18:52:13 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

«ХОТИРАИ ДӮСТ ВА ТАРАННУМГАРИ АҲМАД ЗОҲИР»

s.hamad-m.qanoat-2019

«Он чӣ мақсуди одамизод аст,

Номи нек асту дигар бод аст!»

Султони Ҳамад, чеҳраи мондагори фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва рӯзноманигори маъруфи миллат аст. Ҳамагӣ ду рӯз пеш бо ин шахсияти басо бузурги миллӣ ва ифтихори мардуми тоҷик дар мақомоти амниятии СССР-ин ватани азизу бузургамон дар тамос будам. Чун хело дер аз беморияш дарак ёфтам бо ӯ дар тамос шудам.

Сухан кардам ва ӯро дилбардорӣ кардам. Аз хизматҳои ин шахсияти бузурги миллӣ барои ватани азизамон ва мавқеъ ва қудрати сухани ӯ дар ҳавзаи порситаборон андар шинохти Аҳмадзохиршиносӣ ва навиштаҳои шакарини ӯ ёд карда, ӯро чун як чеҳраи мондагори таърихи навини тоҷикон ба қалам додам. Устод бо сабурии ба худ хос сухани манро то охир шунида, бо овози хаста изҳори сипос кард.

Ҷои зисташро пурсидам то тавонам ӯро аёдат намоям (муттаасифона, насибаи дидор набудааст). Дина рӯз занг задам бо завҷааш ва ӯ иброз дошт,ки аз тамосу аҳволпурсии шумо басо миннатдор аст ва каме ором асту хоб рафтааст. Гуфтам, ки ба ин акои азиз табрикоти рамазонии маро расонед ва расонед, ки ӯ яке аз ситораҳои дурахшону шӯълавари қишри зиёиёни тоҷик барои сад соли аз пеш меомада ва асрҳои дигар боқӣ хоҳад монд!

Онҷое,ки номи Аҳмад Зоҳир ва дигар устодон чун Муҳмадвалихони Дарвозӣ ва Найнавоз (бузургтарин оҳангсозони порсизабони 100 соли охир) садо медиҳад, номи ӯ барои мардуми порсизабонон як умр азиз хоҳанд монд. Оре, ин бузургонанд, ки номи ҳамдигарро то абад зинда нигоҳ медоранд. Ба ӯ аз даргоҳи Худованд шифои комил хостам. Воқеъан, устод Султони Ҳамад, собиқ корманди амниятӣ ва рӯзноманигор яке аз барҷастатарин ва босаводтарин кадрҳои миллии тоҷик буд.

Нафаси ӯ, қадами ӯ, роҳу равиши ӯ дар зиндагӣ озодона, покона ва ба маънои томаш тоҷикона буд! Ӯ танҳо барои миллату хушбахтии миллат мезист ва кору пайкору эҷод мекард. Воқеъан дар Аҳмадзоҳиршиносии ҷаҳон устод дар ҷаҳони муосир шахси рақамӣ як аст ва китобҳои доири ин нобиға навиштааш ӯро дар Ирону Аафғонистон, Покистону Амрикову Олмон басо машҳур намудааст.

Ҳамчун қаламкаш ва чун марди баору номус фазои кушода ва беранги иттилооти кишвар дар ин замони ҷаҳонишавӣ ӯро бетараф нагузошт ва ба хотири пур намудани фазои иттилотии кишвар ва пешгирии идеологияи бегонаи фанатикӣ ва ғарбию бешармӣ, ӯ рӯзнома ва сомонаи бисёр хуби худ "Рӯзгор"-ро таъсис дод ва дар он оиди таърихи миллат, фарҳанг, илми сиёсатшиносӣ ва иқтисодиёт , чеҳраҳои намоёни ҳунарӣ ва фарҳангии миллат ва ҷаҳон маводҳои зиёдеро чоп намуда, мардумро шефтаи ин рӯзнома ва сомона кард.

Бо ин кораш ӯ тавонист, ки андешаи ҳазорон ҷавони бекору бесаводро аз роҳҳои бади ифротгароӣ ва ҷиноӣ ба сӯи домани ватандӯстӣ кашад ва воқеъан танҳо барои ҳамин ҳатто як кораш барояш метавон ҳайкал гузошт! Дар бораи ин шахсияти бузург метавон соатҳо ҳарф зад.

Бо устод Султони Ҳамад оиди чопи мақолаҳои навбатӣ оиди Аҳмад Зоҳир, оиди таърихи дараи Вахё, шоҳигарии Дарвоз, оиди асарҳои устод Мӯъмин Қаноат, шоир Мирзо Лиқои Дарвозӣ ва таърихи эшонҳои Ёзғанд ва дигар нухбагони фарҳангу адаби тоҷик доимо дар муколлама будем ва корҳои зиёдеро низ тарҳрезӣ мекардем. Муттаасифона, марги гулчин ин ҳамаи нақшаҳоро дар нимароҳ боқӣ гузошт. Чӣ тавре, ки дар эпиграфи макола байтеро овардаам фалсафаи зиндагии устод Султони Ҳамад дар зиндагӣ танҳо некӣ кардан будааст ва бо чунин амал Аҳмад Зоҳири бузург низ дар умри кутоҳи худ сахт даст зада. Бо ибораи дигар фалсафаю мақсади зиндагии ин мардони бузурги ориёӣ дар зиндагӣ танҳо некӣ ва хидмат ба мардум будааст.

Аминам, ки ёру дӯстон, фарзандон ва шефтагони навиштаҳои ин марди бузург ва ҳунари булбули Ховарзамин Аҳмад Зоҳир роҳи ӯро давом хоханд дод! Ба ин шакке нест. Танҳо бо он қаноат мекунем, ки номи Султони Хамад дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

"Мард намирад ба марг,

Марг чу аз ӯ ном ҷӯст,

Ном чу машҳур шуд,

Мурданаш осон куҷост!"

Ин сатрҳои сурудаи андалеби боғи фарҳанги пористаборон устод Аҳмад Зоҳирро инҷо меорам ва воқеъан навиштаҳо оиди проблемаи Аҳмадзохиршиносӣ, устоди бузург Султони Ҳамадро дар доираи 200 миллион порсизабонони ҷаҳон хело машҳур ва овозадор кардааст!

Инак баъди чанде аз марги фоҷиавӣ, ғамангез ва пурфоҷиатарин қатл дар таърихи тамаддуни порситаборон устод Аҳмад Зоҳир расо чиҳил сол мегузарад, вале афсӯсу вовайло, ки устод Султони Ҳамад, ин султони қалбҳои Аҳмадзохиршиносии ҷаҳон дигар дар байни мо нест то торномаи «Рӯзгор»-ро гардиш диҳаду мақола аз паси мақола оиди ин булбули ҷавонмарги фарҳангии кишвари Ориён рӯи чоп биёяд. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бодо. Воқеъан шахси бузург дар чунин рӯзи бузурги Моҳи Шарифи Рамазон ҷон ба ҷонофарин таслим мекунад!

Ин аст асолати пиндори некӯ кирдори некӯ рафтори некӯ оини ҷавонмардӣ дар зиндагии инсон! Ёдаш ба хайру хонаи охираташ обод бод. Ҳамчунин аз чиҳилсолагии вафоти устод Аҳмад Зоҳир бо андӯҳи зиёде ёд карда, аз даргоҳи Худованди якто барои ӯ низ биҳишти баринро таманно дорем. Омин!

Варқаи Зайниддин,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1,

Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон,

шаҳри Бохтар.

(6.06.соли 2019)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi