10:39:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРГУ СОЗИ Ӯ НАВОИ МИЛЛАТ АСТ...

 (Aндешае чанд перомуни назари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 
ба миллат ва ваҳдати миллӣ) 

Шахсият ва фаъолияти шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷанба ва паҳлӯҳои мухталифе доранд, ки биcёре аз онҳо то ба ҳол аз ҷониби пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор нагирифтааст. Ҳол он ки омӯзиши ҳамаҷониба ва амиқ дар ин росто барои таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон хеле муҳим ба шумор меравад. 

Яке ҷанбаҳои шахсият ва фаъолияти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ осори илмиву таҳқиқотӣ дар мавзӯъҳои мухталифи динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад. Эшон дар назди уламои машҳури диёрамон, аз қабили мулло Сиёмуддини Наҷмиддин ва Ќорӣ Муҳаммадҷони Хуқандӣ, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ улуми мухталифи шаръӣ, амсоли “Сарфу наҳв”, “Маъонӣ”, “Мантиқ”, “Таърихи Ислом”, “Ҳадис” ва “Тафсири Ќуръони маҷид”-ро омӯхт ва чун донишманди улуми исломӣ ба камол расид.

 Бо вуҷуди серкорӣ вақт ёфта, дар мавзӯъҳои гуногуни динӣ ва дунявӣ рисолаҳо ва мақолаҳо таълиф менамуд, ки чанде аз онҳо ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш ба нашр расида буданд, ки аз чунин асарҳо ибратанд: “Дар он сӯйи сиёсат” (соли 1996), “Имрӯз ва фардои Тоҷикистон” (соли 2000), “Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом”, “Оштинома”, “Истиқлол чӣ мафҳум дорад?” (соли 2001). Боз чандин асарҳои илмиву таҳқиқотии ӯ ҳоло ба табъ нарасидаанд. Ин ҷо мехостам андеша ва назари Сайид Абдуллоҳи Нуриро роҷеъ ба мафҳумҳои миллат, ғояи миллӣ, ваҳдати миллӣ, манофеъи миллӣ, озодихоҳӣ ва ва истиқлолталабӣ ва дар робитаи ба ин мавзӯъ шахсияти миллӣ будани эшонро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор бидиҳем. 

Шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ агарчи дар ин бора рисолаи махсус таълиф накарда бошад ҳам, чун шахсияти андешаманд ин мавзӯъи муҳим аз мадди назари эшон берун намондааст. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на танҳо ба ҳайси шахсияти варзидаи рӯҳонӣ, балки чун як фарди ватандӯст, худогоҳ, хештаншинос, фарҳангдӯст ва пажӯҳишгар ба таърихи пурғановати тоҷикон ва мардуми форсизабон таваҷӯҳи хосе зоҳир мекард, сарчашмаҳои мухталифи таърихӣ ва адабиро меомӯхт ва дар ҳама маврид аз манофеъи миллии халқамон дифоъ мекард. Ќобили таваҷҷӯҳ аст, ки яке аз манбаъҳои худшиносӣ, ислоҳотхоҳӣ, озодидӯстӣ ва истиқлолталабии хешро шоҳасари “Тоҷикон” – академик Бобоҷон Ѓафуров ҳисобидааст: “Омили чаҳорум, ба андешаи камина омӯзиш ва мутолиъаи шоҳасари академик Бобоҷон Ѓафуров – “Тоҷикон” буд. 

То соли 1972-ум мо дар китобҳо, бахусус китобҳои дарсӣ мехондем, ки халқи тоҷик дар гузашта ҳеҷ чиз надошт, бесаводу бефарҳанг буд ва ба шарофати Инқилоби Уктабр ва халқи рус ба чунин пешравиҳо ноил гардид. Вақте китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ѓафуров дар шаҳри Маскав нашр шуд ва бори аввал дастраси мо гардид, ман чанд бор онро бодиққат хонда баромадам. Бовуҷуди он ки шодравони Бобоҷон Ѓафуров бисёр боэҳтиёт роҷеъ ба гузаштаи бостонӣ, фарҳангу тамаддуни волои миллатамон мулоҳиза меронад, камина бисёр нуктаҳои муҳими таърихи халқамон, аз ҷумла муборизаҳои миллӣ ва озодихоҳӣ, ҷунбишу ҳаракатҳои мардумӣ, наҳзатҳои динӣ ва ғайраро барои худ кашф намудам, ки барои ташаккули афкори озодихоҳӣ дар ниҳоди ман ёрии калон расониданд. (Нигаред. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Ҳизбе, ки реза дар ормони мардум дорад, дар китоби “ҲНИТ – зодаи ормони мардум”, Душанбе, нашриёти” Империал – групп”, 2003, саҳ 9). 

Аз ҳамин ҷост, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар навиштаҳои худ ба таърихи халқи тоҷик, мардуми эронинажод, умуман таърихи Шарқ ва Ислом рӯ оварда, барои тасдиқи ақоиди худ бисёр далелу бурҳонҳои таърихиро мавриди истифода қарор додааст. Ӯ чун фарди хештаншиносу ватандӯст ва риҷоли варзидаи миллӣ дар бораи хидматҳо ва нақши тоҷикон дар умури давлатдорӣ ва сиёсат сухан ронда, ба ин васила мардуми тоҷикро ба хештаншиносӣ ба худогоҳӣ, озодидӯстӣ ва истиқлолталабӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ кардааст. Ӯ ҳангоми раиси Комисияи Оштии Миллӣ (КОМ) ифои вазифа намуданаш, дар як муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон чунин мефармояд: “Тоҷикон дар сиёсат ва давлатдорӣ низ ҷойгоҳи намоёнеро ба худ касб кардаанд. Давлати бузурги Сомониён ва тарзи сиёсату давлатдории онҳо ба касе пӯшида нест. 

Илова бар ин, тоҷикон ба сифати вузаро ва мушовирини подшоҳон ва давлатдорони ғайритоҷик низ вазифаҳои баландро дар даст доштанд, ки хати маши сиёсӣ ва иҷтимоии давлатдориҳоро таъин мекарданд” Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин хитобаи худ баъдан аз саҳми бузурги тоҷикон дар рушду пешрафти тамаддун ва фарҳанги башарӣ, ба вижа тамаддуни исломӣ ёдовар шуда, аз фарзандони шӯҳратёри халқи тоҷик Муҳаммад ибни Ислоили Бухорӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва поягузори адабиёти оламшумури форсӣ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ном мебарад ва дар ниҳоди мардум ҳисси ифтихор ва сарбаландиро бедор мекунад: 

“Саҳми тоҷикон дар пешрафти тамаддун ва фарҳанги башарӣ басо чашмрас буда, осори фаровоне, ки ниёгони мо ба ёдгор мондаанд, имрӯз боиси ифтихори ҳамагон аст. Дар ҷаҳони Ислом беҳтарин китоб баъди Ќуръони карим - “Саҳеҳи Бухорӣ” мебошад, ки аз таълифоти фарзанди барӯманди халқи тоҷик Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ аст. Ва аксари соҳибони “Сиҳоҳи Ситта” низ асолати тоҷикӣ доранд. Тоҷикон дар тадвини усули фиқҳ, тафсир, ҳикмат, сарфу наҳв низ саҳми босазое доранд. Кист дар ҷаҳони илму ҳикмат, ки номи Абӯалии Синоро надонад?! Вожаи машҳур ва ҷаҳонии табобат – “медицина”, яъне “мадади Сино” мебошад. 

Ин ҳам ба муносибати заҳматҳои фарзанди тоҷик, яъне Абӯалии Сино ва кӯмаку мададҳои ӯ гузошта шудааст. Китоби ӯ “Ал - Ќонун” асрҳои аср барои табибони Шарқу Ѓарб китоби таълими илми тибб ва дастури асосии пизишкон ба шумор мерафт. Дар шеъру адабиёт низ тоҷикон ҳамеша аламбардор буданду машъалафрӯз ва ҳар кӣ дар олами шеър ва адаб Рӯдакиро нашиносад, ҳаққо, ки беадаб аст”. Дар робита ба ифтихори миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷасорату диловарӣ, силаҳшӯрӣ ва нотарсиву озодихоҳии тоҷикон, муборизаи онҳоро ба муқобили душманони истилогару аҷнабӣ қайд намуда, ифтихор аз он кардааст, ки мардуми сарбаланди мо дар таърихи дуру дароз ҳеҷ гоҳ ба сарзамини дигар лашкар накашида ва бо хунхорӣ ва ғосибӣ ном набаровардааст. 

Бинобар ин, дар сарчашмаҳои таърихӣ тоҷиконро Катхудо, Озода, Аҳрор, Сонеъ, Деҳқон, Шоир, Файласуф, Мӯъмин ва Мусалмон ва дигар сифатҳои неку наҷиб васф ва ёдрас намудаанд: “Дар таҳамтанӣ, ҷасорат ва диловари низ тоҷикон ба ҳаде буданд, ки душманони ин миллати наҷиб, аз ҷумла чеҳраи хунхортарини таърих – Чингизхон аз рашку ҳасад ба ворисони хеш чунин таъкид кардааст: “Ҳар тоҷики ҳиравиро, ки дастгир кардед, зинда нагузоред ва бар тоҷикон этимод накунед, ки дар ақолими ҷаҳон ба далерӣ, кинхостанд, шабравӣ (ҷанги чирикӣ) ва камин хостанд саромаданд. Сухани ман бишнав ва тоҷикон саркӯфта дор …” 

Сари ин ҳарфҳои Чингизи хунхор ҳар як фарди тоҷик бояд андеша кунад ва сар баланд карда, ба оламу одам бингарад, ки чӣ гузаштаи пурифтихор дорад, ки ҳатто қотилонаш онро эътироф намудаанд… Вале, мутаасифона, ин миллате, ки ба ганҷинаи тамаддуни умумибашарӣ фарҳанги дурахшанда ва лоязолиро ҳадя кардааст, дар тӯли таърих дучори зулму шиканҷа ва таҳоҷуми бегонагон қарор гирифта, теғ бар сар ва нештар ба ҷигар хӯрдааст ва “замин аз хуни тоҷикон лоларанг аст”. 

Сипас Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъд аз талошу муборизаҳои фидокоронаи тоҷиконро алайҳи Чингизиён, Темуриён ва Манғитиён хотиррасон намудан, аз ҷонсахтӣ, бурдборӣ, сабру тамкин ва хирадмандии халқамонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва таъкид месозад, ки тоҷикон пас аз ҳар саркӯбӣ ва турктозӣ ба рағми душманон чун мурғи самандар эҳё мегарданд ва чун қатраҳои об ба ҳам меоянд. Ӯ барои тақвияти фикри хеш чунин гуфтаи таърихшиноси маъруфи тоинқилобии рус Н. Павловро иқтибос мекунад: “Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷикон ҳастем. Аз ин пеш онҳо на зиндагӣ, балки рӯз кӯр мекарданд … 

Ин фақр ва аҷз натиҷаи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва Манғит ба пайкари ӯ зад. Дар дунё кам миллате ёфт мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад. Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар сахтҷонтаранд. Ќадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд…”. Барои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарнавишт ва тақдири тоҷикон пас аз инқилобҳои Октябр ва Бухоро бефарқ набуда, ба ин қазияи муҳим низ диққат ва эътибори ҷиддӣ додааст. 

Ӯ нерӯи болшивикиро бо чеҳраи хуношоми таърих Чингизхон ташбеҳ дода аз кирдорҳои шум, ҷиноятҳои касношунид, аз табартақсими кишвари аморати Бухоро, аз хиёнату наслзудоӣ (геноцид), аз китобсӯзӣ, фарҳангзудоӣ, несту нобуд кардани осори пурқимати таърихӣ, фарҳангиву динӣ, кушторҳои дастаҷамъии мардум, бахусус уламои исломӣ ва табъиди (бадарғаи) онҳо ба яхистонҳои Ќазоқистону Сибир сухан ронда, фидокорӣ, заҳмат ва қаҳрамонии тоҷиконро дар ҳифзи суннатҳои милливу мазҳабӣ, забону адаби форсӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ қайд мекунад. 

Як нуктаро таъкид бояд кард, ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз он ашхосе мебошад, ки чун ягона дигарандеш (диссидент) дар Осиёи Марказӣ барои ақоиди озодихоҳӣ, тарғиби дини мубини Ислом ва истиқлолталабӣ дар замони султаи комунистӣ, соли 1986 ӯро боздошт намуда ва бо ҳукми додгоҳ 1,5 сол дар зиндонҳои Сибир ба сар бурд ва азобу машаққат кашид, яъне устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ заҳри сиёсати бехудоӣ ва зулму ситами султаи коммунистиро дар хуну пӯсти худ санҷида, эҳсос намуда буд, аз ин рӯ қотеъона кирдорҳои ҷинои сиёсати болшевиконро фош намуда, сахт маҳкум кардааст. 

Баъдан Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бораи фоҷеъаи сахти дар охири қарни бист ва оғози қарни бисту як ба сари миллати мусалмони тоҷик омада, сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, хисороти ҷониву молии ин ҷанги бародаркуш истода мегузарад ва омилҳои қатъи ҷанги хунини шаҳрвандиро бо овардани далелҳои қотеъ шарҳу тавзеҳ дода, менависад: “Дар воқеъ, идомаи ҷанг боис гардид, ки ҷонибҳо дарк кунанд: ҳадаф зоҳиран яке аст: наҷоти миллату кишвар ва эҳёи муқаддасоти миллӣ ва давом додани ҷанг ба нафъи Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин нахоҳад буд, балки миллатро фақир, кишварро хароб ва истиқлолияти нисбиро аз даст хоҳанд дод. 

Воқеъан, ақли солим ва дарди миллат ҳарду ҷонибро ба оштии миллӣ оварда расонд ва набояд фаромӯш кард, ки нақши асоси дар расидан ба оштии миллиро фармондеҳон ва онҳое доранд, ки мусаллаҳанд. Дар воқеъ, ба сари ақл омадани раҳбарони ҳарду ҷониб аз заҳамоти онон ва хуни шаҳидон аст. Бояд мунсинфона бигӯем, ки раҳбарони имрӯзаи Тоҷикистон бо ду хислат аз давлатдорони қаблӣ фарқ мекунанд: якум, истиқлолияти нисбӣ дар тасмимгирӣ; дуввум, дилсӯзӣ ба миллат ва кишвар, агарчи ин ҷиҳатҳо зери фишорҳои сиёсӣ ва низоми ба вуҷуд омада бошанд, ҳам рӯшан аст, ки дар натиҷаи чунин таҳаввулот нақши душманони миллат бар об шуд”. 

Бояд гуфт, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз сабабҳо ва омилҳои умдаи сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллии тоҷиконро дилсӯзӣ ба миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон, ватандӯстӣ, дифоъ аз манофеъи миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, нангу номуси милливу ватандории сарони ҳарду ҷониб меҳисобад: “Ҳарду ҷониб аз ақли солим кор гирифтанд, ҳарду ҷониб манофеъи миллиро аз ҳама чиз муҳимтар донистанд ва ҳамдигарро бахшиданд ва ба оштии миллӣ розӣ шуданд. Дигар ҳар касе, ки хуни тоҷикӣ дар раг дошта бошад, ба ҷанги ҳамватанӣ розӣ нахоҳад шуд, дигар касе, ки зодгоҳаш Тоҷикистон бошад аз хунрезӣ ва ноамнӣ нафрат хоҳад кард”. 

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чун як фарди тоҷики мусалмон, хештаншинос ва ватандӯст ғояи ваҳдати миллиро барои расидан ба истиқрори комили сулҳ ва оштии миллии дар Тоҷикистон ба миён мегузорад. Ӯ баъди таҳлилу баррасии амиқ ба хулосае меоянд, ки миллатро лозим аст, як нуктаи атфе аз мероси фарҳангии худ пайдо кунад ва даври он сарҷамъ гардад. Ба ақидаи эшон нуқтаи васл ва пураҳмияту зарурӣ фарҳанги исломӣ мебошад, ки на танҳо тоҷикон, балки мардуми ғайритоҷики муқими кишварамонро, ки аксари мутлақ мусалмонанд, метавонанд ба ҳам биёрад ва чун тору пӯд ба ҳам бипайвандад: “Бале, хеле куштем, сӯхтем, хароб кардем, акнун бояд сайъ кард то эҳё кунем, обод кунем, созанда бошем, на сӯзанда. Ман чунин тасаввур мекунам: 

Тоҷикистон монанди киштии шикастаест дар баҳри пурталотум ва тоҷикистиниҳо бо ҳама манотиқу қавмҳо ва ҳизбу ҳаракаташон дар ин киштӣ мебошанд. Ҳар кӣ барои салоҳи он бикӯшад, худ ва тамоми мардумро наҷот медиҳад. Аммо ҳар кӣ харобкорӣ кунад, бидонад, ки худ тамоми мардумро аз байн хоҳад бурд. Пас бояд ҳама даст ба дасти ҳам бидиҳем ва ин киштиро, ки “Давлати Тоҷикистон” – аш мегӯянд, аз ғарқ шудан наҷот бидиҳем. Аксарияти мардуми Тоҷикистон ин хатарро дарк карданд ва ба таври худ саъй мекунанд, ки худ ва ин киштиро наҷот бидиҳанд, вале азбаски ҳама бо ҳам нестанд ва ваҳдат надоранд, ба ҷое намерасанд. 

Ваҳдати миллӣ лозим аст, то моро ба соҳили наҷот бирасонад. Бинобар он миллатро лозим аст, ки як нуқтаи атфе аз мероси фарҳангии худ пайдо кунад ва даври он ҷамъ шавад. Ба андешаи банда нуқтаи васл ва зарурӣ фарҳанги мусалмонии мост, зеро аксарияти қотеъи мардуми Тоҷикистон мусалмонанд: чи тоҷик, чи ӯзбек, чи лақай, чи тотор ва чи ҳизбӣ ва чи ғайриҳизби ба ин ақида гароиш доранд ва оммаи мардум ин низомро бештар мешиносанд ва ба асосҳои он пойбанданд. 

Аз ин рӯ дар ин марҳалаи бӯҳронӣ ақидаи мусалмонӣ, ки шомили ҳамаи ҳизбу созмонҳо, ҳаракат ва иттиҳодяҳо ва қавму миллатҳост, нуқтаи атф мебошад, ки ваҳдати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба вуҷуд меорад ва бо ин ваҳдати милливу шаҳрвандӣ метавонем киштии мамлакатро ба соҳили мурод бирасонем”. Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ консепсияи ваҳдати миллиро на фақат барои тоҷикон, балки барои тамоми миллату қавмиятҳои сокини кишварамон матраҳ намудааст, ки хеле муҳим ба шумор меравад ва имрӯз ҳам қимати худро аз даст надодааст. 

Ӯ тамоми намояндагони қавму қабила, халқу миллатҳои муқими кишварамонро ҷузъи “миллати Тоҷикистон” номида таъкид мекунад, ки онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи ин давлат мебошанд, таърихи зиндагонии муштараки онҳо дар ин сарзамин бо таърихи имрӯзу фардои ҳамагон пайванди ногустанӣ дорад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки одобу суннатҳояшонро нодида бигирад ва он бародарону хоҳарон дар радифи тоҷикон новобаста аз ирқу нажод, авлод ва маҳал, қавму қабила аз ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон бояд дифоъ кунанд. 

Зеро ин кишвар барои ҳар як сокини ин сарзамин хонаи умед аст ва онҳо ба ҷуз Тоҷикистони азиз ватане надоранд. Ва дар ин ҷо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бори дигар қазияи Ватан, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ ва ватандориро ба миён мегузорад ва бо қатъият изҳор медорад: “Ҳеҷ ҷои дунё мисли Ватан азиз нест ва ҳеҷ кас набояд аз ватанаш ронда шавад ё ба тарзи зӯри аз он маҳрум карда шавад”. Дар ин ҷо як нуктаро бояд зикр кард, ки масъалаи аққалиятҳои динӣ ва мазҳабии ғайримусалмон ва ғайритоҷик низ аз доираи назари шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ берун намондааст. Ӯ онҳоро низ ҷузъи миллати тоҷик ва Тоҷикистон ҳисобида, таъкид кардааст, ки бояд ҳуқуқи онҳо риоя карда шавад, то ки аз тамоми озодиҳо бархурдор бошанд. 

Ӯ дар навбати худ аз ақалиятҳои миллӣ ва мазҳабии ғайритоҷики Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки онҳо низ худро чун тамоми аъзои ин миллат муваззаф бидонанд ва барои ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии кишварамон кӯшиш ба харҷ диҳанд ва худро дар ин сарзамин бегона ва аҷнабӣ нашуморанд. Дар робита ба ин мавзӯъ гуфтан лозим аст, ки андешаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ доир ба “миллати Тоҷикистон” ба ақидаи маъорифпаварони исломии қарни нуздаҳ ва аввали қарни бистум шабоҳат дорад. 

Маорифпарварон ё худ ҷадидони Бухоро фаҳмиши ғарбии мафҳуми “миллат”-ро пазируфта, ба кор мебурданд. Тибқи ин ақида тамоми шаҳрвандони як давлат новобаста аз нажод, қавму қабила ва забон, миллати ҳамон мамлакат шуморида мешаванд, яъне мафҳуми миллат дар ин маврид ба шаҳрванд ё табаъа ҳаммаъност. Дар ин бора донишманди тоҷик Масрури Абдуллоҳ чунин ибрози назар кардааст: “Фаҳмиши ғарбии миллат, ки то Инқилоб онро ба аморати Бухоро ҷадидони дар империяи Усмониву Русия таҳсилкарда оварда буданд. 

Тибқи ин фаҳмиш кулли сокинони як давлати мушаххас, ҳама шаҳрвандони давлати ягона новобаста аз нажоду забони худ як миллати воҳидро ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, ҷадидон, аз ҷумла машҳуртарини онҳо Абдурауфи Фитрат то Инқилоб бештар дар бораи “миллати наҷибаи Бухоро” сухан рондаанд. Ва зери мафҳуми “миллати бухороӣ” тамоми қавмиятҳои аморати Бухоро фаҳмида мешуд (ҷадидон оид ба “миллати турк” зери таъсири мафкураҳои пантуркизм ва марксизм - ленинизм, асосан баъди Инқилоб сухан рондаанд). 

Ин гуна фаҳмиш ба давлатҳои дигари Шарқ низ аз нимаҳои қарни нуздаҳ ворид шудааст ва то ҳол дар Эрону Афғонистон ҷорист. Масалан, мафҳуми “миллати Эрон” ҳама сокинони кишварро дарбар мегирад, аз ҷумла арабҳои Хузистон ё туркони Озарбойҷон ва ё туркманони Хуросонро. Мафҳуми “миллати Афғонистон” низ ҳамин маъниро ифода мекунад. Вақте баъзан дӯстони эрониву афғонии мо “миллати Тоҷикистон”-ро ба кор мебаранд, он ба гӯши мо ғайриоддӣ садо медиҳад, чун одат накардаем, мо фақат ибораи “миллати тоҷик”-ро медонем” (Ниг. М. Абдуллоҳ. Миллат, миллатгароӣ ва ягонагии ақида, ҳафтаномаи “Миллат”, №7, 15 02. 2007). 

Ногуфта намонад, ки устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҷонибдори ақидаи шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бобати мафҳуми “миллат” мебошад. Ӯ роҷеъ ба ин масъала чунин ибрози назар кардааст: “… имрӯз миллат маънои тамоман дигарро касб карда, воҳиди иҷтимоии комилшуда дар ҷомеъа гардидааст. Яъне миллат дигар ба маънои қавмият ё нажод маҳдуд намешавад. Бинобар ин вақте миллат гуфта мешавад, мафҳум танҳо тоҷик ё қавму миллати мушаххас нест… дар кишварҳое, ки аз қавмияту миллатҳои гуногун таркибёфта, як миллати воҳидро ташкил мекунанд ва як қаламрави сиёсӣ доранд, маҳдуд кардани он бо як нажоду қавмият нодуруст ва иштибоҳ аст”. (Ниг. М. Ҳимматзода. Зиндагӣ. 12. 11. 2006, 341). 

Вале чуноне ки Масрури Абдуллоҳ дар мақолааш қайд кардааст, калимаи “миллат” тарҷумаи вожаи лотинии “natio” аст, ки маънояш “қабила ё халқ” мебошад. Аз он калимаҳои англисии “nation” ва русии “нация” пайдо шудаанд. Ба забонҳои форсиву туркӣ онро ба ҳайси як умумияти иҷтимоӣ бо калимаи арабии “миллат” тарҷума кардаанд, ки нодуруст аст. Чунки калимаи “миллат” дар Ќуръони маҷид ва дар забони арабӣ маънои дигар дорад. Донишманди эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ ин қазияро чунин шарҳу тавзеҳ додааст: 

“Аз назари Ќуръон як маҷмӯъаи фикрӣ ва як равишеро, ки мардум бояд тибқи он амал кунанд, миллат номида мешвад. Бинобар ин миллат бо дин як маънӣ дорад… як тафовут миёнаи калимаи дин ва миллат ин аст, ки калимаи динро ба Худо метавон изофа кард ва масалан гуфт: “Динуллоҳ”, яъне дини Худо ва ҳамчунин ба фарди пайрав гуфта мешвад: “дини Зайд, дини Амр”. Вале калимаи “миллат” на ба Худо изофа мешвад, на ба фарди пайрав, гуфта намешавад: “миллати Худо ё миллати Зайд ё миллати Амр”, балки ба он роҳбаре, ки аз тарафи Худо маъмури раҳбарии мардум бар тибқи тариқаи хосе аст, изофа мешвад, масалан, гуфта мешавад: “миллати Иброҳим ё миллати Исо ё миллати Муҳаммад”. (Ниг. Муртазо Мутаҳаррӣ. Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, чопи сирилик, Душанбе, саҳ. 17-19). 

Муртазо Мутаҳаррӣ зимнан қайд мекунад, ки ин истилоҳи форсӣ як истилоҳи мустаҳдис ва ҷадид буда, дар воқеъ ғалат аст. Дар забони арабӣ “миллат” ба маънои иҷтимоӣ ва қавмӣ (этникӣ) бо калимаҳои “шаъб ва қавм” ифода мешавад. Дар Ќуръони маҷид бошад, ин мафҳум бо вожаҳои “шуъубан ва қабоила” ифода гардидааст. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ калимаи “миллат”-ро гоҳ ба маънои воҳиди иҷтимоӣ ва қавмӣ (этникӣ), дар баъзе мавридҳо ба маънои шаҳрванди як кишвар ва дар бархе аз мақолаву рисолаҳояш ба маънои қуръонӣ низ ба кор бурдааст. Яъне ӯ дар навиштаҳои илмӣ ва суханрониҳои худ вобаста ба мавқеъ ва ҷойгоҳ калимаи “миллат”-ро бо се мафҳум истифода бурдааст, ки аз умқ ва вусъати дониши эшон дар ин росто ба таври возеҳу рӯшан шаҳодат медиҳад. 

Ӯ чун донишманд ва мутафаккири варзида ба арзишҳои фарҳанги исломӣ арҷ гузошта, дар як вақт чун як фарди миллатдӯст ва ватанпарвари тоҷик анъана, суннат ва тамаддуни миллии тоҷикон ва мардуми форсизабон дилбастагии хосе зоҳир намудааст. Дар ин маврид андешаҳои ӯ ба чунин гуфтаҳои донишманди маъруфи эронӣ устод Муртазо Мутаҳҳарӣ ҳамоҳанг гардиданд, ки қобили таваҷҷӯҳ аст: “Мо мусалмонони эронӣ ба Ислом, ба ҳукми он ки мазҳаби мост, имону эътиқод дорем ва ба Эрон ба ҳукми он ки меҳани (ватани) мост, меҳр меварзем… Мо ҳам эҳсосоти исломӣ дорем ва ҳам эҳсосоти меҳании эронӣ”. (Ниг. М. Мутаҳарӣ, ҳамон асар). 

Аз ин нуқтаи назар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам эҳсосоти исломӣ ва ва ҳам эҳсосоти ватандории тоҷикӣ дошт ва ҳардуро тавъам, ду мағз дар як пӯст медонист. Зеро ӯ чун донишманди мумтоз хадамоти мутақобили дини мубини Ислом ва ақвоми ориёӣ (эронинажод), ба вижа тоҷиконро хуб медонист ва ин қазияро ба тарзи амиқ дарк намуда, барҳақ навишта буд :“Ислом сутунмӯҳраи ҳувият ва фарҳанги миллии мардуми тоҷик аст”. Оре, дини мубини Ислом дар ташаккули халқи тоҷик нақши босазоеро бозидааст. Тоҷик чун халқ ва миллат маҳз дар давраи Ислом ташаккул ёфта, чун воҳиди қавмӣ (этникӣ) ба камол расид. 

То давраи Ислом мо қавмҳои мухталифи ориёӣ, аз қабили бохтарӣ, суғдӣ, сакоӣ ва ғайра будем ва маҳз арзишҳои муқаддаси дини мубини Ислом меҳвари асосие гардиданд, ки моро ба ҳам муттаҳид кард ва чун халқи тоҷик по ба арсаи таърих гузоштем. Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии сулолаи Сомониён ташаккул ёфт ва арзи вуҷуд кард, ки онҳо дар густариши дини мубини Ислом ҷоннисориҳо кардаанд. Ҳаминро ба эътибор гирифта, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамеша таъкид мекард, ки Ислом ҳувият ва арзишҳои фарҳанги миллии моро ташкил медиҳад, аз ин рӯ набояд дар замони соҳибистиқлолияти давлати Тоҷикистон ин омили муҳим ва сарнавиштсозро сарфи назар намоем. 

Ба ғайр аз ин, дини мубини Ислом ва мусалмон будан, на танҳо омили ваҳдати воқеъии тоҷикон, балки дар маҷмӯъ ваҳдату якпорчагии ақвоми гуногуннажод ва мухталифзабони ғайритоҷики сокини Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи исломиро низ таъмин месозад. Аз ҳамин ҷост, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ғояи миллии халқамонро дар тавъамӣ, яъне чун нохуну гӯшт будани ҷанбаи тоҷикият ва исломият медонист. Аз ҷумла ӯ ба саволи хабарнигори шабакаи телевизионии Ҷопон “Тоҷик будан ва мусалмон будан, кадоме аз ин мафҳумҳо барои Шумо муҳимтару болотар аст?”, чунин посухи пурмаъно додааст, ки моҳияти ғояи миллии тоҷиконро ба таври мӯъҷаз ва возеҳ арзёбӣ намудааст: “Дар мо аслан ин ду чизро ҷудо карда намешавад. 

Ман мусалмонам ва тоҷик таваллуд шудаам. Вақте ки мусалмонам, мусалмони тоҷикам, яъне дар пешрафту тараққиёти кишвар ман ҳамчун мусалмони тоҷик саҳм мегузорам. Робитаи ман бо касоне, ки тоҷиканду мусалмонанд, ҳамчун тоҷики мусалмон аст. Бо касоне, ки мусалмонанду тоҷик нестанд, ҳамчун бародари мусалмон аст. Бо касоне, ки тоҷиканду исломро қабул надоранд, ҳамчун тоҷик аст ва мехоҳам ҳамеша чунин равобит ҳифз шавад”. (Ниг. Мусоҳибаи С. А. Нурӣ бо шабакаи телевизионии NHK- и Ҷопон, Наҷот, 18. 01. 2002). 

Танҳо ба ин гуфтаҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ месазад як нуктаро илова кунем: “Муносибати ман бо касоне, ки тоҷик ва мусалмон нестанд, ҳамчун инсон аст.” Оре, мафҳумҳои миллат, халқ, ватан, ғояи миллӣ, ваҳдати миллӣ, манофеъи миллӣ, дини мубини Ислом, мазҳаби ҳанафӣ, озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ барои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чун як шахсияти варзидаи рӯҳонӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва риҷоли миллӣ хеле муқаддас маҳсуб меёфтанд ва ӯ тайи мубориза ва талошҳои чилсолаи худ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки ин арзишҳои милливу мазҳабӣ дар ҷомеъаи кишварамон мақому манзалат пайдо намоянд, Ватанамон обод ва мардумамон шод бошанд. 

Ин буд, ки дар радифи дигар ҳадафҳои олии худ ҳамеша ин арзишҳоро дар мадди назар дошт ва аз онҳо ҳимоят ва пуштибонӣ мекард. Маҳз ба хотири ин аҳдофи миллӣ, озодиву истиқлол солиёни зиёд талош варзид, мубориза бурд ва билохира, барои комёб гардидан ба ваҳдату манофеъи миллӣ, озодиву истиқлоли Тоҷикистон ба зери Созишномаи истиқрои сулҳ ва оштии миллӣ имзо гузошт ва номи хешро чун марди сулҳофарин дар саҳафоти таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон сабт намуд. Барояш чун марди хирад ин байти Ҳаким Фирдавсӣ ҳамеша раҳнамо буд:  
Чу аз оштӣ сулҳ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.


Гуфтан мумкин аст, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на танҳо бо гуфтору рафтор ва кирдор як шахсияти варзидаи миллӣ буд, балки бо чеҳраи тоҷикона, бо сару либоси урфии тоҷикӣ низ дар ҳама ҷо аз халқу миллатамон намояндагӣ мекард ва бо зоҳиру ботини яксону якрӯ зиндагӣ ба сар бурд ва ба раҳмати худовандӣ пайваст. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод! Дар ин ҷо андешаи муаллифи мақолаи “Як саҳифаи таърих рақам хӯрд”-ро роҷеъ ба шахсияти маъруфи миллӣ будани Сайид Абдуллоҳи Нуриро овардан ҷоиз аст, ки ӯ дар ин маврид барҳақ чунин навиштааст: 

“Нурӣ агар чанд дар маҳофили хосса чеҳраи матраҳ буд, аммо барои тӯдаҳои мардум то оғози ҷанги дохилӣ ва муҳоҷират ба Афғонистон як шахсияти камтар шинохта буд. Ӯ замоне ба андешаи миллӣ бештар таваҷӯҳ кард, ки муҳоҷир шуд, кишварҳои зиёдеро дид, сарони кишварҳоро дид ва дид, ки барои ҳама миллатҳои боиззат ва бовиқор манфиати кишварӣ ва миллат аз ҳар чизи дигар азизтар аст, баъзан ҳатто аз ақида”. 

Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони “Растохез” имзои созишнома бо Нуриро дар мавриди таъсиси ИНОТ қабул накард ва зери итиҳод бо роҳбарии Нурӣ нарафт, аммо мегӯяд: “Ман дар аксар маврид бо ӯ ҳамфикр будам, як шахсияти ором, ботамкин буд ва ҳамеша мегуфт, ки ба ҳар қимате бояд мардум зудтар ба Тоҷикистон баргардад. Ва дар лаҳзаҳои бусёр ҳассос ва муҳим ҳамеша талош мекард, ки манофеъи миллиро аз ҳар манфиъати дигар болотар бигузорад. Ин нишонаи марди миллӣ будани ӯ буд”. 

Аммо Ҷумъабой Ниёзов, раиси собиқи ҲДТ аз ин рӯшантар сӯҳбат мекунад ва мегӯяд: “Устод Нурӣ ба хотири сулҳ манфиъатҳои миллиро ҳатто аз манфиатҳои мазҳабӣ болотар гузошт”. Ҳоло ин ҳама шояд зиёд муҳим набошад, муҳим бозгӯи матлаб аст, ки ҳар қишре дар чеҳраи Нурӣ чизе барои худ меҷӯст. Ин нишони марди миллист. Нурӣ шахсияте буд, ки нерӯҳои сиёсӣ ва афроди мухталиф сарфи назар аз ихтилофи ақидатӣ ба ӯ эҳтиром ва эътиқод доштанд. 

Албатта, на ҳама баробар, дар ҷомеъа мухолифон ва бадбиноне низ дорад, аммо умдатан, чун хайрхоҳ буд, ба ҳама ҳамватанонаш некӣ мехост. Ин нишонаи ба мартабаи як шахсияти миллӣ расида мебошад”. (Ниг. Миллат, №32, 12 августи соли 2006). Ба ин суханон танҳо як байтро чун ҳусни мақтаъ илова мебояд кард, ки ба шахсият ва корномаи пешвои динӣ, сиёсӣ ва риҷоли миллӣ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рост меояд: 

Ҳамин бошад тариқи зиндагонӣ,
Ки пас аз мурдани худ зинда монӣ. 


Қиёмиддин Сатторӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi