03:10:08 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

УСМОН СОЛЕҲ: АЙНИ ЗАМОН ҲИЗБИ МО ҲАРИФИ ҚУДРАТМАНД НАДОРАД

Бо фарорасии соли 2013 ва ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон сомонаи “Рӯзгор” тасмим гирифт бо роҳбарони аҳзоб ва масъулини онҳо як силсила мусоҳибаҳо анҷом диҳад. Нахустин мусоҳибаро бо Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демокартии Тоҷикистон барпо кардаем, ки онро инак манзури Шумо, муштариёни гиромӣ мегардонем.

- Мехостем дар аввал бипурсем, ки натиҷаи фаъолияти ҲХДТ-ро дар соли 2012 чӣ гуна баҳо медиҳед?

/images/stories/2013/01/04_usmon-soleh-040113.jpg- Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар соли сипаришудаи 2012 фаъолияти вусъатбореро анҷом дод. Ҳам дар корҳои дохилиҳизбӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам равобити байналмилалӣ ба пешрафтҳое ноил гардид. Бори аввал мутобиқи талаботи оинномавӣ дар ташкилотҳои саросари ҷумҳурӣ конфронсҳои ҳисоботию интихоботӣ гузаронда шуданд. Ин чорабиниҳо имкон доданд, ки нуқсонҳои мавҷуда бартараф карда шуда, барои дуюним соли оянда нақшаҳо таҳия карда, фаъолияти ҳизбию сиёсиро вусъат бахшем.

Мо тозакории сафҳои ҳизб ва сабту қайди аъзоёнро идома дода, ба афзоиши шумораи аъзоён муваффақ шудем. Аъзои ҳизби мо дар арафаи соли нав ба 200 ҳазор нафар расид.

Самти дигари фаъолияти комиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ ба таҳкими робитаҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик буд. Айни замон аъзои ҳизби мо дар байни муҳоҷирон зиёда аз 13 ҳазор нафар аст. Дар ин миён бо аҳзоби сиёсии кишварҳои хориҷӣ ба шумули “Единая Россия” ва “Нур отан”-и Қазоқистон робита барқарор намуда, ният дорем, ки созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонем. Дар заминаи ҳамин гуна шартномаҳо алоқаҳои ҳизби мо бо Ҳизби коммунисти Чин ва “Ени Азербайҷан” –и Озарбойҷон сол то сол қавӣ мегардад. Мақсад дорем, ки бо аҳзоби сиёсии кишварҳои аврупоӣ низ муносибатҳои ҳасанаи кориро роҳандозӣ намоем.

Натиҷаҳои фаъолияти ҲХДТ дар соли 2012 дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ки ба таърихи 21-уми декабр таҳти раёсати Муовини якуми Раиси ҳизб С.Сафаров баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар маҷмӯъ фаъолияти ҳизбро дар соли 2012 мусбат арзёбӣ мекунам.

- Фаъолияти ҳизбро мусбат арзёбӣ кардед, акнун бигӯед, ки  соли 2012 роҷеъ ба амалигардонии 3 самти стратегии рушди иқтисодиёт, аз бумбасти камуникатсиёнӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ чи корҳоеро анҷом додед?

- Корҳои анҷомдодаи ҳизби мо вобаста ба амалигардонии Барномаи пешазинтихоботӣ мебошад. Барномаҳои ҳизби мо воқеӣ ва илман асоснок мебошад. Дар таҳияи он мутахассисони вазорату идораҳо, олимони пажӯҳишгоҳҳо ва коршиносону сиёсатмадорон ҷалб карда мешаванд. Гузашта аз ин Президенти кишвар қабл аз интихоботи парлумонии соли 2010 эълон карда буд, ки барномаи ҳизби ғолиб ба сифати барномаи давлатӣ пазируфта мешавад ва нуктаҳои муҳими барномаҳои аҳзоби дигар низ ба инобат гирифта мешавад. Чуноне маълум аст, ҲХДТ пирӯз шуд ва ин шараф насибаш гардид.

Мо дар бахши иқтисод бисёр корҳои муфидро анҷом додем. Садҳо сеху корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфт. Вазъи сармоягузорӣ беҳтар гардид. Ҳазорон ҷойи кори нав ташкил карда шуд. Дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанду Кӯлоб, Турсунзодаю Рашту Хоруғ ва ғайра иншооти гуногуни тавлидотӣ ба истифода дода шуданд.

Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардем. Роҳҳо ба самти Қирғизистону Чин ва Афғонистону Ӯзбакистон кушода аст. Нақбҳои нав сохта шуда, роҳҳо таҷдид гардиданд. Онҳо имкон медиҳанд, ки мардуми ҳамаи минтақаҳо дар тамоми фаслҳои сол дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бемонеа рафтуомад кунанд.

Бо мусоидатҳои мақомоти ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, барномаҳои озуқавории ҳизби мо муваффақона амалӣ гардонда шуда истодааст. Дар мавриди таъминоти аҳолӣ бо нону гандум ва дигар анвои хӯрокворӣ мушкилот надорем. Деҳқонони ҷумҳурӣ аз як замин ду-се ҳосил мегиранд. Аммо то ба ҳол ҳиссаи маҳсулоти воридоти зиёд аст. Дар солҳои минбаъда ҳизби мо талош мекунад, ки маҳсулоти хӯрокворӣ асосан дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда шавад.

Дар бобати таъмини амнияти энергетикӣ ҳанӯз ҳам мушкилот дорем. Бинобар он ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон камбуди барқ дорем, маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Пӯшида нест, ки бо айби ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон, ки барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун мухолифат дорад, иншооти мазкурро дар айни замон сохта наметавонем. Яъне, як масъалаи иқтисодӣ ба мавзӯи сиёсӣ табдил дода шудааст. Бинобар ин, мо розӣ шудем, ки созмонҳои бетарафи байналхалқӣ суду зиёни онро санҷида бинанд.

Аммо тибқи барномаи энергетикии ҳизби мо даҳҳо истгоҳҳои барқи обии хурду миёна сохта шуда истодаанд. Ширкатҳои хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурии мо конҳои газу нафтро кофта истодаанд. Бо кашидани хати барқи “Ҷануб-Шимол” мо дигар аз Ӯзбакистон барқ намегирем. Дар фаслҳои гарм шароит дорем, ки қувваи зиёдатии барқамонро ба ҳамсояҳо фурӯшем. Дар барномаҳои дигари ҳизбамон ба нақша мегирем, ки дар ояндаи наздик НБО-и Роғунро ҳатман бояд созем, зеро он барои мардуми мо чун обу ҳаво заур аст.

- Аз таҳкими робитаҳоятон  бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ишора намудед,  ҲХДТ дар ин самт чӣ кори назаррасе кардааст?

- Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ воқеан ҳам ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст. Бо мақсади ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ҳизби мо барномаи алоҳида дорад. Чуноне, ки дар боло зикр намудам, дар соли гузашта кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёфт.

Зиёда аз даҳ гурӯҳҳои кории ташкилотҳои ҳизби мо ба шаҳрҳои мухталифи Русия рафта, бо муҳоҷирон вохӯрию мулоқотҳо гузаронда, мушкилоту проблемаҳои онҳоро омӯхтанд ва ҳини бозгашт ба Раиси мӯҳтарами ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузориш манзур карданд. Бо супориши сарвари давлат вазорату идораҳои дахлдор аз пайи ислоҳи камбудиҳо шуданд.

Ҳоло гурӯҳҳои кории мақомоти Русия ва Тоҷикистон сари масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ҳолати будубоши онҳо ва мақоми намояндагони хадамоти муҳоҷирати ҳарду кишвар гуфтушунидҳо анҷом медиҳанд. Мо на танҳо ба хотири ҳамчун электорат фаъол намудани муҳоҷирон, балки мехоҳем онҳо дар кишвари қабулкунанда кору маош ва зиндагии арзанда дошта бошанд.

Барои ба таври сарҷамъона ба Русия ва дигар кишварҳо интиқол додани қувваи кории тоҷикон ва зиёд намудани квотаҳои корӣ пешниҳодҳои муфид мекунем. Дар соли нав ҳизби мо ба нақша гирифтааст, ки гурӯҳҳои бештари кориро ба назди муҳоҷирон равона карда, робитаҳоямонро боз ҳам тақвият бахшем. Зимнан, муҳоҷират танҳо проблемаи Тоҷикистон нест, балки ҳар кишваре бо он сарукор ва мушкилот дорад.

-Миёни бархе аз соҳибназарон андешае вуҷуд дорад, ки ҲХДТ аз мавқеи худ истифода бурда дар аксари корхонаҳои давлатӣ нафаронеро тариқи маҷбурӣ ба аъзогии худ қабул мекунад, нисбати ин чи назар доред?

- Чунин сарусадоҳо ва гапҳои бозорӣ ҳастанд, аммо мо рӯи даст далелҳои мушаххас надорем. Мо танҳо дар ҳамон сурат “ҳодисаҳои маҷбурӣ ба ҳизб шомил кардан” –ро қабул дошта метавонем, ки чунин афрод расман муроҷиат карда бошанд. Хоҳишмандони дохил шудан ба ҳизби мо бисёранд. Онҳо барои шомил шудан бо ариза муроҷиат мекунанд. Барои чанд муддат онҳоро меомӯзанд ва сипас ба аъзогӣ қабул мекунанд. Тасаввур кунед, имрӯз касеро маҷбур карда намешавад. Ошкорбаёнӣ, демократия ҳаст ва ҳар шахс ба таври ихтиёрӣ ба ин ё он ҳизб шомил мешавад.

