04:35:17 02-уми Июли 2025 сол

ИҶЛОСИ МАСЪУЛОНИ УМУРИ МУБОРИЗА БО ФАСОД

Намояндагони ниҳодҳои мубориза бо фасоди ҳашт кишвари мустақилли ҳамсуд дар ҳамоише дар Душанбе таъсироти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва роҳҳои ҳамкории ин ниҳодҳо барои мубориза бо фасодро баррасӣ мекунанд.

 

Ин мавзӯъ дар дастури кори иҷлоси нуҳуми Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои назорати молӣ ва мубориза бо фасоди кишварҳои мустақили ҳамсуд аст. Бино ба гуфтаи манобеъи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ширкаткунанагони ин иҷлос дар заминаи мубориза бо фасод табодули таҷруба ва иттилоъот хоҳанд кард. Қарор аст мақомоти ниҳодҳои марбутаи кишварҳои мустақили ҳамсуд дар поёни ин нишаст санади натиҷаи кори иҷлосро ба имзо бирасонанд.

 

Мавзӯъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод ва таъсири он дар кишварҳои мустақили ҳамсуд дар ҳоле дар Душанбе баррасӣ мешавад, ки ба бовари коршиносон, кори ин шӯро наметавонад мушкили фасод дар ин кишварҳоро ба таври густарда ҳал кунад.

 

Фаррух Умаров, коршиноси умури иқтисодӣ дар Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, дар ин бора мегӯяд, ки ҳамкории ин ниҳодҳо танҳо барои то андозае ҳалл кардани масъалаи шустушӯйи пул метавонад судманд бошад.

 

Вай афзуд: "Ниҳодҳои марбут ба назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар кишварҳои мухталиф барномаҳои вижаи худро доранд, аммо онҳо метавонанд дар ҳалли мушкили шустушӯйи пул ҳамкории муассир дошта бошанд. Бояд ин кишварҳо муштаракан қонунҳои вижаро қабул кунанд, то ин ки дар бораи интиқоли пул ба ҳамдигар иттилоъот бидиҳанд."

 

Ин дар ҳолест, ки Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон як сол қабл пажӯҳише анҷом дода буд, ки ҳокӣ аз фасоди густарда дар сутуҳи давлат буда иттилоъ медод, ки вуҷуди непотизм мубориза бо ин раванд дар Тоҷикистонро мушкилтар месохтааст.

 

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора аз вуҷуди фасоди густарда дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки ба гуфтаи онон муҷиби нигаронии сармоягузорон дар иқтисоди ин кишвар мешавад. Ин раванд ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар бештари кишварҳои Шӯравии собиқ, ба хусус кишварҳои Осиёи Миёна бештар ба чашм мехӯрдааст.

 

Дар иҷлоси 9-ум Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои назорати молӣ ва мубориза бо фасоди кишварҳои мустақили ҳамсуд дар шаҳри Душанбе намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдово, Укроин, Белорус, Озарбойҷон ва Русия ширкат карданд. Интизор меравад дар ин иҷлос раёсати Шӯро ба ҷониби Тоҷикистон вогузор мешавад.

 

Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои назорати молӣ ва мубориза бо фасоди кишварҳои мустақили ҳамсуд дар соли 2000-ум бо ҳадафи барқарории ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва табодули таҷруба дар миёни ниҳодҳои марбут ба мубориза бо фасод таъсис шуда буд.

 

Зимнан дар моҳи марти соли ҷорӣ масъулони зидахли кишварҳои мустақили муштарак-ул-манофеъ дар шаҳри Минск дар бораи иҷрои тарҳи мубризаи муштарак бо фасод ба тавофуқ расида буданд.

 

Он тарҳ дар чорчӯби иҷрои барномаи рушди кишварҳои мустақилли ҳамсуд ва тадобири муштарак барои ҷилавгирӣ аз ҷиноёт аз соли 2008 то соли 2010 таҳия шуда буд. Мувофиқатномае, ки он замон ба имзо расид барои кишварҳои ҳамсуд имкони беҳтари кумак ба ҳамдигар дар қазияҳои ҷинойӣ ва шаҳрвандии марбут ба фасод, баргузории амалиётҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар заминаи ҷустуҷӯ ва мусодираи доройиҳои афроди муҷрим дар фасодро фароҳам кард.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