (аворизи гумрукӣ) аз содир кардани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон низ ҳамагӣ ёддошт ба имзо расид. Бино ба гуфтаи расонаҳо, ҷониби Тоҷикистон лағв намудани қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз корхонаи муштараки "Сангтуда -1"-ро матраҳ карда буд. Аммо, тавре ба назар мерасад, дар ин бобат ҳеч як санаде ба имзо нарасид.

Ҷониби Русия тавонист он чизеро, ки мехост, яъне тамдиди муҳлати иқомати пойгоҳи низомияшро, ба даст оварад. Бидуни шубҳа, ин дастоварди хеле бузурги сиёсии Русия ва худи раиси ҷумҳури он Владимир Путин мебошад.

Аммо ҷониби Тоҷикистон дар масоиле, ки барояш аз аҳаммияти истротежик бархурдор аст - саҳмгузории феълии Русия дар амалӣ намудани тарҳҳои истротежики зерсохторӣ, хосса дар бахши энержӣ, ҳамагӣ ба имзо кардани ёддоштҳо (меорандумҳо) ноил гашт.

Ёддоштҳое, ки ба имзо расонда шудаанд, ҳамагӣ ёддошт мебошанд ва барои ба созишномаҳо, яъне санадҳои феълии тарафайнро водоркунанда табдил додани онҳо ҷониби Тоҷикистонро лозим меояд, ки кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ диҳад.

Агар ҷониби Тоҷикистон хоҳад, ки ёдоштҳои имзошуда дар ҳақиқат ба санади водоркунанда табдил ёбанд, бояд ҳар кореро, ки аз дасташ меояд, бикунад, то ба ин ҳадаф пеш аз тасдиқ карда шудани созишнома оид ба пойгоҳи низомии Русия аз ҷониби порлумон ва мувофиқати раиси ҷумҳурӣ бо қарори порлумон бирасад.

Вагарна кори табдил ёфтани ёддоштҳо ба санадҳои водоркунанда метавонад, аввалан, шуғли шоғили танҳо худи Тоҷикистон гардад ва, сониян, аз ҳад зиёд ба дарозо кашида шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi