ОЗОДИИ «МЕҲМОН»-И МУҲАММАДРӮЗӢ
Султони Ҳамад
Маҳмадрӯзӣ: «Инҳо асир не, меҳмони мо ҳастанд»
Баъди нисфирӯзӣ ҳайати низомиву сиёсии мухолифин ба ноҳияи Тоҷикобод сафар карданд. Дар ин сафар моро аъзои Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон Юсуф Ҳаким, Изатуллоҳи Ибод, Саидаҳтам Саидшарипов, Азиз Рӯзиев ва ду нозири низомии намояндагии Ҳайати низомии СММ дар Ғарм Орлин ва Дмитрий, ки ҳарду шаҳрванди Булғористон буданд, ҳамроҳӣ намуданд.
Дар Тоҷикобод низ чунин як мулоқоте мушобеҳ ба мулоқоти Ғарм бо фармондеҳон ва размандагони фармондеҳи муҷоҳиддини ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммадрӯзи Искандаров гузаронида шуд. Дар тафовут аз сӯҳбати Ғарм дар мулоқоти Тоҷикобод намояндагони СММ ва Комиссияи муштарак низ ширкат карданд. Масъалаҳои матраҳшуда дар ин мулоқот низ монанд ба масъалаҳое буданд, ки дар сӯҳбати Ғарм атрофи онҳо баҳсу мунозира шуда буд.
Шаб дар сари дастархон аз аҳволи асирони ҳукуматӣ, ки дар ҳамин ноҳияи Тоҷикобод нигоҳ дошта мешуданд, пурсон шудем. Муҳаммадрӯзӣ гуфт:
- Онҳоро мо асир ҳисоб намекунем, онҳо меҳмони мо ҳастанд. Аҳволашон бад нест. Ҳама чиз барояшон мерасад. Хӯрду хӯрок, доруворӣ, либоси гарм доранд. Гап дар сари он аст, ки хабари ба дасти муҷоҳиддин уфтодани кормандони мақомоти интизомии минтақаи Қаротегин аз тариқи расонаҳо ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда буд. Аз қариб 110 нафар корманди боздоштшуда тақрибан 70 нафарашон аз мардуми тарафи шимоли Тоҷикистон буд: аз Хуҷанду Истаравшан, Ашту Конибодом ва дигар ҷойҳо. Ин хабар ба гӯши волидайн ва хешу ақрабои асирони суғдӣ низ мерасад ва онҳо як намояндаашонро ба назди ман фиристода иҷозат пурсиданд, ки барои одамони ба асорат гирифторшудаи худашон маводи хӯрока ва либоси гарм биёранд.
Ман розӣ шудам. Тақрибан 10 рӯз пеш як қатори мошинҳои суғдӣ пур аз маводи хӯрока, либоси гарм ва ҳатто дар як мошини алоҳида барои мо сӯзишворӣ, дар як автобус чанде аз волидайни ҳамин усаро аз тариқи вилояти Ӯш ва ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи мо омаданд. Мо онҳоро бо як чеҳраи кушод меҳмоннавозӣ кардем. Барояшон гов куштем, маърака додем. Хулоса онҳо аз мо хоҳиш карданд, ки фарзандон ва бародаронашонро, ки дар пеши мо буданд, ҷавоб диҳем. Мо як қисми онҳоро бо ҳамроҳии падару модар ва хешу ақрабояшон шарт гузошта ҷавоб додем.
Шарти мо ҳамин буд, ки падару модарон нагузоранд дигар онҳоро бар зидди мардуми мо ба ҷанг фиристанд. Розӣ шуданд. Як қисми маводи хӯрока ва пӯшокаи овардаи суғдиҳоро ба қадри зарурӣ ба низомиҳои ҳукумат, ки дар назди мо қарор доранд, тақсим кардем. Қисмати дигарашро ба муҷоҳиддони худамон додем. Фардо шумо онҳоро аз наздик хоҳед дид. Тақрибан 40 нафар мондаанд. Нияти мо ин аст, ки онҳоро бо бародарони муҷоҳид, ки дар зиндонҳои ҳукуматӣ ҳастанд, табодул кунем. Раҳбарияти ИНОТ дар чӣ андеша ҳаст?- гӯён Муҳаммадрӯзӣ аз Давлати Усмон суол кард.
Нусратуллоҳро бо худ гирифтем
-Роҳбарият низ дар ҳамин фикр ҳаст,- гуфт Давлати Усмон. Рӯйхати дар маҳбасҳои ҳукумат будаи муҷоҳиддонро омода кардан даркор. Мо ин пешниҳодро аллакай ба ҳукумат кардаем. Ҳукумат низ дар ҳамин фикр ҳаст, ки ин кор ҳарчи тезтар сурат бигирад. Имрӯз Сайдамир Зуҳуров, вазири амният ба Султон телефон карда хоҳиш намуд, ки як кормандашонро, ки касал ҳаст, ҷавоб диҳем. Султон ӯро мешиносад. Собиқ аз ҳамкоронаш ҳаст.
-Кӣ бошад, он одам?- пурсид аз ман Муҳаммадрӯзӣ.
-Нусратуллоҳ Сафаров, дар Кӯлоб давраи таҷрибаомӯзиро дар пеши ман гузашта буд.
- Мешиносам, бачаи бад нест. Дар ҳақиқат, камтар маззааш гурехтааст. Майлаш, фардо ҷавобаш медиҳем. Кӣ ӯро мебарад?
-Мо фардо бо ҳамроҳии корвони СММ ба Душанбе рафтанием. Ӯро бо худ мебарем,- гуфт Юсуф Ҳаким, муовини ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон аз ҷониби оппозится Юсуф Ҳаким.
Рӯзи дигар ба назди усаро рафтем. Ҳамаи онҳоро, ки дар бинои як варзишгоҳи зимистона нигоҳ дошта мешуданд, ба берун бароварда қатор карданд. Дар вақти аз назди қатор гузаштан банохост «салом устод, маро нашинохтед?» гуфтани касе маро аз роҳ рафтан нигоҳ дошт. Нусратуллоҳро бо вуҷуди он, ки риш монда буд, шинохтам. Оғӯшро боз карда «канӣ, пештар биё, ки дурусттар бинамат» гуфтам. Ӯ низ аз қатор баромаду якдигарро ба оғӯш гирифтем.
Муҳаммадрӯзӣ гуфт:
-Ҳамин аст шогирдат?
Гуфтам:
-Бале, ҳамин аст.
Гуфт:
-Хайр. Ина ҷавобаш додем. Ҳамин ҳозир метавонед ӯро ҳамроҳи худ бубаред.
Гуфтам:
Олиҷаноб,бисёр хуб. Ташаккури зиёд, бародари азиз Муҳаммадрӯзӣ. Биё, бо мо меравем, Нусратуллоҳ. Сайдамир Зуҳуров дина телефон карда хоҳиш кард, ки туро ҷавоб диҳем. Ина ҷавобат доданд. Ана ин бародар Юсуф Ҳаким, фардо туро ба Душанбе мебарад.
Дидам, ки Нусратуллоҳ намедонад аз хурсандӣ чӣ бигӯяд, чӣ кор кунад. Билохира боз як бори дигар маро ба оғӯш гирифт. Ин дафъа сахттар ба оғӯш мекашиду мегуфт: «раҳмат устод, раҳмат устод». Эҳсос кардам, ки ҷисмаш меларзад. Ӯ ба назарам беовоз мегирист. Чун маро сар дод аввалин кореро, ки кард, ин буд, ки ашки чашмонашро бо кафи дастонаш пок намуд.
Зиёрати қабристони шуҳадои Нимич
Давлат Усмон ба боқимонда усаро муроҷиат карда гуфт, ки иншоаллоҳ, дар рӯзҳои наздик шумо ҳам ба хонаҳои худ ба назди зану фарзанд, падару модар ва хешу ақрабо хоҳед рафт.
Аз Тоҷикобод ба Ҳоит равон шудем. Нусратуллоҳро низ бо худ гирифтем. Чун ришаш расида буд, касе ӯро одами ҳукумат, ки навакак аз асорати размандагони мухолифин раҳо шуда бошад, намеҳисобид. Дар Ҳоит моро фармондеҳони нирӯҳои мусаллаҳи мухолифини ин минтақа шайхи Аҳмадбек ва Шоҳ Искандаров пешвоз гирифтанд.
Дар масҷиди калони деҳа мулоқоте бо муҷоҳиддини ин мавзеъ доштем. Боз сухан дар бораи истиқрори сулҳу субот ва эҳёи фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ дар маҳалҳо рафт. Боз саволҳои зиёде мушобеҳ ба саволҳои дар Ғарму Тоҷикобод додаи размандагон матраҳ шуданд. Албатта посухҳо дар ин ҷо қавитару мантиқитар буданд. Зеро аъзои ҳайат аввалан омодаи шунидани чунин саволҳо буданд, дуввум барои ба онҳо посух гуфтан қаблан тайёриҳо низ дида буданд.
Баъди анҷоми сӯҳбат дар Ҳоит мо нияти ба қароргоҳи худ ба Ғарм бозгаштанро кардем. Дар роҳ як сари қадам шуҳадои қабристони деҳаи Нимичро зиёрат кардем. Бояд гуфт, ки зимистони соли 1993 бар асари як бомбаборони тайёраҳои Русия ё Ӯзбекистон 23 нафар сокини осоиштаи ҳамин деҳа, ки дар байнашон Яҳё ном бародари Давлати Усмон будааст, ба шаҳодат мерасанд. Бо хондани оёте чанде аз Қуръони азимушшаън хотири арвоҳи гузаштагонро шод кардем.
Раҳоӣ дар рӯзӣ иди касбӣ тасодуфӣ набуд
Дар масҷиди деҳаи Нимич низ моро мардуми зиёде интизор буданд. Дар байнашон аз шиносҳои қадимиям шоири ширинкалом Диловари Мирзо ва журналисти варзида Давлатбеки Қандилро дидам. Онҳо ҳарду акнун барои пеш бурдани рӯзгори хонаводаи хеш дар деҳа асосан бо корҳои кишоварзӣ машғул будаанд.
Бо вуҷуди дур шудан аз сиёсати амалӣ онҳо аз фарорасии айёми қатъи ҷангу даргириҳо ибрози хушнудӣ мекарданд. Нахустин саволеро, ки назди мо онҳо матраҳ намуданд, ин буд, ки «оё мулоқоти Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки тибқи эълонҳои пешакӣ бояд имрӯз, яъне 19-уми декабри соли 1996, дар Маскав дар он масъалаи Созишномаҳои сулҳро медиданд, баргузор гардид ё на?».
Дар ҳақиқат, имрӯз ин мулоқоти таърихӣ дар Маскав бояд баргузор мегардид. Ҷониби ҳукукмати Тоҷикистон аллакай омодаи гуфтушунид дар Маскав қарор дошт. Вале раҳбарияти мухолифин бо сабабҳои техникӣ ҳанӯз ба Маскав наомада буданд. Тибқи хабарҳое, ки мо дар даст доштем, онҳо ҳатман имрӯз ва ё фардо ба Маскав ташриф меоварданд ва ин дидорбинии ду лидери ҷонибҳои сулҳкунанда ҳатман сурат мегирифт. Шаб ба Ғарм баргаштем.
Субҳи рӯзи дигар, ки рӯзи ҷумъа буд, вақти хӯроки субҳона Саидаҳтам Сайидшарифов, узви ҳайат аз ҷониби ҳукумат табассумкунон аз ман пурсид:
-Медонед акаи Султон, имрӯз чӣ рӯз аст?
-Бале, сайиди айём, рӯзи ҷумъа ҳаст.
-Дуруст, имрӯз намози ҷумъа ҳаст, вале имрӯз, 20-уми декабр, боз иди касбии чекистҳо низ ҳаст. Аллакай фаромӯш кардед, акаи Султон?- шӯхӣ кард Сайидаҳтам.
-Не, чаро фаромӯш накардам. Озодии бародарамон Нусратуллоҳ оё тасодуфӣ буд? Имрӯз ӯ ба оғӯши гарми оилааш мепайвандад. Як оила хушбахт мешавад. Падар ба назди фарзанд, шавҳар ба назди зан бармегардад. Як идора кормандашро бозпас мегирад. Ба ҳамин рӯз рост омадани ин рӯйдоди нишотовар, ба фикри ман, ин тӯҳфаи Худованди бузург барои он бародар ва ҳамаи мову шумо дар ин рӯз аст ва ҳикмате дар худ ниҳон дорад,- гӯён ҳозирҷавобӣ намудам ман.
(Идома дорад)