- Дар соли 2013 чи нақшаҳо доред?

- Нақшаҳои мо дар соли нави 2013 аз он иборат аст, ки дар ин сол маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла рӯзҳои модарон, артиши миллӣ, муаллимон, интихоботи президентӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҷашнҳои номбурдаро бояд дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намоем. Мехоҳем, ки ҳарчи бештар мардумро ба ин чорабиниҳо сафарбар намоем. Ва табиист, ки бояд мо ба интихоботи президентӣ ҳамҷониба омодагӣ бигирем.

Нақша дорем аввалан Барномаи пешазинтихоботии ҷиддии амалишавандаро матраҳ карда, манзури мардум гардонем. Дар байни интихобкунандагонамон кор барем ва ҷонибдоронамонро афзун намоем. Дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ, сар карда аз ибтидоӣ то Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз ҳисоби шахсиятҳои шинохта, олимону сиёсатмадорон, аҳли зиё ва ҳунармандону соҳибкорон гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотӣ ташкил карда, нақшаҳои номзадамонро дар байни мардум мефаҳмонем.

- Ба интихобот президентӣ чи гуна омодагӣ доред ва барномаҳои пешазинтихоботии Шумо дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Ба маъракаҳои сиёсии соли 2013, аз ҷумла интихоботи президентӣ мо ҷиддан муносибат мекунем. Зеро сарфи назар аз он ки ҲХДТ дар ҷомеа нуфӯзи зиёди дорад, аҳзоби сиёсии дигар низ барои соҳиби мақому манзалат шудан талош меварзанд. Ба ғайр аз ҳизби мо боз 7 ҳизби дигар ба таври қонунӣ фаъолият дорад.

Бо мақсади иштироки фаъолона дар маъракаи интихоботӣ албатта, бо Барномаи воқеӣ вориди муборизаҳо шудан лозим аст. Барои таҳияи ин санад гурӯҳи махсус созмон медиҳем. Бояд, ки ин Барнома тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро фаро гирад. Ҳамаи камбудиҳо ва проблемаҳоро омӯхта, барномае таҳия кардан лозим аст, ки он ба тамоми қишрҳои ҷомеа писанд ояд. Дар ин ҳуҷҷат манфиати ҳамаи табақаҳои аҳолӣ бояд ба эътибор гирифта шавад. Ҳоло мо сари ҳамин масъалаҳо кор карда истодаем.

-Дар интихоботи навбатӣ барои таблиғи номзадатон аз шабакаҳои иҷтимоии мисли фейсбуку дигар шабакаҳо истифода мебаред ва ё ба чунин усули таблиғ ниёз надоред?

- Дар маъракаи интихоботӣ мо аз тамоми имкониятҳои таблиғоту ташвиқот, ки қонунҳо иҷозат медиҳанд, аз ҷумла аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ пурсамар истифода мебарем. Зимнан, на ҳамаи одамон ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. Бо вуҷуди он ки қариб як миллион нафар дар Тоҷикистон бо ягон васила бо интернет робита дорад, лекин иштирокчиёни фаъоли он ба маротиб каманд. Барои ҷалби интихобкунандаҳоямон дар хориҷи кишвар албатта аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебарем.

Лекин самти асосии фаъолияти мо дар дохили ҷумҳурӣ сурат мегирад. Кормандони масъули ҳизбӣ бевосита бо мардум вохӯриҳо мегузаронанд. Гурӯҳҳои таблиғотӣ дар саросари мамлакат бо қишрҳои мухталифи ҷомеа кор мебаранд. Зеро, ки бевосита бо мардум вохӯрдану ҳадафҳоро фаҳмондан, самараи беҳтар медиҳанд. Дар баробари таблиғи ҳадафҳои номзадамон ҳамчунин мушкилоти одамонро меомӯзем ва ҷиҳати ҳалли онҳо тадбир мекунем.

- Бубинед, ҳоло дар муқоиса ба интихоботҳои пеш  созмону ҳаракатҳои мухталиф мехоҳанд дар интихоботи навбатии президентӣ худро фаъол нишон диҳанд. Метавонед бигӯед, ки интихоботи президентии соли 2013 аз дигар интихоботҳо бо кадом вижагиҳои худ фарқ хоҳад дошт?

- Ин падидаи хуб аст, ки дар ҷомеаи демократӣ аҳзоби сиёсии дигар мехоҳанд худро дар маъракаҳои сиёсӣ фаъол нишон диҳанд. Чунин шеваи кор барои ҳизби мо хушоянд аст. Чунки агар камбудиҳои моро воқеъбинона нишон диҳанд, мо онҳоро ислоҳ мекунем ва мавқеи худро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкам мегардонем.

Тафовути интихоботи навбатии президентӣ аз он иборат аст, ки сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум ба маротиб боло рафтааст. Онҳо чизи хубро аз бад фарқ мекунанд. Мебинанд, ки барномаи кадом ҳизб беҳтар аст ва ба ҳамон овоз медиҳанд. Райъи худро ба номзаде медиҳанд, ки барои ҷомеа хизмат карда бошад. Интихоботи пешомад чун интихоботҳои гузашта бо риояи қатъии муқаррароти қонун сурат мегирад.

Агар имконият даст диҳад, ки бо кӯмаки ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ рӯйхати ягонаи интихобкунандаҳо таҳия карда шуда, дар ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ камераҳои назоратӣ гузошта шаванд, маъракаи мазкур боз ҳам шаффофу демократӣ барпо мегардад ва иддаои мухолифон кам мешавад. Лекин чунин маблағро ёфтану чунин шароитро муҳайё кардан кори чандон осон нест.

- Мутмаъин ҳастед, ки номзаде, ки дар интихоботи президентӣ пешбарӣ мекунед, пирӯз мегардад?

- Бале, мо ба чунин эътимод қоил ҳастем, ки номзади мо дар интихобот пирӯз мешавад. Дигар аҳзобро намедонам, лекин ҳизби мо бо шумораи зиёди интихобкунандаҳо, ҷонибдорон ва барномаҳои воқеияш талош мекунад, ки ғалабаи номзадашро таъмин намояд.

Номзади мо дар миёни халқ ба маҳбубияти хосе молик аст. Ин салоҳияти Анҷумани ҳизб ҳаст, ки номзади худро пешбарӣ мекунад. Агар дар мавриди номзади эҳтимолӣ сухан раваду аз ман пурсанд, бидуни истиҳола президенти кунунӣ (Эмомалӣ Раҳмон)-ро  ном мегирам. Бигзор мардум пешакӣ донанд, ки барои давраи оянда ҷумҳуриро кӣ ба пеш мебарад.

- Дар маъракаи интихоботи президентӣ кадом ҳизбҳоро рақиби асосии худ меҳисобед? Яъне бо кадоми онҳо бештар рақобати Шумо нисбатан шадидтар хоҳад шуд?

- Ҳизби ғолиб ҳамеша мехоҳад, ки дар паҳлӯяш ягон нерӯи сиёсии пурқуввате бошад, ки камбудиҳо, ғалатҳо ва хатоҳояшро бигӯянд ва дар пайи ислоҳи онҳо чора бинад. Аммо мутаассифона, ҳизби мо алҳол чунин ҳарифи сиёсиро дар рӯ ба рӯяш намебинад. Мардум ҳам содда нест, ки кадом ҳизб ба чӣ қодир буданашро надонад. Ҳизби мо фишангҳои зиёди татбиқи ҳадафу ормонҳои мардумро дорад. Вале мардум боз ҳам мебинад, ки аҳзоби дигар аз интихобот то интихоботи дигар барои онҳо чӣ кор карданд.

Барномаҳои онҳо аз Барномаи ҲХДТ ҳеҷ гуна афзалияту бартарӣ надорад, ки таваҷҷӯҳи одамонро ҷалб кунад. Дар айни замон ҳизби мо ҳарифи қудратманд надорад. Ман бар ин мутмаинам.

-Роҷеъ ба пешниҳодҳои аҳзоби сиёсӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президентӣ чи назар доред ва ба чунин пешниҳодҳо розӣ шуда метавонед?

- Қонуни ҳозира дар бораи интихоботи президентӣ умуман ба талаботи ҷомеба, ба талаботи  ҳизби мо мувофиқ аст. Акнун он пешниҳодҳое, ки мекунанд, дар ҳамин шабу рӯз он қадар мувоффиқ намеояд, қонуни ҳозира баргузории интихоботро демократӣ, шаффоф ва ба ҳар навъе, ки аст таъмин карда метавонад.

Аз ҳамин хотир қонуни мазкур талаботи моро қонеъ мекунад. Ба он пешниҳодҳо он қадар шинос нестам, вале хабардор шудам, ки ҳамин хел пешниҳодҳо шудааст ва ҳоло дар кумитаҳои маҷлиси намояндагон дар ҳоли баррасӣ аст. То куҷо қабул мешавад ё не акнун инаш ба салоҳияти вакилон аст.

Мусоҳиб Темур Раҷабализода, “Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi