11:14:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

БАҲРОМ АЪЗОИ КОМИССИЯИ ОТАШБАСРО ГАРАВГОН МЕГИРАД

Султони Ҳамад

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 23

Воқеан Нусратуллоҳро мо бо ҳамроҳии кормандони СММ ва аъзои Комиссияи назорат ба Созишномаи Оташбас аз ҳарду ҷониб дар як корвони иборат аз панҷ мошини Созмони Милал худи ҳамин субҳи 20-уми декабр ба Душанбе фиристодем.

Дасти дуои мардум барои сулҳ аст

/images/stories/2012/04/06_sulh_6412_1.jpgАввалин намози ҷумъаро баъди бозгашт ба Ватан дар масҷиди ҷомеъи шаҳраки Ғарм бо имоматии марҳум домулло Барот хондем. Домулло Барот дар мавъизаи худ аз қатъи ҷангу даргириҳо дар минтақа изҳори хушӣ карда аъзои ҳайати сиёсиву низомиро ба минтақаи Ғарм хайра мақдам гуфт. Сипас риштаи суханро ба Давлати Усмон дод.

Раҳбари ҳайат дар суханронии мухтасари худ дар бораи вазъи ҷаҳону минтақа ва раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон ибрози назар карда умедворӣ намуд, ки Худо хоҳад рӯзҳои душвор барои мардуми азиятдидаи тоҷик, минтақаи Қаротегин рӯ ба поёнӣ овардаанд.

Созишномаи Хустдеҳ ва гуфтушуниде, ки имрӯзу фардо дар Маскав байни роҳбарони ду ҷиноҳи ба ҳам даргири Тоҷикистон сурат мегирад, Худо хоҳад оғози поёни тамоми азобу уқубатҳои халқи тоҷик хоҳад буд. Дида мешуд, ки мардуми намозхонро ин суханони яке аз роҳбарони хеле умдаи мухолифин, ки баъди чор соли ҷангҳои дохилӣ дар байни онҳо дар дохили кишвар сухан аз барқарории сулҳу осоиштагӣ мезад, рӯҳбаланду болидатабъ намуд.

Баъди адои намози ҷумъа тамоми намозхонҳо пеши Худованд даст ба дуо бардоштанд, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҳарчи тезтар сулҳу оромиш барқарор гардад ва мардум боз ба ҳаёти бунёдкоронаву созандаи хеш баргарданд.

Асале, ки мазааш аз даҳон намеравад

Сипас аъзои ҳайат боз роҳи ноҳияи Тоҷикободро пеш гирифт. Мақсади асосии ин сафар аз зиёрати олими маъруфи ҷумҳурӣ домулло Ҳикматуллоҳ иборат буд. Дар деҳи Ғилмон дар назди хонаи домулло моро бародари калонии он кас мулло Неъматуллоҳ пешвоз гирифт. Домулло Ҳикматуллоҳ аз раванди музокироти сулҳ изҳори хурсандӣ намуда, умедворӣ карданд, ки бо хости Худои бузург дар ояндаи наздик дар кишвар сулҳу субот барқарор шуда мардум ба рӯзгори осоиштаи хеш хоҳанд баргашт.

/images/stories/2012/04/06_sulh_6412_2.jpgСипас дар як табақи хеле бузурги чӯбине як ҷо бо домуллои мӯҳтарам қурутоби бо маҳорати баланд омода намударо нӯши ҷон кардем. Хӯрдани асали бо заҳмати ин олими хирадманд ҳосилшуда (занбӯри асалпарварӣ шуғли дӯстдоштаи домулло будааст), албатта боз лаззату таровати дигаре дошт, ки то ба имрӯз ширинии онро фаромӯш накардаам.

Домулло ҳини ёд кардан аз устоди бузургворашон Қорӣ Муҳаммадҷони андиҷонӣ, ки бо тахаллуси Мавлавии Ҳиндустонӣ низ машҳур ҳастанд, ба мо катеро нишон доданд, ки дар замони шӯравӣ, ҳангоме, ки дар хонаи эшон таҳсили илм мекарданд, медидаанд, ки Мавлавӣ дар он истироҳат менамуданд. Баъдан онро Мавлавӣ ба домулло Ҳикматуллоҳ ҳадя карданд. Чун дар ҳини сӯҳбат фаҳмидем, ки домулло Ҳикматуллоҳ ҳамчун устодашон шеър ҳам менавиштаанд, аз он кас хоҳиш кардем, ки намунаи ашъори худашонро барои мо бихонанд. Он кас лутфан порчаеро аз манзумаи «Дар мазаммати равияи ваҳҳобия» қироат карданд. Ба гуфтаи домулло манзумаи мазкур тақрибан аз дусад байт иборат аст.

Аз деҳи Ғилмон каме болотар ба деҳае рафтем, ки Одилобод ном дошт ва дар он  домулло Асомуддин ном донишмандеро зиёрат кардем.

Ҳалокати ду наврас бар асари таркиши минаҳо

Бегоҳӣ ба Ғарм баргаштем. Дар ин ҷо моро ду хабари нохуш интизор буд. Якум хабари ба ҳалокат расидани ду писарбачаи наврас, ки яке 11 сола буду дигаре 16-сола. Онҳо бар асари инфиҷори яке аз минаҳое, ки дар атрофи бинои Кумитаи Амнияти Миллии шаҳраки Ғарм хобонда шуда буданд, ҷон доданд. Ёдовар мешавем, ки баъди ҳамлаи ғофилгиронаи размандагони мухолифин фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ дар шаҳраки Ғарм, азҷумла фаъолияти мақомоти амниятӣ, фалаҷ шуда буд.

/images/stories/2012/04/06_tarkishi-min_6412.jpgКасе аз кормандони ин ниҳод кор намекард. Баъзеҳо ба асорати размандагони мухолиф афтода бошанд, бархи дигар минтақаро тарк карда буданд. Бинои КАМ ва атрофи он билкул бесоҳиб монда буд. Болотари бинои КАМ, дар домани кӯҳ, аз он ҷое, ки идораи КАМ-шаҳраки Ғарм хеле хуб намудор мешуд ва ҳамеша хатари ҳадафи тир қарор гирифтан аз он ҷо таҳдид мекард, кормандони амният ба хотири рафъи ин хатар ҳамон мавзеъро майнкорӣ карда буданд.

Ба замми симхор гирифта шудани атрофи ин маҳал то даргирии якуми декабр рӯзона дар он ҷо ҳамеша аз ҳисоби кормандони амният нафаре истода мардуми мулкиро намегузоштааст, ки аз он мавзеъ гузар кунанд.

Вале баъди ҳамлаи размандагони мхолифин мутаассифона, дар он ҷо низ дигар касе навбатдорӣ намекард. Хулоса, ин ду навраси ноком, ки ҳезумчинӣ рафта будаанд, бехабар аз минаҳо вориди ин мавзеъ мешаванд. Нахуст пои навраси 11-сола ба мина бармехӯрад. Ин ҳолатро дида ҳамраҳаш ба кӯмаки ӯ мешитобад. Вале ба пеши дӯсташ норасида минаи дигаре дар зери пои ӯ низ метаркад. То мардум аз ин фоҷиа хабардор шуда ба кӯмаки онҳо шитофтанд, ки аллакай дер шуда буд. Бар асари хунравии зиёд ва ҷароҳатҳои вазнин ҳарду наврас ҷони ширини худро аз даст доданд.

Гаравгонгирии Баҳром Садиров

Хабари дуввуми нохуш хабари ба дасти гурӯҳи Баҳроми бародари Ризвон гаравгон афтодани аъзои Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон, кормандони СММ ва боз чанд нафар шаҳрвандони мулкӣ буд. Корвони иборат аз панҷ мошини СММ-ро, ки мо субҳ аз Ғарм ба самти Душанбе гусел карда будем, гурӯҳи сар то по мусаллаҳи Баҳром дар минтақаи Саройи ноҳияи Файзобод аз ҳаракат манъ карда эълон менамояд, ки ҳамаи 25 нафар мусофирро, ба шумули кормандони СММ ба гаравгон гирифтааст.

Ба ивази раҳоии гаравгонҳо ӯ талаб дорад, ки ҳукуматдорон иҷозат диҳанд, ки Ризвон бо ҳамроҳии гурӯҳи мусаллаҳаш бе мамониат ба онҳо бипайванданд. Ин як. Дуввум  бародараш Сафаралӣ ё худ Валиро ва чанд нафари дигар собиқ аз ҳамяроқонашонро, ки дар асорати нирӯҳои мусаллаҳи фармондеҳи мухолифин Мирзо Зиё, дар Тавилдара ҳастанд, озод карда ба онҳо супоранд.

Сипас гаравгонгирҳо гаравгонҳоро ба минтақаи Гули Сурх, ба ҳамон теппае, ки дар он ҷо дастгоҳҳои пахши мавҷҳои телевизионӣ ба водии Қаротегин гузошта шуда буданд ва аз лиҳози ҳарбӣ –стратегӣ мавқеи муҳимро ишғол мекард, бурданд.

Гаравгонгирҳо бо истифода аз дастгоҳҳои мухобиротии нозирони низомии СММ бо бархе аз хабаргузориҳои хориҷӣ дар тамос шуда ба тамоми ҷаҳон эълон карданд, онҳо кормандони СММ ва аъзои Комиссияи Оташбасро ба гарав гирифтанд ва шарти озодшавии гаравгонҳоро ба ҳамон навъе, ки дар боло гуфтем, низ эълон доштанд. 

Афғонистон ба ёд омаду аъмоли Ризвон

Рости гап, ин хабарҳо ҳайати сиёсиву низомиро хеле ғамгину мутаассир сохтанд. Аз чи бошад, ки боз ба ёдамон Афғонистон зад. Дар он ҷо низ қариб ҳар рӯз нафаре ба мина бархӯрда ё ҷони худро аз даст медиҳад, ё маълул мегардад. Дар рӯзҳои аввали муҳоҷират ҳамватанони мо низ ба ҳодисаҳои бархӯрд бо минаҳо ва тиру тӯпҳои аз даврони шӯравӣ монда бисёр гирифтор мешуданд.

Чандин нафарҳо тасодуфан, бар асари муносибсти нодуруст бо силоҳу муҳимот ҷони худро аз даст доданд, нафарҳои зиёде захмиву маъюб гаштанд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ мардуми муҳоҷир аз хатари заминҳои майнкоришуда ва тиру тӯпи бесоҳиб огаҳ гардиданд ва теъдоди талафот бар асари инфиҷори минаҳ дар ин авохир низ то андозае хеле кам шуд.

Гаравгонгирии Баҳром низ мурғи хаёли моро ба Афғонистон бурд. Бародари ӯ Ризвон баъди дар ноябри соли 1993 ба Афғонистон омаданаш талош мекард, ки дар чашми мардум ва раҳбарияти наҳзат худро муҷоҳиди ҳақиқӣ, фидоии роҳи ислом нишон диҳад. Ӯ дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бархе аз қумандонҳои мухолифинро наҳ мезад, ки охирҳои соли 1992 ҷанг накарда ба Афғонистон фирор карданд.

Ӯ бошад гӯё як соли дигар дар дохил муқовимат кард. Ва аммо ахбороти расида аз дохили кишвар дар бораи фаъолияти то ба Афғонистон омадани Ризвон зидду нақиз буданд. Баъзеҳо ӯро муборизи ҳақиқӣ, бархе душмани мардуми мусалмон арзёбӣ мекарданд. Раҳбарияти сатҳи боло аввалҳо моил буд, ки ӯро ҳамчун як фармондеҳи ҷасуру далер ва ҷонфидои роҳи ислом бишносад.

Вале баъди он ки ба таври мармуз якчанд фармондеҳ ва шахсияти шинохтаи НИТ нопадид шуданд ва баъдтар ҷасадҳои онҳоро дар мавзеъҳое пайдо карданд, ки ҷои буду боши Ризвон ва ҳамраҳони ӯ маҳсуб мешуд ва аксарият дар марги онҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Ризвон дароз мекарданд, раҳбарияти мухолифин низ ба ӯ бо назари шубҳа нигоҳ мекардагӣ шуд.

Махсусан баъди он ки Ризвон дар қароргоҳи Хустдеҳ, дар ҳузури устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар роҳбарони мухолифин Зокир ном фармондеҳеро ба шаҳодат расонд, дигар раҳбарият ҳам мутмаин шуданд, ки Ризвон на он шахсест, ки ӯро метавон ба манфиати НИТ истифода кард. Вале он замон ин чизро ба худи Ризвон рӯи рост гуфтан ва ё бо ӯ ошкоро муқобилият кардан маънои як ҷанги томи дигар дар худи Афғонистон байни худ ба роҳ монданро дошт.

Ризвон аз лиҳози нирӯ ва силоҳу муҳимот хеле пурқувват шуда буд. Ӯ аз Толуқон дигар як қадам ба тарафи марзи Афғонистону Тоҷикистон рафтан намехост. Дар Толуқон ва Қундуз ӯ ва ҳамраҳонаш бештар ба «облава», яъне зӯран ба сафи нирӯҳои мусаллаҳаш гирифтани бачаҳои наврас машғул буд. Ӯ талош мекард, ки бо роҳҳои мухталиф бештар бачаҳои 15-16 солаи масъулини ҲНИТ-ро ба сафи размандагони худ ҷалб намояд ва аз онҳо баъдан ба мақсадҳои низомиву сиёсиаш истифода кунад.

Шодравон устод Нурӣ ӯро бо баҳонаи аз наздик роҳбарӣ кардан ба эъзоми нирӯҳо ба Тоҷикистон аз Толуқон ба Баҳорак кашид. Дар Баҳорак чун Ризвон дарк намуд, ки раҳбарияти ҲНИТ дигар ба ӯ эътимод надорад, ба душмании ошкоро пардохт. Дигар қиссаи бо кӯшиши Аҳмадшоҳи Масъуд ба Кобул бурда шудани Ризвон ва ҳамраҳонаш, ба ҳукумати Тоҷикистон пайвастани ӯ ва боз ба Афғонистон баргаштанашро шумо, хонандаи азиз, аз бобҳои гузаштаи ин силсиламақола хуб медонед.

(Идома дорад)

ОЗОДИИ «МЕҲМОН»-И МУҲАММАДРӮЗӢ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi