04:44:30 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/18_--01-a-aaaaaabdulla-nuri_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/18_--01-a-aaaaaabdulla-nuri_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/18_--01-a-aaaaaabdulla-nuri_226.jpg'

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 4

ДӮСТ ДОРАД АВФРО ПАРВАРДИГОР

 

Аз қадимулайём омадааст, ки баъди пирӯзиҳо дар набардҳо ва ҷангҳо одатан тарафи ғолиб ба нишонаи ҳусни нияти нек ва шукронаи ин музаффарият дар назди Худованд сарбозони дар майдони ҷанг ба асорат уфтодаи душманро озод мекард. Дар ҷангҳое, ки маъмулан бо имзои Созишномаи Сулҳ анҷом мепазируфт, низ ҳамин амал сурат мегирифт. Албатта ҷанги шаҳвандии болои мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда аз ин гуфтаҳо истисно набуд.

 

Тафовут танҳо дар он буд, ки ин ҷанг мусалламан ғолибе надошт. Ҳарду ҷониби даргир аз ин ҷанг хисороту талафоти зиёде дидаву бозандаи он буданд. Вале Сулҳи байни тоҷикон, ки бо миёнҷигарии ҷомеаи байналмиллалӣ ба даст омад, дар ҳақиқат дастоварду пирӯзии ҳарду ҷониб буд. Бале, билохира дар ин ҷо ба дунболи ҷанг Сулҳ омад. Ин раванд низ то истиқрору таҳким ёбад, ҳатман иҷрои амалҳоеро ҳамчун авфи гуноҳ, ҳамдигарбахшӣ ва раҳоӣ додан аз зиндонҳову асорат маҳбусони сиёсӣ ва асиронро талаб мекард.

 

Ёдовар мешавам, ки Санади ҳамдигарбахшӣ ва лоиҳаи Қонун «Дар бораи авфи умумӣ» дар ҷаласаи нахустини КОМ дар Маскав таҳия шуда, онҳо мутаносибан 14 июли соли 1997 аз ҷониби Президент ва якуми августи соли 1997 аз тарафи Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тасвиб расида буданд. Акнун ин ҳуҷҷатҳоро ба амал татбиқ кардан лозим буд. Ин вазифа асосан ба ӯҳдаи зеркомиссияи ҳуқуқӣ супорида шуд.

 

Танҳо дар ду ҳафтаи нахустини фаъолияти КОМ 1236 нафар шаҳрвандӣ ҷумҳурӣ шахсан ба бинои собиқ меҳмонхонаи «Вахш», ки онро дар суханрониҳову гуфтугузорҳо бо як умеде «Хонаи бунёдгузорони Сулҳ» ном мегирифтанд, ташриф оварданд. Зимнан бояд бигӯем, ки дар ин бино солҳои 1941 - 1945 захмиёну ҷароҳатдидагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ табобат меёфтанд. Имрӯз бошад ба ин ҷо онҳое муроҷиат мекарданд, ки доғеву захме дар қалбҳои худ ниҳон доштанд ва хоҳони пайдо намудани давоеву марҳаме буданд.

 

Азҷумла, 235 нафари он хаттӣ муроҷиат карда, арзу шикоят,  дархостҳои хешро ба аъзои ин ниҳод ироа намуданд. Дар аксари ин арзу шикоятҳо ва дархостҳо сухан аз боби озодии асирони низомӣ ва маҳбусони сиёсӣ мерафт. Руҷӯъкунандагон одамони синну сол, миллат, касбу кори гуногун буда, намояндагони ақшори мухталифи ҷомеа ба шумор мерафтанд. Дар байни сатрҳои бо хуни ҷигар навиштаи ҳар як мактуб  қисмати талхи модари зоре, падари даринтизоре ба забони ҳол меомад.

 

Аз ҳар номае нолае, дарде ба гӯш мерасид ва аксаран орзуву хоҳиш доштанд, ки ҳарчи тезтар ба дидори азизони худ, ки дар гӯшаи маҳбасе, зиндоне, ё деҳаи дурдасти кӯҳистоне бо иллати ҷанги таҳмилӣ танҳову дур афтодаанд, бирасанд. Маҳз аз ҳамин рӯ роҳбарияти КОМ дар ҷаласаи нахустини худ дар назди зеркомиссияи ҳуқуқӣ гурӯҳи корие иборат аз шаш нафар (се нафарӣ аз ҳарду ҷониб) таъсис дод, ки вазифаи асосии онҳо дида баромадани парвандаҳои ҷиноии афроде буд, ки тибқи қонун «Дар бораи авфи умумӣ» бояд аз маҳбасҳо озод мегардиданд. Аъзои ин гурӯҳи корӣ Қадаммурод Ғаниев (прокурори низомии гарнизони Душанбе), Юсуф Салимов (ҷонишини раиси Суди Олӣ), Раҳмоналӣ Давлатов (сардори шӯъбаи тафтишотии ВКД), А.Насриддинов (муаллими Унверситети шаҳри Душанбе), Диловар Шоев (собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ғарм) ва Соиб Сулаймонов (собиқ прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа) дар ин кори хайр саҳми сазовор гирифтанд.

 

Масъалаи озодии асирону маҳбусони сиёсӣ барои ҳарду ҷониби даргир масъалаи тоза набуд. Дар тӯли ин ҷанги хонумонсӯз ҷонибҳо дар натиҷаи гуфтушунидҳои роҳбарияти сиёсӣ ва ҳатто фармондеҳони низомӣ борҳо асирони низомиро бо маҳбусони сиёсӣ табодул кардаанд. Ба ёд биёрем табодули маҳбусони сиёсӣ, чеҳраҳои шинохтаи ИНОТ Ҷумъабой Ниёзов, Мирбобои Мирраҳим, Саъдиддини Рустам, Хайриддини Қосим, Аҳмадшоҳи Комил, Хуршеди Назар ва ғайраро бо асирони низомие, ки дар набардҳои Тавилдара ба асорат афтода буданд.

 

Ин табодула дар моҳи ноябри соли 1994 дар шароити душвори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифта буд. Дар шароите, ки размандагони ҳарду ҷониб дар сангарҳо алайҳи якдигар меҷангиданд. Маҳбусони сиёсӣ баъди озод гаштани худ аксаран ҷилои ватан карданд. Дар ҷараёни набардҳо буданд лаҳзаҳое, ки ҷонибҳо аз худ иқдомҳои хайрхоҳонае, амали савобе нишон медоданд. Авфи умум эълон кардани ҳукумат ва аз асорат озод кардани садҳо тан аз сарбозони ҳукуматӣ, ки дар дасти размандаҳои ИНОТ буданд, аз ҷумлаи он амалкардҳои хайрхоҳона буд. Чунончи баъди ба имзо расидани шартномаи Хустдеҳ бо амри роҳбари ИНОТ беш аз 100 нафар асирони ҳарбие, ки дар Тоҷикобод дар асорат буданд, бе ягон қайду шарт озод карда шуданд.

 

Вале дар ҷараёни татбиқи Санади ҳамдигарбахшӣ ва қонун «Дар бораи авфи умумӣ» қадами муҳимтарин рӯзҳои 19 – 20 октябри соли 1997, яъне тахминан як моҳ пас аз дар Душанбе ба кор шурӯъ кардани КОМ гузошта шуд. Рӯзи 18 октябр волидайн ва хешу ақрабои наздики 84 нафар сарбози ҳукуматӣ баъди муддати тӯлонии зиндаҷудоӣ тавонистанд азизони худро боз ба оғӯши гарм бикашанд ва ашки шодӣ бирезанд. Рӯзи 20 октябр бошад ҳукумат дари зиндонҳоро дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва васоити ахбори умум боз кард.

 

78 нафар ҷавонони номурод, ки аз 2 то 5 солӣ азият ва машаққати маҳбасро кашида буданд, дар саҳни маҳбасхонаҳо шукронаи Сулҳу салоҳро дар кишвар гуфтанд. Воқеан, аз 78 нафар маҳбусе, ки рӯзи 20 октябр аз зиндон озод гардид, 20 нафараш намояндагони ҳукумат, собиқ аъзоёни Фронти халқӣ буданд, ки ба иллати содир кардани ҷиноятҳои гуногун дар тӯли ҷангҳои шаҳрвандӣ ба маҳбас кашида шуда буданд. Албатта, дар ҷараёни раванди татбиқи Санади ҳамдигарбахшӣ ва қонун «Дар бораи авфи умумӣ» мушкилоти зиёде пеш меомад, ки баҳри рафъи онҳо вазъият ва шароити ба вуҷуд омада зарурати ширкати бевоситаи шахсиамро тақозо менамуд.

 

Бархе аз қумандонҳое, ки дар гирифтани асирон саҳм доштанд, тақозо мекарданд, ки дар ивази раҳоии сарбозони ҳукуматӣ аз асорат маҳз размандагону ҷонибдорони онҳо, ки ба ҳайси маҳбусони сиёсӣ дастгир шудаанд, озод карда шаванд. Аммо мутаассифона, на ҳамаи он афроде, ки дар рӯйхати пешниҳодкардаи қумандонҳо сабти ном гардида буданд, дар зиндонҳо вуҷуд доштанд. Ё худ агар мавҷуд бошанд ҳам, бо он моддаҳои ҷиное ба маҳбасҳо кашида шуда буданд, ки банди 4 – уми қонун «Дар бораи авфи умумӣ» озодшавии онҳоро аз маҳбасҳо иҷозат намедод.

 

Бинобар ин лозим меомад, ки бо ҳар яке аз онҳо сӯҳбатҳои тӯлоние дошта бошем, то ба умқи моҳияти Созишномаи умумӣ бирасанд ва аз худ гузашткуниҳо сурат бигирад. Ҳамин гуна мулоқоту дидорбиниҳо дар аввалҳои моҳи январи соли 1998 дар водии Қаротегину Тавилдара ба вуқӯъ пайваст ва натоиҷи он буд, ки рӯзҳои дуюм ва чоруми январи соли 1998 зиёда аз 50 нафар асирони низомӣ тавассути чархболҳо аз Тавилдара ба Душанбе интиқол дода шуданд ва боз худро дар оғӯши гарми хонаводаи хеш диданд. Ҷавобан ба ин иқдоми башардӯстонаи раҳбарияти ИНОТ ҷониби ҳукумат низ рӯзи 11 феврали соли 1998 тибқи қонун «Дар бораи авфи умумӣ» 109 нафар маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо озод намуд.

 

Ҳамин тариқ оҳиста – оҳиста, бо тадриҷ қисмате аз ҷонибдорони дар маҳбасҳо будаи ИНОТ ва ҳамаи сарбозони дар асорат будаи ҳукуматӣ ба озодӣ баромаданд. Вале ҳеҷ не ки масъалаи лағви парвандаҳои ҷиноии алайҳи роҳбарон, қумандонҳову размандагони дар озодӣ будаи ИНОТ кушодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ҳалли худро ёбад. Кор то ба ҷое расид, ки бархе аз шаҳрвандоне, ки бо баъзе аз роҳбарони ИНОТ ҳамному ҳамфамилия буданд, ба иллати ҳамчун ҷинояткор дар кофтуков будани ҳамфамилияи худ аз роҳбарияти ИНОТ ҳатто дар кишварҳои муштаракул-манофеъ мавриди таъқиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он давлатҳо қарор мегирифтанд.

 

Иддае аз қумандонҳо ва размандагони ИНОТ, ки силоҳу муҳимоти хешро ба роҳбарону қумандонҳои худ супурда, ба хонаҳои худ, ба навоҳиву деҳоти худ баргаштанд, низ мавриди бозҷӯиву бозпурсиҳо ва таъқибу озорҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо гардиданд. Зеро дар даврони ҷанг мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чун медонистанд, ки ин афрод дар сафи артиши ИНОТ алайҳи ҳукумат меҷангиданд, зидди онҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда буданд ва акнун баъди бозгашти онҳо ин мақомот асоси ҳуқуқӣ доштанд, ки тафтишоти парвандаҳои ҷиноиро алайҳи онҳо идома бидиҳанд. Яке аз сабабҳои асосии сари вақт иҷро нашудани Қонуни авф ба хунукназарӣ ва беҳавсалагии баъзе кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ вобастагии қавӣ дошт.

 

Ин масъала борҳо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Вале танҳо рӯзи 26 январи соли 1998 дар вохӯрии аъзои КОМ бо Раиси Ҷумҳур Э.Ш. Раҳмонов, ки дар паи як коршикашнии ҷонибдорони ИНОТ дар КОМ ба вуқӯъ пайваст, то андозае ҳалли худро пайдо кард. Дар ҳамин нишасти чорсоата, ки сарони вазоратхонаҳои қудратӣ низ дар он иштирок доштанд, Прокурори Генералӣ амри Раиси Ҷумҳурро дар хусуси бечуну чаро ҳал кардани масъалаи лағви парвандаҳои ҷиноии зидди роҳбарияти ИНОТ кушодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ - ро гирифт. Худи ҳамон рӯз, яъне 26 январи соли 1998 эъломияи Прокуратураи Генералии ҶТ аз тариқи тамоми расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ пахш гардид, ки дар он омада буд:

 

«Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни авф ва Кодекси Ҷиноии ҶТ эълон медорад, ки ҳама гуна тафтишоти судӣ нисбати роҳбарони ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, Сайидқиёмиддини Ғозиев, Шодмон Юсуфов, Муҳаммадҷон Ғуфронов, Давлатназар Худоназаров, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Давлати Усмон, Тоҳири Абдуҷаббор, Атобек Амирбеков, Нуриддин Қаҳҳоров, Мансур Худойдодов, Буйбоз Зиннатшоев, Убайдулло Тешаев, Зобулшо Мардишоев, Гулҳасан Қурбонхонов расман аз 26 январи соли 1998 қатъ карда шавад».

 

Масъалаи авф ва лағви парвандаҳои ҷиноии қумандонҳову размандагони ИНОТ бошад ин проблемаи хеле ҳам душвор буд ва ҳалли ниҳоии он ба иҷроиши пурраи Протоколи оиди масоили низомӣ вобастагии қавӣ дошт. Нахуст мебоист размандаҳои ИНОТ таҳти фармони қумандонҳои худ бо миёнҷигарии нозирони низомии ҲНСММ дар Тоҷикистон дар қароргоҳҳои таъсисгардида ҷамъ оварда шуда, сипас худи онҳо ва силоҳу муҳимоташон сабти ном мешуданд. Аз муъоинаи тиббӣ гузашта, савганди низомӣ ёд карда, шомили ин ва ё он сохтори қудратии ҳукумат мегардиданд.

 

Бо сабабҳои гуногун раванди реинтегратсияи размандагони ИНОТ ба сохторҳои қудратӣ хеле тӯл кашид, ки дар ин хусус дар бобҳои ояндаи рисола дар мавридаш сухан хоҳем гуфт. Билохира дар асоси қарори Комиссияи Оштии Миллӣ таҳти рақами 15 аз сеюми марти соли 1999 Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов чоруми маи соли 1999 Укази худро «Дар бораи пешниҳодоти КОМ» ба имзо расонид ва сипас бо мактубе ба МО ҶТ муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки вакилони мардумӣ дар иҷлосияи навбатӣ лоиҳаи Қарори авфро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

 

Ҳамин тариқ, рӯзи 14 маи соли 1999 намояндагони халқ дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона қарор «Дар бораи  авфи умумӣ» - ро, ки тибқи он 5377 нафар қумандон ва размандаи ИНОТ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешуданд, қабул карданд. Рӯйхати 5377 нафар қумандон ва размандаи ИНОТ ҳамчун замима ба қарори авфи мазкур илова гардида, ба сохторҳои қудратӣ барои иҷро фиристода шуд.

 

Ба тасвиб расидани қарор «Дар бораи авфи умумӣ» аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои онро дошт, ки дигар ягон разманда ва ё қумандони ИНОТ, аз ҷумлаи он 5377 нафаре, ки номнавис шуда бо силоҳу муҳимоти хеш шомили ягон сохтори қудратӣ гаштааст ва ё  аслиҳаи хешро супорида ба ҳаёти мулкӣ баргаштааст, барои он амалҳои зидди қонуние, ки дар ҷараёни муқовимати сиёсиву низомӣ содир кардааст ва аз болои ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст, дигар наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

 

Аз ин рӯз эътиборан ба баъд ҳар собиқ разманда ва ё собиқ қумандони ИНОТ, ки шомили ин ва ё он сохтори қудратии ҳукуматӣ гаштааст ва ё бо хоҳиши худ ба ҳаёти мулкӣ баргаштааст, дигар агар ҷинояте содир намояд тибқи қонунҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ ҳамчун як шаҳрванди муқаррарӣ  ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳад шуд. Дар ҳақиқат ҳам чуноне, ки Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов дар ҷаласаи Маҷлиси Олӣ оиди қарори мазкур гуфт, ин қарор то ба кунун дар миёни қарору қонунҳои оиди авфи умумӣ қабул намудаи МОТ бо мушаххасии хеш собиқае надоштааст.

 

Ҳамин тариқ дар тӯли фаъолияти худ КОМ дар масъалаи бахшиши хатоҳои ҳамдигар, авф кардани гуноҳҳои ҳамдигар, аз маҳбасҳо озод кардани зиндониёни сиёсӣ лоиҳаи ду ҳуҷҷати муҳимеро таҳия намуда, ба муҳокимаи намояндагони МО ҶТ фиристод ва он аз ҷониби вакилони мардумӣ ба тасвиб расид.

 

Агар мувофиқи қарор «Дар бораи авфи умумӣ», ки 14 маи соли 1999 аз ҷониби МО ҶТ қабул шуда буд, чи тавре ки тазаккур додем, 5377 нафар разманда ва қумандони собиқ артиши ИНОТ авф карда шуда бошанд ва парвандаҳои ҷиноии онҳо лағв карда шуда бошанд, пас тибқи қонун «Дар бораи авфи умумӣ», ки 1 – уми августи соли 1997 аз ҷониби вакилони мардумӣ ба тасвиб расида буд, бештар аз 1600 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ аз ҳарду ҷониб, ки ба иллати муқовимати сиёсиву низомӣ дар зиндонҳо маҳбасӣ буданд, озод карда шуданд. Аз рӯи ҳуҷҷати дигари хеле ҳам муҳим Санади ҳамдигарбахшӣ беш аз 500 нафар асирони низомӣ, ки асосан иборат аз сарбозони ҳукуматӣ буданд, озод карда шуданд.

 

Агарчи татбиқи қонун «Дар бораи авфи умумӣ», қарор «Дар бораи авфи умумӣ» ва Санади ҳамдигарбахшӣ кори хеле ҳам мушкилу дандоншикан буд, аъзои зеркомиссияи ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо аъзоёни дигари КОМ, хусусан зеркомиссияи сиёсӣ на танҳо аз ӯҳдаи ин вазифаи таърихӣ баромаданд, балки дар иҷрои вазоифи дигари хеш, ки дар боби оянда сухан дар бораи он хоҳад рафт, саҳми хеле ҳам бузурге гузоштанд.

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2143--lr-4.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi