22:33:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАЛОЛИДДИН МАҲМУДОВ: «ПУЛИ ИРТИБОТӢ БАЙНИ ПРЕЗИДЕНТ ВА РОҲБАРИ МУХОЛИФИН БУДАМ»3

 

-Баъди он ки Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов мафқудуласар гардид, шумо ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Оташбас баргузида шудед ва чӣ вокунише дар ин робита нишон додед?

-Бале, вақте ки Ҳоҷӣ Музаффар мафқудуласар шуд, аъзои мухолифини Комиссияи назорат бар Оташбас пурра аз Тоҷикистон баромада рафтанд. Дигар касе хоҳиши ба Душанбе баргаштанро надошт. Ба хотирам ҳаст, ки роҳбари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Меррем ҳам як сафар кард ба Теҳрон. Бо устод Нурӣ вохӯрӣ дошт. Устод ҳам мехост, ки Комиссияи Оташбас ба Душанбе баргардад. Лекин дигар касе ҷуръат намекард, ки баргардад. Боз ҳамон устод маро гуфтанд, ки «таҷрибаатон зиёдтар асту шумо онҷоро дар мушкилтарин ҳолат ба ӯҳда доштед». Боз моро бо ҳамон ҳайатамон дуюмбора бар Тоҷикистон фиристонданд. 

-Ҳангоми фаъолият дар Комиссия, албатта шумо лаҳзаҳои бисёр ҳаяҷоновар, яъне шодиву ғамро низ аз сар гузарондед. Мешавад, ки аз ин лаҳзаҳо бигӯед?

-Албатта лаҳзаҳои шодиву нишоташ ҳамин буд, ки мо аз ғурбат ба Ватан баргашта будем. Агарчи дар мушкилтарин вазъият зиндагӣ мекардем, лекин Ватан буд, ҳадди ақал дар хонаҳоямон будем. Лаҳзаҳои хурсандиаш ҳамин буд, дигар лаҳзаҳои хурсандӣ надошт. Вале мушкилтарин ҳолатҳо ва лаҳзаҳои ғам зиёд буданд. Танҳо як –ду лаҳзаи онро ба ёд меорам. Як вақт ба хотири қабули ҳамин протоколи Ғарм мо як ҳайат бо сардории Амирқул Азимов, аъзои Комиссияи Отмшбас ва баъзе аз қумандонҳои ҳукуматӣ озими Ғарм шудем. 

Пости Лаби Ҷар он вақт шояд аз полковник Сӯҳроб Қосимов буд. Сӯҳроб Қосимов пеш аз рафтан аз мо хоҳиш кард, ки «як қумандони ман ҳамроҳи шумо дар чархбол ба Лаби Ҷар биравад ва як миқдор хӯрока барои аскаронам, ки дар он ҷо пост доранд, бибарад». Он замон ба он ҷо аз тариқи роҳи заминӣ дигар барои ҳукуматиҳо озод рафтан имкон надошт. Дар байн постҳои размандагони мухолифин хеле зиёд гузошта шуда буданд. Сарбозони ӯ бошад дар он ҷо аз хӯрока танқисӣ мекашиданд. Хулоса, мо ҳам як кори хайр кунем гуфта, он фармондеҳро бо як миқдор нону дигар хӯрока гирифт ба Лаби Ҷар омадем. 

Баъди додани маводи ғизоӣ вақте мехостем аз он ҷо ба Ғарм парвоз намоем, сарбозони дар он ҷо буда чархболи моро ба ҳаво хестан намонданд. Гуфтанд, ки «ё ҳамаи моро ҳамроҳатон мегиред ва ё бо ҳамроҳии мо ин ҷо меистед. Шумо ҳам ҳеҷ куҷо намеравед». Онҳо ягона роҳи наҷоташонро дар ин медиданд, ки агар моро гаравгони худашон бигиранд, шояд ба хотири мо онҳо аз ин ҷо бираванд. Онҳо дигар тавассути роҳ омада наметавонистанд, роҳҳо дар контроли размандагони мухолифин буданд.  

Дигар ҳукумат қудрат надошт, ки онҳоро аз тариқи чархболҳо интиқол бидиҳад. Ҳамин қадар мехостем бифаҳмонем, ки ҳамин корҳоро мо карда истодаем, мо меравем протокол имзо мешавад, роҳҳо кушода мешаванд, шуморо мебарем, намемонданд. Ҳатто ду бор ҳам вертолёти мо шояд, ки панҷ шаш метр аз сатҳи замин баланд шуд, аз таг бо автомат мезаданд, моро мешинонданд. Ҳатто як дафъа грантамет кати таҳдид карданд, ки мезанем, агар ки парвоз кунед. Як ҳолати мушкил ҳамон вақт буд. Мо дар даруни чархбол онҳо чанд тир ба танаи чархбол заданд. Як ҳолате буд, ки Амирқул Азимов наметавонист ба аскарони ҳукумат бифаҳмонад, ки чанд нафари мухолифон феълан дар чархболи мо ҳаст. 

Агар мегуфт шояд аҳвол боз ҳам бадтар мешуд. Яке аз вазнинтарин ҳолатҳо ҳамин буд. Як ҳолати дигар, ки аз ин ҳам вазнин буд, ин буд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба минтақаи Теппаи Самарқандӣ, минтақаи таҳти назорати қумандон Раҳмон маъруф ба Гитлер юриш бурданд. Қаблан мо як рӯз пеш онҷо рафта будем. Бояд ки як мулоқот бо Раҳмон мешуду мо суботро онҷо таъмин мекардем. Ваъдаи онҳо ҳамин буд, ки «шумо фардо биёед, мо қумандонҳои ҳамин минтақаро ҷамъ мекунем». Мо вақте, ки фардо ҳаракат кардем, аллакай дар раҳ нерӯҳои ҳукуматӣ бо онҳо дар ҳоли ҷанг буданд. 

Паррон- паррон хеле зиёд буд. Дар даромадгоҳи Теппаи Самарқандӣ сарбозони ҳукуматӣ моро боздошт намуданд. Агарчӣ шинохтанд, ки мо аз мухолифҳоем, фаҳмондемашон, ки мо фалонӣ-фалонием, аъзои Комиссия ҳастем, барои чунин як кор рафта истодаем, вале дигар ба гапамон гӯш накарда моро ба асорат гирифтанд. Мошинамонро гирифтанд. Яке аз онҳо гуфт, ки баред дар Роҳатӣ онҳоро парронед. Дигаре гуфт, ки мошинашонро гирифта ронандаашонро парронед. Моро аз он ҷо задаву азоб дода бо сад мушкилот гирифта Роҳатӣ бурданд. 

Аз Роҳатӣ боз дар як автобуси дигар бор карда оварданд ба бинои раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе. Дар қабати сеюм дар ҳуҷрае моро маҳкам карданд. Як нафарашон мегуфт, ки баъди намози шом, ки торик шуд, инҳоро баред дар Қӯрғонтеппа парронед, дар совхози Файзалӣ. Дигар чанд дақиқаи дигар вақт монда буд барои торикшавӣ. Ба хотирам ҳаст ман ҳамроҳи Юсуф Ҳакимов будам. Азияти зиёдамон доданд. Ва ҳамин вақт Худо раҳмат кунад Азиз Рӯзиевро, ки намояндаи вазорати умумри дохила дар Комиссияи мо буд, ҳамон маҳал ҷонишини сардори управленияи корҳои дохилии шаҳри Душанбе низ буд. 

Аз куҷое хабар ёфт, ки ҳамин хел воқеа шудаасту бо намояндаҳои вазорати умури дохила моро фавран озод карданд, бурданд дар меҳмонхона ҷо ба ҷо карданд, узри бисёр пурсиданд, ки ин кор дар сатҳи мо нашудааст. Дар сатҳи бесаводҳои поён шудааст. Ба ҳар ҳол тавонистанд, ки ин хафагиро аз дили мо бароранд. Узр пурсиданд, як муомилаи хуб карданд. Ҳамин хели ҳолатҳо ҳаррӯз қариб рух медод. 

 -Имрӯзҳо бо дигар аъзои Комиссия робита доред?

-Робита дорем. Аз ҷониби ҳукумат Худо раҳмат кунад Шаҳбозов дар қайди ҳаёт нестанд. Ягон тӯйю маъракае, ки байни моҳо мешавад, мо онҳоро хабар мекунем, рафту омад мекунем.

-Дар бораи ҳайати баландпояи сиёсиву низомие, ки миёнаҳои моҳи декабри соли 1996 аз Афғонистон ба Тоҷикистон барои татбиқи шартномаи Хустдеҳ омаданд Шумо каме ёдовар шудед. Оё метавонед бтгӯед, ки онҳо чӣ гуна фаъолият карданд? Дар салоҳият ва фаъолияти Комиссияи Шумо ва ин ҳайат чӣ фарқияте буд?

-Аслан ин ҳайате, ки омад ҷуръаташон зиёдтар буд. Моро ба ҳар ҳол зери кафолат ва назорати Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати амнияти Тоҷикистон оварда буданд. Ин ҳайатро ҳеҷ кас на амнияташро ба ӯҳда гирифта буду на зери назорати касе буд. Ин ҳайат ҳатто аз пуштибонии молӣ ва дастгирии ҳуқуқии СММ маҳрум буд. Аъзои комиссияи мо вақте, ки ба Тоҷикистон омаданд, бо мошин таъмин буданд, аз тарафи СММ маош мегирифтанд. Ин ҳайат аз ҳамаи ин чизҳо маҳрум буд. 

Ин ҳайат тибқи маслиҳати Раиси ҷумҳур ва устод Нурӣ барои татбиқи ҳамон Протоколи Хустдеҳ омада буданд. Ин ҳайат ба минтақаҳои мушкилтарину ҷангзада тақсим шуданд. Масалан, Султони Ҳамад дар Тавилдара, Мирзо Муҳаммадии Навид дар Тоҷикобод, Муҳаммадалии Ҳаит дар Дарбанд, Неъматуллоҳи Билол дар Ғарм ва Давлат Усмон ҳамчун раҳбари ин ҳайат дар ҳамаи ин минтақаҳо бо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғи ҳамин пунктҳои Созишномаи Хустдеҳ машғул буданд. Ин ҳайат кори Комиссияи назорат бар Оташбасро хеле осон кард. 

Вақте, ки инҳо омаданд, дигар мо бисёр вақт минтақаро бо дасти инҳо назорат мекардем. Зарурати омадани чунин ҳайат ҳамин буд, ки онҳо салоҳият ва ҷуръати бештар доштанд. Корҳои хуберо низ анҷом доданд.

-Як чизи дигар мехостам бифаҳмам. Чанд сол боз дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ҷанг рафта истодааст. Ҳаракат карда истодаанд, ки дар он ҷо ҳам сулҳ шавад. То андозае баъди соли 2001 каме ҳам беҳбудӣ шуд. Вале ҳоло ҳам даргириҳо дар ин гӯшаву он гӯшаи Афғонистон давом дорад. Шумо чӣ фикр мекунед, ки масалан, ҳамин таҷрибаи сулҳи тоҷиконро оё дар онҷо истифода бурдан мумкин аст?

-Аслан дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ҷангҳо тақрибан сӣ сол давом доранд. Дигар ҷанг ҷузъи фарҳангашон шудааст. Фарҳанги ҷангӣ доранд. Дар Тоҷикистон охирҳои соли 1992 ва аввалҳои 1993 буд, ки ҷанг сар шуд. Баъди як соли оғози ҷанг музокирот шурӯъ шуду ҳоло ҳамин ҷанг ба фарҳанг мубаддал нашуда буд, ки сари роҳи онро гирифтанд. 

Дар он ҷо хело мушкил шудааст.Тоҷикистон аз Афғонистон як фарқ дорад. Дар Тоҷикистон ҷанг бо таҳмили бегонагон шурӯъ шуд. Дар Афғонистон аллакай маълум аст, ки он ҷо истеъмор нақш дорад. Кишвари дигар, кишвари бегона Афғонистонро зери истеъмор ва мустамликаи худ даровардааст. Дар он ҷо дигар даргириҳо байни Амрико ё ки НАТО ва мардуми Афғонистон аст. Дар ин ҷо ду тарафи даргир худи мардум мебуданд, осонтар буд. Дар Афғонистон хело мушкил аст. Дар Афғонистон сулҳ вобастагӣ ба он дорад, ки онро амрикоиҳо мехоҳанд ё не. 

Агар онҳо ва нирӯҳои НАТО бихоҳанд сулҳ он ҷо хоҳад омад. Ягон шакли музокира дар ин ҷо намешавад. Танҳо баромадани нерӯҳои ишғолгар дар он ҷо. Музокирот суд намедиҳад, ба фикри ман, ин таҷрибаро дар он ҷо истифода бурда намешавад. Дар Тоҷикистон ҷанг байни ду тарафи худи тоҷикҳо буд, бе дахолати бегонагон. Чун ду тараф ҳамдигарашонро фаҳмиданд, дахолат аз байн рафт. Натавонистанд пеши роҳи раванди сулҳро бигиранд. Набошад дар Тоҷикистон ҳам мо ҳис мекардем, ки нерӯҳое буданд, ки намемонданд сулҳ шавад. Лекин чун ҷанги дохилӣ буд, осонтар буд.  

-Боз ба кадом савол мехостед Шумо ҷавоб бигӯед, ки ман напурсидам ё худ чи матлаберо Шумо ба ин сӯҳбати мо илова кардан мехоҳед? 

-Он чизҳоеро, ки шумо аз ман напурсидед ва ман муҳим медонам онҳоро расондан ҳамин буд, ки банда ба ғайр аз оне, ки Комиссияи оташбасро ҳамраисӣ мекардам, як пули иртиботӣ байни Раис ҷумҳур ва марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам будам. Ман ду бор бо ҷаноби президенти Тоҷикистон вохӯрии як ба як доштам. Ҳангоме, ки ду бор вохӯриҳо дар сатҳи ҳайати музокира ноком шуда буданд, ман тавонистам, ки байни ҳамин Раиси ҷумҳуру устоди марҳум як пули иртиботӣ бошам. Гапҳои инҳоро ба ҳамдигар бирасонам. 

Ва боз як бори дигар онҳоро ба сари музокира биёрам. Ман ин вохӯриҳоро ду бор дар Душанбе доштам, як бор дар Маскав. Аввалин бор вақте, ки манро Раиси ҷумҳур барои вохӯрӣ даъват кард, ин ҳамроҳи ҷаноби Амирқул Азимов буд. Ман номи Амирқул Азимовро хеле зиёд ба ёд меорам. Чунки хизматҳои зиёд кардааст, шахсан ҳис мекардам, ҷасорат дошт. Вақте, ки маро ба сӯҳбат даъват карданд, ман аз ҷониби раҳбар иҷозат надоштам ва раҳбар ҳам дигар бо мо на дар алоқаи телефонӣ буд, на дар алоқаи мухобиравӣ. 

Дар вохӯрӣ мақсадашонро гуфтанд, мо рафтем устодро ёфтем. Аз устод ҳам ба ростӣ дар ташвиш будам, ки яке бигӯяд, ки ту намояндаи мо чӣ ҳуқуқ дорӣ, ки дар ин сатҳи баланд вохӯрӣ мегузаронӣ. Ман аслан тарсам аз ҳамин буд. Агар инро дар Афғонистон дар Шӯрои ҷиҳодӣ матраҳ мекарданд, ҳатман ҳабс мешудам. Барои ҳамин мо аз фурсат истифода бурдем, рафтем ба Эрон. Бо устод вохӯрдем, ҳамин сафаре, ки ман ба Эрон карда будам, бо амри Раиси ҷумҳур буд. Ҳатто паспорти маро тайёр карда роҳкиро низ дода буданд, ки бираву ҳамон устодро биёву бигӯ, ки музокирот бенатиҷа шуда истодааст. 

-Ин кадом давраи музокирот буд?

- Соли 1996, баъди имзои протоколи Ғарм буд, дигар ба ёдам нест. Ман вақте рафтам бо устод Нурӣ вохӯрдам, тарсида-тарсида устодро гуфтам, ки мо ҳамин хел шояд як беодобӣ кардем, нофармонӣ кардем. Ҳамин корро кардем. Бисёр хурсанд шуд. Ҳатто устод Нурӣ он вақт гуфт, ки «ман зиёдтар барои сулҳ иқдом кардам, ҳама вақт ман дастамро дароз мекардам. Ва аз ин инъитофпазирии ман тарафи ҳукумат сӯистифода кард. 

Хаёл кард, ки ин заъфи ман аст, ки ман ҳамеша дастамро дароз мекунам, ҳама вақт гузашт мекунам. Бинобар ин ман каме худамро қафо кашидам, то ки як иқдом аз он ҷониб шавад. Ин ки ту омадӣ аз номи Раиси ҷумҳур, намояндаи Раиси ҷумҳур бо ман сӯҳбат дорӣ, ки Раис мехоҳад, ки бо ман вохӯрӣ дошта бошад, ман бори дигар эҳсос кардам, бовар кардам, ки онҳо ҳам даст дароз мекунанд». Ин хел сӯҳбатҳо мешуд, ҳаминро напурсида будед, шумо. 

- Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.


Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi