Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат,
Замони оштӣ, даврони ваҳдат.
Ҳамедонам туӣ пазмони кишвар,
Чуноне, ки ватан пазмони ваҳдат.
Шикасту қатлу ғорат кун фаромӯш,
Биё, бишкан дигар армони ваҳдат.
Бибар аз ёд фармони харобӣ,
Намо иҷро фақат фармони ваҳдат.
Табиби дарди миллат бош, к-ин дам,
Даво созему ҳам дармони ваҳдат.
Даме бо қасди ваҳдат гом бардор,
Бубин он гаҳ ба чашм эҳсони ваҳдат.
Ғами қавму маҳал, ҳамшаҳригиро
Фидо созему ҳам қурбони ваҳдат.
Гадои мулки меҳру сидқ бошем,
Шавем он гаҳ ҳама султони ваҳдат.
Султони Ҳамад,
27.06.1997. Ғарм