05:59:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

ВАҚТЕ МУРҒОНИ ҲАВО МЕГИРЯНД...

Назди равзанаи хонаи хоби Султони Ҳамад, он некроймарде, ки пайи чеҳраофариҳои мардони асил мегашт, ду тан мусичаеро дидам, ки минқор ба шишаи тиреза кубида, бо нағмаи ҳузнангезе навҳа доштанд.

sultoni-hamad-8987454445455

Навҳа ба хотири дармандии Султони Ҳамад. Ҳамон Султони баруманду паҳлавонҷусса, ки дар чанголи маризи чун симоб гудохта шудаву печутоб хӯрда ҷуссаи танумандашро обу адо карда. Нолаи ду мурғаки аз дасти Султон донахӯрда, бо забони мурғонаи худ ба дарҳои Худованд ниёиш мебурданд, то барои чунин инсони нектинату беозору ҳалиму хушгуфтор, шифои оҷилу комил ато бифармояд.

Ва чун ба бистари дармандиву андоми дар оташи дард гудохта шудаи Султон менигаристанд, оҳи дили ду мурғаки ноубол ба мунгаи минқорашон мепайваст. Онҳо пасу пеш бо як ҳоли риқатовар қадам зада бо чашмони маъюсонаву ашкфишонашон ба бистари беморӣ менигаристанд. Ба соатҳову рӯзҳост моҳҳост, ки ду мурғаки навозиш дида, аз дасти Султон ҳамдаму ҳамрозу ғамгустару дардосои ӯ гаштаанд. Онҳо назди тирезаи хонааш бемордорӣ мекунанд.

Ҳоли ӯро мебинанду ба худ мепечанду ҳамсон бо ӯ месӯзанд... Онҳо раванди ёру дӯстону ақрабои ба аёдати Султон омадаро дида ба забони безабонии худ ҳушдор медиҳанд, ки "Ай, одамон! Ба қадри ҳамдигар бирасед. Дар дил кинаву кудурат бо дигареро наварзед! Боре, ба ин сахимарди нектинату покизахисол назар афканед? Қимату қадри инсониятонро донед!

Чандест, ӯро дар бистари беморӣ мебинем,диламон, вуҷудамон саропо дар оташи ҳасрат гудохта мегардад, ки дӯстамонро гирифтори дарди ҷонгудозе гардонида, ва ҳамин беқарории мо, ки шумо наздикону пайвандони ояндаву равандагони Султони дарманд, мебинед аз рӯи ихлосу садоқатест бо ӯ!!! Ба ин шарифмарде, ки дили оинасону муҳаббати бекароне дошт!" 

Дилам аз чунин як манзараи ғайриоддӣ аз ғуссаву дард лаболаб гардид. Ашк сари мижгоам боргашту беихтиёр бо садои гиряолуд гуфтам"Паҳлаоно, қударти бозуятро чӣ шуд? Куҷо шуд он ҷисми таҳамтанияту он симои банурат?!" Оҳи дилам дуд кард. Нафасам дар гулӯ печиду бо дили моломолу аз дард, ашкфишон аз назди бистари беморияш ба берун рафтам... Берун табиат низ ашкфишон буд. Мисле, ки бо ман ҳамнавову ҳамдамӣ мекард....

Дӯстону азизони дил ва ёру бародарони СУЛТОНИ ҲАМАД, як каф дуоро барои шифои чунин родмард арзони доред.

Бо ихлосу садоқат бо якояки Шумо Мухтори Боқизода!



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi