13:24:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Маҷлиси Душанбе дахлнопазирии Зайд Саидовро лағв кард

Ба пешниҳоди муовини додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов, вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе дахлнопазирии вакили ин маҷлис Зайд Саидовро бекор карданд. Як вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 20 май  ба мо ин хабарро тасдиқ кард. Дар иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси пойтахт яке аз масъалаҳои асосии рӯзнома баррасии дахлнопазирии вакили маҷлис Зайд Саидов буд. Бар хилофи гузоришҳои қаблӣ, ки мегуфтанд, шояд худи Саидов низ дар иҷлосия ширкат кунад, ӯ  дар ҷаласа ширкат накардааст. Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди бозгашт аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Аммо боздошти ӯ, ки ба унвони вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст, аз тарафи ҳуқуқдонҳои мустақил муғойир ба қонунгузориии Тоҷикистон қаламдод мешавад.

ashurboy-imomov 20052013Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик боздошти Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташабускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» -ро аз лиҳози ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ медонад.Ба таъкиди ҷаноби Имомов, Зайд Саидов депутат ё вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аст ва бар асоси қонун «то замоне, ки ин маҷлис иҷозат надиҳад, ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, ӯро ба ҷавобгарӣ кашад». Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт, «дар қонун омадааст, то замоне ки мақомоти намояндагие, ки шахс вакили он мақомот аст, иҷозат надиҳад, на танҳо ҳабс, балки ба ҷавобгарӣ кашидан низ мумкин нест.»

Дар таҷрубаи мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мавридҳои ба масъулият кашондани вакилон вуҷуд дорад, ки пурсарусадотаринҳояш боздошти вакили Шӯрои олӣ ва шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов дар моҳи марти соли 1992 ва боздошти фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов дар миёнаи солҳои 90 аст. Вале дар ин ду маврид додситони кулл шахсан дар назди парлумон гузориши муфассал дода, қабл аз боздошт ризоияти вакилони дигар барои лағви мақоми дахлнопазирии онҳоро ба даст оварда буд.

Мавриди дигар - боздошти вакили маҷлиси ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов- дар соли 2011 буд. Бародари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, дар Душанбе бо иттиҳоми харидории хокаи алюминий, ки барои сохтани маводи мунфаҷира ҳам истифода мешавад, боздошт шуд. Аммо мақоми дахлнопазирии ӯ аз сӯи маҷлиси ноҳиявӣ танҳо як моҳ баъди боздошти Ҳусниддин Давлатов лағв шуд. Ҳуқуқдонҳои тоҷик бо вуҷуди ба ҷиноёти сангине айбдор шудани ин вакил боздошти Давлатов бидуни лағви мақоми дахлнопазириашро низ нақзи қонун қаламдод карда буданд.

Ба гуфтаи Ашӯрбой Имомов, дар қонун ба ҳолате, ки агар шахс дар ҷои ҷиноят дастгир шуда бошад, низ ишора шудааст, вале ин нишондоди қонун ба ҳодисаи боздошти Зайд Саидов дахл надорад. Ба ин далел, мегӯяд ҷаноби Имомов, «вақте, ки Зайд Саидовро дар фурудгоҳ боздошт мекунанд, инро наметавон ҷои ҷиноят гуфт.»

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон низ бар ин назар аст, ки «вақте далел набошад, ҳеҷ кас ҳақ надорад, касеро боздошт кунад» ва он далелҳоеро, ки нисбат ба Зайд Саидов пешниҳод шудааст, танҳо додгоҳ собит хоҳад кард, ки ин далелҳо дуруст ҳастанд ё сатҳӣ?» Аммо раҳбари комунистҳои Тоҷикистон дар иртибот ба қазияҳои тиҷоратии Зайд Саидов, ки мақомоти тафтишот ӯро мутаҳҳам мекунад, гуфт, ки аз ҷузъиёташ огоҳ нест ва аз ин рӯ, дар ин бора қазоват намекунад.

Шоми якшанбе раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров дар як нома ба шаҳрдори Душанбе аз Муҳаммадсаид Убайдуллоев хост, ки ба қазияи Зайд Саидов, ки вакили маҷлиси пойтахт аст, дахолат кунад. Ба бовари оқои Зоиров, боздошти Зайд Саидов ва бозҷӯии дафтару кору манзилҳои ӯ, ки рӯзҳои 11 ва 19 май анҷом шуданд, мақоми дахлнопазирии вакилии ӯро поймол мекунад, ки ғайриқонунист. Вале шаҳрдори Душанбе ҳанӯз ба ин муроҷиати Раҳматуллоҳ Зоиров  вокунише нишон надодааст.

zaidsaidov 20052013Зайд Саидов, раҳбари Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, ки соати сеи шаби 19 май аз Аврупо баргашт, билофосила аз фурудгоҳ ба идораи шаҳрии Ожонси мубориза бо фасод бурдаанд. Раиси пешини Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон Зайд Саидов аз 11 май ба унвони раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати варзишкорони тоҷик ба манзури ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса қарор дошт.

Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон баъди чанд соат бо пахши як иттилоия интиқоли Зайд Саидов аз фурудгоҳ ба идораи ин ниҳодро ҳамчун "даъват" муаррифӣ кард. Дар ин иттилоия, ки субҳи якшанбе пахш шуд, аз ҷумла омадааст, ки «дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247), сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад.»

Ожонси зиддифасод қаблан ширкати "Тоҷ-сохтмон байналмилал"-ро, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, ба изофанависӣ дар ҷараёни сохтани "душанбе-Плаза"- баландтарин бинои пойтахт муттаҳам карда буд, вале раиси ин идора Фаттоҳ Саидов ба дунбол гуфт, ин парванда дар ин маврид на алайҳи Саидову писари ӯ, балки алайҳи масъулони ширкати "Тоҷ-сохтмон байналмилал" боз шудааст.

Ҳамин тавр, рӯзи рӯзи 11 май дафтари матбуоти додситонии шаҳри Душанбе хабар дод, ки алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов “бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои серзанагӣ, яъне зиндагонӣ кардан бо якчанд зан муқаррар менамояд, рӯзи 11 майи соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ин парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов баъди он кушода шуданд, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори ҳизби ҷадид мегӯяд, таъқиби раҳбараш решаҳои сиёсӣ дорад. Худи Зайд Саидов қабл аз бозгашташ ба Душанбе дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард ва низ гуфт, ки ин ҳама фишорҳо ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт мегирад.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 бо саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноат таъйин шуд ва аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди барканориаш аз мақом ба соҳибкорӣ баргашт. Зайд Саидов соли 2012 раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд. Аьзои ин  Шӯро 12 май дар пасманзари таьқиботи саршуда зидди раисаш ин ниҳодро ба сурати осемасарона барҳам доданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi