ПРОТОКОЛЕ, КИ МУСАЛЛАҲОНИ ТАРАФАЙНРО БА ҲАМ ОВАРД
Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 43
Султони Ҳамад
Музокироти ҳайатҳои гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон доир ба масоили низомӣ дар Маскав аз 26-и феврал то 8-и март идома ёфт. Дар поёни ин гуфтушунидҳо ду ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ҳуҷҷати якум «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» ва санади дуввум «Изҳороти муштараки роҳбарони ҳайатҳо». Дар «Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ» асосан роҳҳои реинтегратсия ё худ ҳамоиш, халъи силоҳ ва барҳам додани нирӯҳои мусаллаҳи ИНОТ, ҳамчунин ислоҳи сохторҳои низомиву қудратии ҶТ нишон дода шудааст.
Ҳайати шахсии АНИТ бояд пурра номнавис шавад
Тибқи ин ҳуҷҷат реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳам додани нирӯҳои мусаллаҳи ИНОТ марҳила ба марҳила сурат мегирад. Дар марҳилаи аввал ИНОТ нирӯҳои мусаллаҳи худро дар ноҳияҳои Ванҷ, Ғарм, Ҷиргатол, Комсомолобод, Кофарниҳон, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод, шаҳри Хоруғ ва деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин дар қароргоҳҳо ҷамъ менамояд.
Ҳайати шахсии ин ҷузъу томҳо аз сӯи аъзои зеркомиссияи низомии КОМ номнавис ва ба қайд гирифта шуда, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Дар ҷойҳои ҷамъшавӣ аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва муҳимот ба ҳисоб гирифта шуда, дар ҷойҳои алоҳидаи дилпур муҳофизат ва нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамаи ин корҳо бояд дар давоми ду моҳ аз рӯзи оғози фаъолияти КОМ амалӣ гарданд.
Дар ҳамин марҳила дастаҳои мусаллаҳи дар хоки Афғонистон будаи ИНОТ тавассути гузаргоҳҳои Ишкошим ва Панҷи поён бояд ба ҷойҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистон интиқол дода шаванд. Урдугоҳҳо ва марказҳои тайёрии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки берун аз хоки ҶТ ҷойгиранд, ҳамзамон бо интиқоли дастаҳои мусаллаҳи зикршуда ба ҷойҳои ҷамъшавӣ пароканда ва баста мешаванд.
Дар марҳилаи дуюм дар зарфи на дертар аз як моҳи баъди ба анҷом расидани таҷаммӯъи нирӯҳои мусаллаҳи ИНОТ дар ҷойҳои зикршда аз ҳисоби онҳо бояд ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи доимии ҶТ таъсис дода шаванд. Размандагони мухолифин савганди ҳарбӣ ёд мекунанд, либоси низомӣ мепӯшанд ва дар қисмҳои низомии дахлдори сохторҳои қудратии ҶТ дар шакли ҷузъу томҳои алоҳида сабт мешаванд.
Дар поёни ин марҳила роҳбарияти ИНОТ аз барҳам хӯрдани нирӯҳои мусаллаҳи хеш эъломия пахш мекунад.
Аттестатсияи кормандони мақомоти қудратӣ
Дар марҳилаи сеюм Комиссияи муштараки аттестатсионӣ ҳайати шахсии қисмҳои ба нирӯҳои низомии ҳукумат шомилшудаи ИНОТ-ро имтиҳон мегирад. Масъалаҳои мувофиқати онҳоро барои идомаи минбаъдаи хизмати низомӣ муайян мекунад ва ба вазифаҳои фармондеҳӣ тавсия менамояд.
Шахсоне, ки аз ин ба баъд хизмат карданӣ нестанд, ё аз нигоҳи вазъи саломатӣ барои идомаи хизмат ношояманд, ё то моҳи майи соли 1992 ҳукми судӣ доранд, лоиқи хизмат дониста намешаванд. Онҳо аз хизмат ҷавоб дода шуда ба кори мулкӣ бармегарданд. Чорабиниҳои марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюми шомилшавии нирӯҳои низомии мухолифин ба сохторҳои қудратии Ҳукумати ҶТ дар зарфи 6 моҳи аввали фаъолияти КОМ бояд анҷом пазирад.
Дар марҳилаи чорум ҳамоиши пурраи ҷузъу томҳои собиқи ИНОТ бо сохторҳои қудратии ҳукуматӣ ба амал меояд. Ин раванд бояд то анҷоми давраи гузариш - 1 июли соли 1998 ба охир расонда шавад. Қисми низомии алоҳидаи мухолифин, ки теъдоди ҳайати шахсии онро Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ дар ояндаи наздик муайян мекунанд, дар шаҳри Душанбе як ҳафта қабл аз оғози кори КОМ ҷойгир карда мешавад.
Кормандони собиқи сохторҳои қудратӣ, ки аз сабаби муқовимати шаҳрвандӣ маҷбуран ҷои кори худро тарк карда буданд ва хоҳиши идомаи хизматро доранд, бо тавсияи Комиссияи аттестатсионии муштарак дар ҷойҳои пештараи кори худ ё вазифаҳои бо он баробар барқарор карда мешаванд. Дар сафи мухолифин кам набуданд ашхосе, ки пеш аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар дар мақомоти амниятӣ, умури дохила, суд ва прокуратураи ҷумҳурӣ кор мекарданд.
Бар асари ин беназмиҳову бесуботиҳо онҳо макони зисту ҷои кори худро иҷборан тарк карда бархе ба кишварҳои ИДМ ва теъдоде ба ДИА паноҳанда шуда буданд. Як теъдоди ин мардум муддати панҷ сол буд, ки дар муҳоҷират зиндагонӣ мекарданд. Акнун тибқи ин банди Протоколи низомӣ онҳо ҳақ доштанд, ки бо сари баланд ба Ватан баргашта дар ҷойҳои кори қаблии худ дар ҳамон вазифаҳое, ки қаблан иҷро мекарданд, барқарор шаванд ва ба кори пештари худ идома бидиҳанд.
Дар мақомоти қудратӣ ислоҳот сурат мегирад
Ин ҳуҷҷати муҳим инчунин мавзӯи ислоҳот дар сохторҳои қудратии ҳукуматро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тибқи ин ҳуҷҷат ислоҳот бо роҳи аттестатсияи ҳайати шахсӣ ва ҳайати фармондеҳӣ бояд амалӣ гардад. Ин корро Комиссияи марказии муштараки аттестатсионӣ бояд дар муддати шаш моҳ аз рӯзи оғози фаъолияти КОМ анҷом диҳад.
Қарори ин комиссия дар асоси се меъёр: вазъи саломатӣ, доштани ҳукми судӣ то моҳи маи соли 1992 ва қобилияту малакаи касбӣ доштан ва ё надоштан қабул карда мешавад.
Дар масъалаи ҷузъу томҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимият дар давраи муқовимати шаҳрвандӣ таъсис шуда буданд (дар шакли қувваҳои худмуҳофиз, гурӯҳҳои муҳофиз, дастаҳои беназорат ва ғ.) тасмим гирифта шуд, ки дар зарфи шаш моҳи аввали фаъолияти КОМ барҳам дода шаванд ва аз ташкили гурӯҳҳои нав пешгирӣ карда шавад.
Агар шахсоне азҷумлаи аъзои ин гурӯҳҳо хизматро давом додан мехоҳанд, тибқи тартиби дар Протокол муқарраршуда ба сохторҳои қудратии марбутаи давлат шомил карда мешаванд. Аъзои дастаҳои мазкур, ки хизматро даво додан намехоҳанд, то моҳи майи соли 1992 ҳукми судӣ доранд ё ба сабаби вазъи саломатӣ ба хизмат мувофиқ нестанд, халъи силоҳ гардида, ба сохторҳои мулкӣ мепайванданд.
Протоколи масоили низомӣ як чизи муҳими дигар низ дошт. Дар он пешбинӣ шуда буд, ки ҷонибҳо нуктаҳои Созишномаи Теҳронро қатъиян риоя мекунанд ва ҳамагуна кӯшишҳои ноором сохтани вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгирӣ менамоянд. Дар ҳамаи марҳилаҳои реинтегратсияи нирӯҳои мусаллаҳи ИНОТ ба сохторҳои қудратии кишвар ҳам қувваҳои мусаллаҳи ИНОТ ва ҳам низомиёни ҳукумат бояд дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар кишвар чорабиниҳои муштарак пиёда кунанд.
Бояд гуфт, ки ҳамон амалиёти зиддитеррористии муштараке, ки нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин таҳти роҳбарии узви ҳайати баландпояи сиёсиву низомии оппозитсия Маҳмадалӣ Ҳаит ва қувваҳои низомии ҳукуматӣ зери фармондеҳии фармондеҳи Горди Президентӣ Ғаффор Мирзоев дар охирҳои моҳи марти соли 1997 дар минтақаи Оби Гарму Файзобод ва Норак алайҳи гурӯҳи бародарон Садировҳо амалӣ гардид ва мо дар борааш дар шумораи гузаштаи ҳафтанома маълумоти муфассал дода будем, тибқи талаботи ҳамин банди Протоколи масоили низомӣ буд.
Воқеан татбиқи нуктаҳои ин Протокол як навъ пеш аз мӯҳлат оғоз гардид. Тибқи ин санад нуктаҳои Протокол танҳо баъди ба фаъолияти хеш шурӯъ кардани Комиссияи оштии миллӣ бояд ба ҳаёт татбиқ мешуданд. Зеро ба татбиқи он бояд аъзои зергурӯҳи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ машғул мешуд. Вале вазъиятьи сиёсиву низомии ҷумҳурӣ ба гунае буд, ки раҳбарияти ҳарду ҷониби сулҳкунанда лозим донистанд, ки амалиёти зиддитеррористии мазкур муштаракан оҷилан роҳандозӣ шавад.
Протоколи низомӣ камбудиҳои худро дошт
Дар бораи Протоколи масоили низомӣ дар ҳамон даврае, ки ба имзо расида буд ва баъдан дар даврони татбиқи он аз сӯи сиёсатмадорону таҳлилгарони ҳарду ҷониб фикру андешаҳои зидду нақизе гуфта мешуданд. Ба ақидаи бархе аз коршиносони ҷониби мухолифин, ки дар қабули ин Протокол ширкат надоштанд, ин ҳуҷҷат кабудиҳои зиёде ба ҳамроҳ дошт.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ҳаит «як камбудии асосии он надоштани механизми татбиқи нуктаҳои ин Протокол, муайян набудани мӯҳлати эътибори он ва маълум набудани замони мунҳал шудани қисмҳои низомии таъсисёфтаи мухолифин буд. Дар ин Протокол масъалаи тақдири ояндаи маъюбони ҷанг аз ҷониби мухолифин низ ҳалли худро наёфта буд.
Барои мисол мувофиқи қарори ҳукумат таҳти рақами 542 аз моҳи майи соли 1995 ба аъзои Фронти халқие, ки ғайриқонунӣ таъсис ёфта буд ва хилофи Эъломияи истиқлолияти ҷумҳурӣ фаъолият мекард, ба онҳо имтиёзҳо дода шуданд. Вале ба он маъюбоне, ки аз тарафи мухолифин буданд, то ба имрӯз тақдирашон ҳавола ба Худост. Ягон кӯмаке аз тарафи ҳукумат намегиранд.
Ва имрӯз дар баъзе аз идораҳои ҳукумат нисбат ба онҳое, ки ба хотири бозгашти сарбаландона, ба хотири поймол нагаштани шаъну шарафу обрӯву ҳайсияти худ, ҷангидаанд, ба онҳо ҳамчун душман назар мекунанд…Мо фикр намекардем, ки тарафи ҳукумат як чунин корҳои нолозимро нисбати мухолифин раво мебинад»-, меафзояд Маҳмадалӣ Ҳаит ва идома медиҳад:
«Раҳбарияти ИНОТ, ба хусус устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ танҳо ба хотири расидан ба сулҳу оштӣ гузаштҳои беандоза зиёд карданд. Ва ҳадафи асосии устод Нурӣ ҳам ин расидан ба сулҳу оштии миллӣ буд. Ва интизор мерафт, ки аз ҷониби ҳукумат низ як чунин иқдом сурат мегирад. Ҳатто пас аз анҷоми фаъолияти КОМ… имрӯз танҳо як тараф қадр мешавад…» (Султони Ҳамад «Дар сӯҳбати соҳибдилон», Душанбе «Диваштич» соли 2007, саҳ. 122-123).
Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 42
ҚИССАИ МУҶОҲИДИ РУСТАБОР ИСЛОМИДДИН